Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намои ҳунари косибони тоҷик


Рӯзҳои 14-15 декабр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе намоишгоҳи зимистонаи ҳунарҳои дастӣ ё косибӣ баргузор шуд.

Ин намоишгоҳ аз ҷониби Маркази фарҳангии «Бохтар» ташкил гардида, гуфта мешавад, ҳадафи аслии ин намоишгоҳ ҳунари дастии косибон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон "эҳё ва густариши ҳунармандии мардумӣ ва эҷоди фазои мусоид барои бозоргир кардани маҳсули косибон" аст.

Мастура Асоева, сокини ноҳияи Ваҳдат, ки 15 сол боз бо аҳли хонаводааш ба бофтани сабад машғуланд, мегӯяд, ният дорад, ба наздикӣ корхонаи сабадбофии худро ташкил карда, занҳои бекори деҳаашонро ба кор таъмин намояд. Аммо хонум Асоева мегӯяд, барои пурра сохтани ин корхона ба дастгирӣ ниёз дорад.

Намоиши маҳсули ҳунари косибони тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
Линки мустақим

Ба қавли ин хонум, хароҷоти сохтмони бинои корхона, маблағи андоз ва парвариши дарахтон барои чӯби сабад хеле гарон меафтад: «Агарчанде арзиши сабадҳо аз 5 сомонӣ то сад долллари амрикоист, аммо хароҷотамон хело гарон аст. Ҳамин қадар, ки зиндагиямонро пеш мебарем. Шукри Худо, кӯдаконамон бе нон намемонанд. Агар арзиши сабадҳоро каме гаронтар кунем, мардум қимат аст гуфта, камтар мехаранд. Аммо мардуми хориҷӣ зиёд харидорӣ мекунанд. Аз тоҷикҳо дида, онҳо бештар ба ин навъи сабадҳо таваҷҷӯҳ доранд.»

Сарвиноз Ҳоҷиева, як бинандаи намоишгоҳи ҳунарҳои косибӣ мегӯяд, ташкили ин чорабинӣ бори дигар нишон дод, ки дар Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ то куҷо рушд кардааст. Зеро молҳои дастӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик пешкаш шудаанд, бемаҳдуд аст.: «Масалан ман барои мондани табақ рӯпӯши махсус пайдо кардам ,ки дар бозор ин гуна чизҳоро пайдо кардан ғайри имкон аст. Ин барои тӯҳфа ҳам хеле чизи хуб аст.»

Акбар Ҳайдаров беш аз сад навъи нишону медалҳои Шӯравии пешинро ба маърази тамошо гузоштааст. Ба гуфтаи бобои Акбар, ҳадафи вай ошно кардани насли ҷавон ба таърихи Шӯравии пешин мебошад. Вай мегӯяд: «Ҳарчанд мақсади мо ошно кардани насли ҷавон бо медалу нишонҳои Шӯравист, аммо ҷавонон ба ин гуна чизҳо таваҷҷӯҳи зиёд надоранд. Бештари харидорони мо насли даврони худи Шӯравиянд, ки он замонро ба хотир оварда, чизе харидорӣ мекунанд.»

Тавре бобои Акбар мегӯяд, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва тангаҳои солҳои Шӯравӣ аз як сомонӣ шурӯъ шуда, то сад сомонӣ арзиш доранд.

Аммо тавре дар намоишгоҳ ба назар расид, аз мардуми тоҷик дида, мардуми хориҷӣ ва сайёҳон бештар таваҷҷӯҳ доштанд. Ҳатто бархе аз онҳо низ аксҳои бардоштаи худро аз манотиқи тоҷикистон ба савдо ва намоиш гузошта буданд.

Зимнан дар намоишгоҳ маҳсули кори беш аз 80 нафар ҳунармандон ё косибони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуда, наздики 500 навъи либосу, асбобҳои мусиқӣ, ҳалқаву мӯҳра ва корду дигар ашёҳои рӯзгор пешкаши бинандаҳо гардонида шуд.
XS
SM
MD
LG