Тоҷикистон 20-солагии Қонуни асосии худро ҷашн мегирад. Тибқи як нақшаи умумӣ мансабдорони Тоҷикистон дар ҳамоишу ҷаласаҳои идона ширкат мекунанд ва силсилаи мақолаҳои онҳо дар матбуот ба нашр мерасад. Дар ҳама ҷо аз Сарқонун ситоиш мешавад ва додситоне онро “яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон” унвон кардааст.
Аксари ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, Қонуни асосии Тоҷикистон тавонист дар 20 соли гузашта пойдевори ҳуқуқии як кишвари мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро фароҳам орад. Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон,Маҳмадалӣ Ватанов мегӯяд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 20 сол тавонист, ки ба шоҳсутуни қонунгузории Тоҷикистон шавад ва дар эъмори ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон нақши калидӣ бозад.” Аммо аксарият бар инанд, ки эътибори ин санади бунёдӣ ба иҷрои амрҳои он бастагӣ дорад ва бархе ҳам мегӯянд, яке аз тағйиру иловаҳо ба он нақши созанда надоштааст.
КУҲНА МАҲБУБТАР АЗ НАВ
Ҳамон гуна ки одамон гоҳе либос ё ашёи куҳнатари худро беҳтар аз нав мешуморанд ва баъзан гуфта мешавад, ки нав на ҳамеша сифатҳои хуби куҳнаро дорад, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон Сарқонуни соли 1994-ро беҳтар аз оне медонанд, ки ҳоло мавҷуд аст.
Вақте раҳбари гурӯҳи кории таҳияи ин санад -- Абдулмаҷид Достиев мегӯяд, ки тарҳи соли 1994 комилтар буд, шояд касе гумон мекунад, ҳар муаллиф асари худро беҳтар медонад. Аммо таҳлилгари мустақил Раҷаби Мирзо низ ин нуктаро тасдиқ мекунад ва мегӯяд: “Вақте Қонуни асосӣ қабул мешуд, дар он ғаразҳое ба ҷуз аз ғаразҳои умумимиллӣ ҷой надошт, аммо вақте ислоҳот пеш омад, ин санад ҳадафи бозиҳои пасипардагӣ шуд ва ҳам дар соли 1999 ва ҳам 2003 ҳар кас, ки мехост, тавонист, ғаразу манфиатҳои гурӯҳии худро пеш бигзорад.”
Аз тағйиру иловаҳои моҳи сентябри соли 1999, баъд аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи таъсис додани ҳизби диниро ба даст оварданд. Баъд аз назархоҳии соли 2003 тӯли давраи раёсатиҷумҳурӣ тағйир ёфт.
Ин дигаргуниҳо, ба ақидаи ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов ҳам мусбат буданд ва ҳам манфӣ: «Ҷиҳати мусбат ин буд, ки мӯҳлати президентӣ ба 10 сол дар ду давра маҳдуд шуд ва шахс ҳақ надошт, бори савум номзад шавад. Порлумони касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, вале ташкили палатаи болоии "таъинӣ" ва ҳам коҳиши шумораи вакилон онро заъиф гардонд. Хатои стратегӣ ин буд, ки бо баҳонаи раъйпурсӣ заминаи иштироки давомдори раисиҷумҳурро дар интихобот ба вуҷуд оварданд ва дар натиҷа Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо кард, ки 20 сол раисиҷумҳури Тоҷикистон бошад.»
Бо ишора ба пайомадҳои ин ислоҳот, собиқ раҳбари нависандагони Сарқонун Абдулмаҷид Достиев моҳи марти соли 2013 дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе ислоҳоти конститутсионии соли 1999-ро пешниҳоди Комиссияи Оштии Миллӣ номид ва гуфт, имкони напазируфтани он дар миён набуд. Ҳарчанд ӯ “борро бар дӯши мухолифони давлат мегузорад ва мегӯяд, баъдан раҳбари иттиҳоди онҳо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гӯё бо пушаймонӣ эътироф кардааст, ки ин ислоҳот қонунро ба “вайронӣ” кашонд, мухолифон мегӯянд, ҳукумат онҳоро фирефт.
МУШКИЛОТИ АСОСИИ ҚОНУНИ АСОСӢ
Шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, тазоди қонуну муқаррароти ҷорӣ ва санадҳои меъёрӣ бо амрҳои Қонуни асосӣ сабаб шудааст, ки бархе аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар рӯйи коғаз ва дастнорас боқӣ монанд. Созмонҳои байнулмилалӣ низ дар гузоришҳои худ мегӯянд, Сарқонуни Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқ ва озодиҳои зиёдеро замонат медиҳад, аммо дар амал ҳукумати иҷроӣ аз дастрасии онҳо ба ин озодиҳо пешгирӣ мекунад.
Раҷаби Мирзо мегӯяд, ҳарчанд банди 29-и Қонуни асосӣ ба шаҳрвандон ҳаққи ширкат дар гирдиҳамоӣ, намоиш ё раҳпаймоии осоиштаро медиҳад ва ин як вокуниши мадании аҳолӣ ба ин ё он воқеият шумурда мешавад, дар асл бо истифода аз тамоми василаҳо ин ҳақ аз мардум гирифта шудааст. Вай меафзояд: “Шаҳрвандон ҳаққи интихоб кардан ё интихоб шудан доранд, аммо дар интихоботҳо ҳазору як найранге сурат мегирад, ки дар натиҷа мардум наметавонанд, аз ин ҳаққи худ истифода кунанд. Ё ҳуқуқҳои иҷтимоӣ. Инҳо низ ҳама идомаи он ғаразҳое ҳастанд, ки ба рӯҳия ва матни Қонуни асосӣ ворид карда шуданд.”
Ба ақидаи раиси пешини Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон Ашӯрбой Имомов мушкили асосӣ дар он аст, ки "бо вуҷуди талаби Қонуни асосӣ мустақилияти шохаҳои қудрат таъмин намешавад ва қудрати иҷроӣ, ки одатан дар ҳамаи кишварҳо қавитару фаъолтар аст, тавре амал мекунад, ки истиқлолияти шохаҳои дигари қудратро халалдор мекунад.”
Вақте ки қонун бо вуҷуди бархе аз каму костиҳояш як санади хуб номида мешавад ва аммо амрҳои он ба иҷро намерасанд, бархе аз шаҳрвандон мегӯянд, бояд ниҳоди вижае ба иҷрои он назорат барад. Аммо чунин ниҳоди вижа, бар иловаи худи раисиҷумҳур, порлумон, додситонии кул, Шӯрои адлия, низ вуҷуд дорад ва он Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон аст, ки ҳамин Сарқонун ба вуҷуд овард. Дар бисёре аз кишварҳои аъзои он якумриянд ва ин истиқлоли онҳоро таъмин мекунад. Дар Тоҷикистон раис ва 6 узви онро бо пешниҳоди раисиҷумҳур порлумон барои 10 сол тавсиб мекунад. Салоҳиятҳои ин додгоҳ барои таҳкими қонунмандӣ ва татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ истисноиянд.
Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, Маҳмадалӣ Ватанов, ки муддате низ довари Суди конститутсионии Тоҷикистон будааст, нақши онро дар низоми ҳуқуқии кишвар муассир мехонад. Вай мегӯяд: “Маҳз зимни ҳалномаҳои Суди конститутсионии Тоҷикистон порлумони кишвар баъзе аз санадҳои меъёрию ҳуқуқиро тағйир дод ва иҳлос кард. Он ҳамчунин муроҷиати бисёре аз шаҳрвандон ва шахсҳои ҳуқуқиро ҳал намуд.”
Аммо бархе аз муроҷиаткунандагон, ба монанди Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, ки аз фишор ба аъзои худ шикоят бурда буд, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров, ки ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботро ғайриқонунӣ хонд, созмони "Ампаро", ки аз тазоди қонунҳои кишвар ба Қонуни асосӣ ҳарф зад, мегӯянд, Додгоҳи конститутсионӣ мисли додгоҳҳои дигари кишвар мустақил нест. Дилрабо Самадова, ки бо аризаи созмони "Ампаро" ба ин ниҳод руҷӯъ карда буд мегӯяд: «Ман аз Суди конститутсионӣ умеди зиёд доштам, вале маълум шуд, ки он ҳам як бахши ҳамин система аст ва чигунагии адлияи додгоҳиро дар кишвар ҳама хуб медонанд. Ман гумон доштам, ки дар суди конститутсионӣ адолат бештар аст, аммо онро надидам.”
ҲАРОС АЗ ИСЛОҲИ НАВБАТӢ
Вақте аз шаҳрвандони Тоҷикистон пурсида мешавад, ки оё Қонуни асосии кишвар ба ислоҳу такмили бештар ниёз дорад, ҳама дафъатан изҳори ҳарос мекунанд, ки қудрати иҷроия ҳама гуна ислоҳоти конститутсиониро ба манфиати худ истифода хоҳад кард.
Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, “дар соли 2020 мӯҳлати раёсатҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон ба поён мерасад. Бино бар Қонуни асосии Тоҷикистон баъд аз он ӯ дигар ҳақ нахоҳад дошт, ки дар интихоботи президентӣ номзад шавад. Аммо ташаббускороне дар ҳоли омӯхтани ин масъала ҳастанд, ки чӣ гуна мешавад, заминаи қонунии чунин ширкатро ба вуҷуд овард.”
Ба ақидаи таҳлилгари мустақил Раҷаби Мирзо, бархе аз сару садоҳо дар бобати такмили Сарқонун ба назари ӯ шубаҳангез ва то ҷое тарсоваранд. Вай зарурати ислоҳоти навбатии конститутсиониро рад намекунад, аммо меафзояд, аз эҳтимол дур нест, дар канори чанд пешниҳоди мусбат ё шояд камаҳамият ин ислоҳот барои ҳадаф ва ғаразҳои дигаре истифода шавад. “Ҳамин Сарқонуни, бигзор номукаммал, алҳол барои кишвар кофист, ки роҳро идома диҳад ва танҳо баъд аз он ки як ислоҳоти густардаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷараён ёфта, натиҷа диҳад, мешавад, дигарбора ба масъалаи такмил ва беҳбуди Сарқонун баргашт.”