Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу Абдураззоқов: "Ман ҳам мисли президент барои ин ватан месӯзам"


Барзу Абдураззоқов: "Ман ҳам мисли президент барои ин ватан месӯзам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00

Барзу Абдураззоқов – коргардони маъруфи тоҷик – пас аз фаъолияти сесола дар театри “Жаc Саҳна”-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ ҳадди ақал шаш соли охир дар Қирғизистону Қазоқистон зиндагӣ ва кор кардааст.

Яке аз охирин ва баҳсбарангезтарин намоишномаҳои ӯ дар Тоҷикистон “Девонагӣ. Соли 93” буд, ки соли 2009 дар театри русии ба номи Маяковскийи Душанбе ба саҳна гузошта шуд. Ин намоишнома аввал аз ҷониби мақомоти Вазорати фарҳанг манъ гардид, вале баъдан бо баъзе тағйирот, аз ҷумла дар унвонаш (“Девонагӣ. Соли 1793) рӯи саҳна омад. Аз он замон то кунун Барзу Абдураззоқов дар Тоҷикистон расман кор накардааст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG