Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзугул Шарофро чанд корд зад ва пушаймон шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Орзугул Эшонкелдиеваи 20-сола, ки дар пайи як муноқиша бо корд писари ҳамсояро захмӣ кардааст, мегӯяд, ин корро қасдан накард ва танҳо ба хотири ҳимояи худ ба сӯйи ӯ корд кашидааст.

Аз муноқиша Орзугул бо Шароф Абдуллоеви 17-сола, ки ҳарду ҳам сокини шаҳраки Ҳаёти Нав дар ноҳияи Ёвонанд, Вазорати корҳои дохилӣ дар сомонааш хабар дод ва гуфт аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Худи Орзугул, ки кӯдаки 4 моҳа дорад ва айни ҳол дар боздошт нест дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи 20-уми январ рух дод.

Вай гуфт, ки барои ҳимояи бародараш, ки аз сӯйи писари ҳамсоя латту куб шуда буд, Орзугул ба назди ин ҷавон рафт ва баҳси ду нафар ба ҷанҷол ва билохира бо кордзанӣ анҷом ёфт.

Орзугул мегӯяд, писари ҳамсоя ӯро буғӣ кард ва ӯ ҳам барои раҳо кардани худ ва берун овардани нафас бо корди хурд ё чоқе, ки дар ҷайбаш буд ба бадани ҷавон зад.

Рафтам ба наздаш ҷанг шудем ва худам он ҳолат намедонам чӣ тавр шуд, ба тарафи чапаш бо корди хурди дастам задам.

“Ҳамеша бародарамро мезад, чанд бор ба хонаводааш гуфта будем, ки пеши роҳашро бигирад. Ин бор ҳам додарам бо ашки чашм омад хона ва ман, ки дигар асабам хароб шуда буд, рафтам ба наздаш ҷанг шудем ва худам он ҳолат намедонам чӣ тавр шуд, ба тарафи чапаш бо корди хурди дастам задам.”

Пушаймонӣ ва тарс аз зиндон

Орзугул мегӯяд аз ин амали худ сахт тарсидаву пушаймон ҳам ҳаст. Ба суоли ин, ки чаро ин духтар дар ҷайбаш чоқу ё корди хурд дошт, Орзугул гуфт, ин як одати ӯ аст, ва ҳамеш чоқуи хурдро, ки дар кори хона истифода мебарад, бо худ мегардонад.

Ҳодисаи кордзании Орзугул ҳоло аз сӯйи нозирони маҳалли зисти ӯ тафтиш мешавад ва феълан дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Бар асоси хулосаи тафтишоти пешакӣ ин духтар ба хотири ҳимояи худ ба сӯйи писар корд кашидааст ва қасди куштор ё захмӣ кардани ӯро надошт.

Табибон ҳам ҷароҳати бардоштаи Шароф - ҷавони кордхурдаро сабук арзёбӣ кардаанд. Комил Азизов духтури масъули табобати Шароф дар беморхонаи ноҳияи Ёвон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ аз ду ҷойи бадан - ноҳияи шикам ва дасташ корд хурдааст, аммо саломатиаш бад нест ва айни ҳол дар беморхона муолиҷа мегирад”.

Афзоиши кордкашӣ дар байни ҷавонон

Ҳарчанд ҳодисаи бо кордкашӣ анҷом ёфтани муноқишаҳои ҷавонону ноболиғон дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овардааст, аммо дар ин авохир Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҳодисаҳои даст ба ҷиноят задани занону духтарон аз ҷумла кордкашии онҳо ҳам хабарҳо нашр мекунад. Маъмулан чунин ҳодисаҳо омилҳои иҷтимоӣ доранд ва ба мушкилот ё кадом низое дар хона рабт дода мешаванд.

Ман худам ҳам шавҳар надорам ва ҷойи кор ҳам надорам. Зиндагиро бо азоб пеш мебарем. Боз инам омад пеши мо.

Наздикони Орзугул ҳам, ки як соли пеш оиладор шуда буд, мегӯянд, ӯ зиндагии оилавии хуб надошт ва ду ҳафта пеш баъди як ҷанҷоли хонаводагӣ қаҳр карда, ба хонаи модар омад.

Ӯ падар надорад ва модараш ҳам ҷойе кор намекунаду зиндагиашон ба сахтӣ мегузарад. Қошқул Ҷайсанова, модари Орзугул мегӯяд, ин ҳама мушкилу носозгориҳои оилавӣ духтарашро нороҳат ва асабонӣ карда буд. “Дар хонаи хушдоман зиндагиаш соз набуд. Ба ӯ гуфтаанд, кӯдакатро гиру рав аз хона. Пул ҳам надоштаст ва пиёда аз қишлоқи дигар ба хона омад бо кӯдак. Ман худам ҳам шавҳар надорам ва ҷойи кор ҳам надорам. Зиндагиро бо азоб пеш мебарем. Боз инам омад пеши мо.”

Ба гуфтаи ин модар, хонаводаи ҷавоне, ки баъди муноқиша бо Орзугул, ҳоло бо ду зарби корд дар беморхона бистарӣ аст, аз онҳо ҷубронпулӣ талаб доранд. Дар акси ҳол гуфтаанд, ба мақомоти болоӣ аз рӯйи ин ҳодиса шикоят хоҳанд бурд.

Пули табобатро биёранд, даъво намекунем

Ғанишер Абдуллоев, бародари ҷавони ҷабрдида мегӯяд, барои муолиҷаи Шароф онҳо ба пул ниёз доранд ва агар ин пул аз ҷониби Орзугул пардохт шавад, онҳо омодаанд ба хотири кӯдаки навзодаш аз гуноҳи ӯ бигзаранд. “Ҷароҳат сабук ҳаст ё нест, дасташро дӯхтанд, шикамашро ҳам бояд бидузанд. Табибон гуфтанд пул даркор аст”- мегӯяд, Ғанишер Абдуллоев.

Орзугул ҳам, ки ба гуфтаи худаш аз тарс ва барои ҳифзи ҷони худ ин корро кард, дар ҳоле, ки дар сӯҳбат бо мо ашк мерехт гуфт, ӯ чизе надорад ва худашу фарзанди 4-моҳааш як сарборӣ барои модаранд. Намедонад чӣ гуна ин маблағро бармегардонад.

Ҳодисаи кордкашии Орзугули 20-сола ба сари писари ноболиғи ҳамсоя, ки ҳоло тафтишаш идома дорад, дар ҳолест, ки ду моҳи пеш мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Ёвон ду хоҳари 23 ва 26-соларо барои корд кашидан ба сари як ҷуфти калонсол дастгир карда буд. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ ин хоҳарон бо сабаби хусумати оилавӣ ба хонаи ҳамсояи худ даромада зану марди соҳибхонаро лату кӯб намудан чанд корд заданд.

XS
SM
MD
LG