Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, баргузории тамринҳои низомии мақомоти қудратии Қирғизистон дар Бодканд кори дохилии он кишвар аст.
Фаридун Маҳмадалиев дар шарҳи ин матлаб ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти қудратии ҳар кишвар, аз ҷумла вазорати дифоъ, нақшаи чорабиниҳои соли 2014 - ро ҳанӯз соли 2013 таҳия кардааст ва ҳар чӣ имсол баргузор мешавад, аз қабл тарҳрезишуда аст. Вай афзуд: «Инҳо машқҳои васеъи низомӣ ва машғулиятҳои омодагии саҳроӣ дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ аст. Ман дар мисоли Тоҷикистон мегӯям, ки ҳамасола дар ҳудуди ҳамаи гарнизонҳо размоишҳои низомӣ роҳандозӣ мешаванд. Аз ҳамин хотир, ҳоло мо далелеро надорем, ки онҳо ба ҷанг омодагӣ мебинанд ва мо ҳам даст рӯи даст нишастаем.»
Изҳороти вазорати дифои Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯзи қабл расонаҳои қирғиз аз баргузории машқҳои муштараки низомии вазорати дифоъ ва хадамоти марзбонии Қирғизистон дар вилояти Бодканди ҳаммарз бо вилояти Суғди Тоҷикистон хабар доданд. Ҳамчунин бино ба иттилои расонаҳои қирғиз, дар макотиби навоҳии Бодканд ва Лайлаки вилояти Бодканд тамринҳои ҷузвутомҳои захиравӣ бо ибтикори вазорати дифои Қирғизистон баргузор шуд.
Ширкатдорони ин навъи тамринҳо, аз ҷумлаи афсарону сарбозони мустаъфии то 50-сола, асосҳои низоми таъмини амнияти ҳарбӣ ва мудофиаи ҳудудиро омӯхта, амалан дарси тирпаррониро ҳам гузаштанд. Ва расонаҳо мегӯянд, ин таҷриба ба хотири истифодаи зарфиятҳои инсонии захиравӣ дар таъмини амнияти иншооти стратегӣ ҳангоми ҷанг, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода будааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад: "Вазифаи ниҳодҳои захиравӣ аз посбонӣ ва таъмини интизом дар иншооти аз лиҳози стратегӣ муҳими кишвар дар ҳолати ҷанг, офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои дигари фавқулода иборат аст."
Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Қирғизистон низ дар тамрингоҳи қисми ҳарбии 30630 дар вилояти Бодканд аз 18 то 20-уми январ машқҳои тактикиеро анҷом медиҳад, ки дар онҳо тирандозии ҳақиқӣ сурат мегирад. Дар ин бора шӯъбаи таъминоти иттилоотии вазорати дифои Қирғизистон хабар додааст. Бино бар иттилои ин манбаъ, мақсади асосии размоиш такмили маҳорати фармондеҳони ҷузвутомҳо дар пешбурди амалиёти ҳарбӣ буда ва таъмини ҳамоҳангии онҳо санҷида мешавад. Ин машқҳо дар се марҳала ҷараён хоҳанд ёфт.
Хабари ин машқҳо дар ҳоле нашр шуд, ки равобити Тоҷикистону Қирғизистон давраи пуртанишеро пушти сар мекунад. Рӯзи 11 январ дар як муноқиша бар сари сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой – Тамдиқ дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, ки ба тирпарронӣ печид, 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаву қирғиз ҷароҳат бардоштанд.
Дар пайи ин даргирӣ Бишкек марзҳояш бо Тоҷикистонро баста, сафирашро аз Душанбе фаро хонд ва сатҳи сафораташро пойин овард. Ҳамин тавр, вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Душанбе се нота фиристод.
Генерал Нуралишоҳ Назаров, собиқ фармондеҳи ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бархӯрди эҳтиёткоронаи ҳукумати Тоҷикистонро «кори дуруст» ҳисобида, мегӯяд, дар чунин вазъият низомиёни қирғиз то ҷое мехоҳанд зӯри худро нишон диҳанд. Вай афзуд, рафтори низомиёни қирғиз як «воҳима» аст, зеро ҷангро надидаанд: «Худо ба он рӯз нарасонад, аммо сад дарсад итминон дорам, ки нерӯҳои низомии Тоҷикистон хеле қудратманд ҳастанд ва як метри замини кишварро нахоҳанд дод. Онҳо фикр мекунанд, ки агар воҳима кунанд, мо метарсем. Хато мекунанд. Оқибати кор ба хайр шавад, лекин ҳама баҳсҳоро бояд тариқи музокирот ҳал кунанд.»
Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нерӯҳои ин вазорат, ки дар хатти дуюми марзанд, бо марзбонони тоҷик ҳамкории зич доранд. Вай афзуд, Тоҷикистон ҳеҷ гуна нерӯеро ба марз эъзом намекунад, зеро дар ҳамаи навоҳии марзӣ қисмҳои низомии доимӣ ҷойгир ҳастанд. Ба қавли Фаридун Маҳмадиалиев, вазорати дифоъи Тоҷикистон умедвор аст, ки баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳи гуфтушунид ва бо назардошти манофеъи тарафайн ҳалли худро пайдо мекунад.