Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нодиртарин сулолаҳои косибӣ дар Тоҷикистон


Масъулин мегӯянд, воқеан ҳам ҳунарҳое, ки дар ин ду рӯз пешкаши мардум гардид, дар ҷаҳон назир надоранд. Намояндагони ҳунарҳои хонаводагии мардумӣ, ки тақрибан комилан нест шудаанд, охирон нафароне будаанд, ки аз сартосари кишвар ба Кӯлоб ташриф оварданд. Дар ин зимн, Дафтари шветсариёвӣ оид ба рушд тасмим гирифтааст, ин ҳунарҳоро ҳифз ва эҳё намояд. Ин созмон ҳамзамон устохонаҳои ин ҳунарҳоро дар назди намояндагони охирони сулолаҳои косибӣ таҳти унвони «Устод ва Шогирд» таъсис додааст.

Лоиҳаи «Устод ва Шогирд» ҳамакнун дар кишвар даҳҳо номгӯй ҳунарҳои мардумиро кӯмаки молӣ ва дастгирии маънавӣ дорад. Нахустин мактабе, ки шомили ҳамин лоиҳа аст, мактаби созҳои миллии усто Абдураҳмон Муродов мебошад. Шогирдони ин мактаб мегӯянд, «Даҳҳо навъ асбобҳои миллие, ҳамчун таблу дафу думраву дутору ҷиғғак меофаранд». Тафриқаи мактаби усто Абдураҳмон аз дигарон ин аст, ки дар устохонаи ӯ асбобҳои созии хеле кӯчаки баробар ба як ангушт сохта мешаванд.

Ва аммо мактаби хонаводагии Усто Мирзо Мансуров воқеан нодир аст. Ба иттилоъи худи усто дар тамомии Осиёи Марказӣ, ва табиист, ки дар дигар гӯшаҳои олам низ, ин касб аз байн рафтааст. Усто Мирзо ягона нафарест, ДАР ҶАҲОН(!) ки карнайу сурнай месозад: «Дар саросари Осиёи Марказӣ дигар устое намондааст, ки карнайу сурнай созад. Мо охирон намояндаи сулолаи карнайсоз дар Истаравшанем»

Коршиносон мегӯянд, агар ин мактаб, ки 700 сол боз ҳамин табор онро кашида, то ба имрӯз овардааст, аз байн равад, ҳунари карнайсозӣ ҳам маҳв мегардад.

Ва аммо ҳунари шонасозӣ, ки то солҳои 70 асри 20 зиёд ба чашм мехӯрд, тӯли ду даҳсолаи ахир тақрибан нест шуд. Мактаби усто Икромҷон Ғафуров ҳамакнун ба гурӯҳи ҳунарҳои ангуштшумор шомил аст. Шогирдони ин мактаб, ки тавассути маблағгузории дафтари шветсариёвӣ оид ба ҳамкорӣ маош мехӯранд, мегӯянд: «Падар, тағо, бародар, амак ва рафиқи мо ҳамин усто Икромҷон аст. Мо дар хонаи ӯ бузург шудаем ва солҳои тӯлонӣ аз ӯ дарси маҳорат мегирем»

Танҳо ин далел, ки барои сохтани як шона устоҳо аз 22 амалиёт кор мегиранд, кофист, ки аксари устоҳо аз ин ҳунар даст шӯянд.

Вале бешубҳа нодиртарини мактабҳои ҳунари хонаводагӣ- мактаби читгарони Мирамин Саидов аст, ки тӯли ним асри охир назир надорад! Ӯ мегӯяд, «Ҳастанд афроде, ки пурсӣ мегӯянд, мо аз авлоди читгаронем, аммо аз ҳунари читгарӣ бехабаранд. Танҳо хонаводаи мо мондааст, ки чит месозем. Ман, се бародарам ва писаронам аз ин ҳунар огоҳӣ дорем, тамом!»

Сарвари охирон сулолаи читгар дар олам мегӯяд, барои рӯи кор овардани як матои рангини чит то 3-4 моҳ заҳмати сангин мекашад. Ва аммо дар чити тоҷикӣ, ки саршор аз ранг аст, ягон навъ ранги кимиёвӣ истифода намебаранд. Рангҳои читгарон аз гиёҳ омода мегарданд.

Мактаби заргарии Ҳасан Шоҳинов, маъруфтар ба мактаби Майрами Заргар низ беназир аст. Заргарони хонаводаи Марям усулан дастпонаву мӯҳраву гарданбанду нигинҳое меофаранд, ки дар дигар гӯшаи диёр аслан дида намешавад. Ва аммо нодирияти ин мактаб дар рӯи кор овардани тӯморҳои нуқрагин бо изофаи рамзҳои ориёист:

«Тӯмори нуқракӯби бо нохуни гург оро дода дорем, ки онро танҳо дар Кӯлоб истифода мебаранд. Масалан, дар Афғонистон қабоили пашту ҳини таваллуди писар тиркушоӣ мекунанд, ки фарзанд ҷасуру шикорчӣ шавад. Дар Кӯлоб писар таваллуд шуд, дар гоҳвора ва сипас дар кӯлоҳи ӯ ҳамин нохуни гурги нуқракӯбро мегузоранд, то фарзанд далер, шуҷоъ, шердил ва нотарс ҳамчу гург бошад»

Вижагии мактабҳои хонаводагии «Устод ва Шогирд» ин аст, ки чун дар аҳди қадим шогирд пурра ба хонаи устод мегузарад, аз ҳисоби дастмузди садри хонавода обу нон мехӯрад ва шабу рӯз ҳамин ҳунарро меомӯзад. Ва аммо ҳунарҳои нодире ки номбар шуд, аз устодону шогирдон на танҳо заҳмату ҳиммат, балки завқи баландро талаб доранд. Ин аст, ки аксари устоҳо ҳам суруд мехонанд, ҳам раққосанд ва ҳам шоир
XS
SM
MD
LG