Консули Тоҷикистон дар Кундуз Ятимшо Мусофиров ҷасади баъзе ҷангиёни хориҷиро, ки дар низоъҳои шимоли Афғонистон кушта шудаанд шиносоӣ карда гуфтааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон будани онҳоро тасдиқ карда наметавонад. Аммо мақомоти афғон мегӯянд, дар ин даргириҳо 12 шаҳрванди хориҷӣ аз Узбакистон, Тоҷикистон, Чеченистон ва Қирғизистон, аз ҷумла 3 зан кушта шудаанд. Ба сурати умум дар ҷангҳои Кундуз зиёда аз 100 ҷангҷӯи толиб ва хориҷӣ кушта шудаанд.
Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, Мусофиров аз Кундузи дар ҳолати ҷанг бо онҳо дар тамос шуда гуфтааст, ки ҷасади мардеро шиносоӣ кардааст, ки аз ҷониби мақомоти амниятии Афғонистон ба унвони раҳбари гурӯҳи ҷангиёни тоҷик бо исми эҳтимолии Мулло Мустафо муаррифӣ мешавад. “Аммо консули Тоҷикистон баъд аз дидани ҷасад гуфт, ки симои марди кушташуда ба тоҷикон аслан шабоҳат надорад ва шояд як марде аз Қафқоз бошад”, гуфт ӯ. Ба иттилои ӯ, феълан хабарҳои матбуотро дар заминаи ширкати ҷангиёни тоҷик дар рӯёрӯиҳои шимоли ин кишвар тасдиқ карда наметавонад.
Дар ҳамин ҳол, Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи идораи амнияти вилояти Қундуз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан дар байни ҷангҷӯёни кушташуда шахсе бо номи муҳандис Мустафо ҳаст, ки шаҳрванди хориҷист, вале Мулло Мустафои тоҷикистонӣ будани ӯ ҳанӯз тасдиқ нашудааст.
Абдулфайз Атоев, ки аввалин консули Тоҷикистон дар Кундуз буд ва дар ин вазифа 4 сол кор кард, мегӯяд, миёнаҳои солҳои 2000-ум ҳам замони кори ӯ дар Кундуз баъзе нуқоти ин минтақа зери назорати Толибон ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон қарор дошт. “Он замон дар ҳамон мавзеъҳои Гӯртеппа ва Имом Соҳиб ҳам Толибон қарор доштанд ва маъмулан шабона назоратро дар минтақа ба дасти худ мегирифтанд. Рӯзона бошад, дубора нирӯҳои ҳукуматӣ фаъол мешуданд”, гуфт ӯ.
Айни замон ба иттилои ӯ, ҳукумати Тоҷикистон ба ҳаводиси Афғонистони ҳамсоя ботаваҷҷӯҳ муносибат карда, омода аст пеши роҳи ҳама гуна ҳаводисро бигирад. “Марз зери назорат аст, ва дар сурати зарурӣ, Тоҷикистон аз кӯмаки муттафиқонаш ҳам дар сатҳи Иттиҳоди муштаракулманофеъ ва дигар созмонҳои шарикаш истифода хоҳад кард”, -- гуфт Атоев.
Субҳи 28 апрел, дар рӯзи чорӯми даргириҳои шадид дар манотиқи мухталифи вилояти Кундуз, вазорати умури дохилии Афғонистон эълон кард, ки як фармондеҳи Толибон дар вулусволии ноороми Имом Соҳиб кушта шудааст. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 28 апрел гуфт, ки Мулло Мустафо рӯзи гузашта ҳамроҳ бо 27 тан аз шариконаш ба ҳалокат расидааст. То кунун маълум нест, ки Мулло Мустафо як фармондеҳи афғон аст ё узви гурӯҳҳои ҳампаймони Толибон аз ҷумлаи ҷангиёни Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон ва ё "Ансоруллоҳ".
Маркази вилоят дар дасти нерӯҳои давлат боқӣ монда, амалиёти ҷангӣ дар Кундуз то кунун ба таври расмӣ оғоз нашудааст ва мақомоти баландпояи низомии Афғонистон ҳанӯз дар мавриди чигунагии амалиёти ҷангӣ баҳсу баррасиҳо доранд. Рӯзи гузашта раиси ҷумҳури он кишвар Ашрафғанӣ Аҳмадзай сафари худ ба Ҳиндро барои чанд соат ба таъхир андохт ва бо сарони нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва раҳбарони низомии Афғонистон, вазъи Кундузро баррасӣ кард.
Дар ҳоли ҳозир муовини вазири умури дохилии Афғонистон Аюби Солангӣ ва муовини вазири дифои он кишвар Муродалӣ Мурод бо 2000 нерӯи иловагӣ ба Кундуз расидаанд ва аз Мазори Шариф ҳам қувваҳои иловагӣ вориди Кундуз шудаанд.
Ҷангҳо дар вилояти Кундуз дар ҳоле оғоз шуд, ки Толибон чанд рӯз пеш эълон карданд, ки амалиёти баҳории худро дар рӯзи ҷумъаи 24 апрел оғоз мекунанд. Ҳамакнун ба иловаи вилояти Кундуз, чанд вилояти дигар дар шимоли Афғонистон, аз ҷумла Бадахшон, Форёб ва Сарипул дар нооромӣ ба сар мебаранд ва гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар ин минтақаҳо ҷангиёни хориҷӣ ҳузури густурда доранд.
Мақомоти маҳаллии Афғонистон мегӯянд, наздик ба 65 дарсади қаламрави вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон зери назорати Толибон даромадааст ва агар мақомоти Кобул чораҳои фаврӣ наандешанд, мумкин аст, ки маркази ин вилоят низ суқут кунад.
Раиси вилояти Кундуз Умар Сафӣ дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ ҳамлаи густардаи Толибони афғон ва шарикони хориҷии онҳоро ба ду минтақаи муҳими ин вилоят тасдиқ кард ва гуфт, нерӯҳои давлат дар ин ду мавзеъ -- Гӯртеппа ва Имом Соҳиб зери фишори шадиди наздик ба 3000 ҷангҷӯ ақибнишинӣ кардаанд. Вай меафзояд, дар байни шарикони хориҷии толибҳо 70 то 90 мусалаҳҳони чечен ва тоҷикистонӣ низ ҳастанд ва ҳадафи асосии онҳо аз ҷануб ба шимол кӯч додани даргириҳо ва сироят ба кишварҳои Осиёи Марказист.
Вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон марзи муштарак дорад. Дар ин минтақа гузаргоҳи байнимарзии Панҷи Поён ва Бандари Шерхон воқеъ шудааст, ки муҳимтарин гузаргоҳи марзӣ байни ду кишвар ба шумор меравад ва рӯзона даҳҳо мошини борбар молу колои тоҷиронро аз Покистону Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.