Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дахолати давлат - як мушкили умдаи бонкҳои Тоҷикистон


Муовини нахуствазири Тоҷикистон мегӯяд, давлат дигар бонкҳои тиҷориро муваззаф нахоҳад кард, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ қарз бидиҳанд.

Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон шоми 12-уми июн дар маросими ифтитоҳи Бюрои кредитии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Ҳаят риҷенси Душанбе» гуфт: «Мо ӯҳдадорӣ гирифтем, ки бонкҳои тиҷориро дигар барои додани қарзҳои ҳадафмандона водор нахоҳем кард. Агар барои давлат ин чиз зарур шавад, мо ин корро дар асоси қонунҳои иқтисоди бозорӣ бо воситаи вазорати молия анҷом хоҳем дод. Дигар давлат ба умури бахши молиявӣ дахолат нахоҳад кард.»

Манзури ҷаноби Алимардон қарзҳоест, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пахтакор аз бонкҳо гирифта, дар баргардондани онҳо мушкилӣ мекашанд. Бонкҳо бошанд дар навбати худ аз ин ҳолат зарари молиявӣ мебинанд.

Муродалӣ Алимардон афзуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар гирифтани вом озодии комил доранд ва аз якчанд сарчашма қарз гирифта, дар баргардони он ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Ба гуфтаи вай, таъсиси Бюрои кредитии Тоҷикистон дар амри ҷамъоварии маълумот нисбати қарзгирандаҳои каммасъулият ба бонкҳо кумак хоҳад кард.

Изҳороти оқои Алимардон як рӯз баъд аз он садо дод, ки Улф Ҳиндстром - роҳбари дафтари Бонки бозсохт ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, дахолати давлат ба кори бонкҳои тиҷоратӣ аз мушкилоти аслии бахши бонкии кишвар аст. Ба гуфтаи ҷаноби Ҳиндстром, бархе аз мансабдорон дар Тоҷикистон ба бонкҳо барои ҷудо кардани кредит дастур медодаанд. Ӯ бо такя ба маълумоти Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтааст, дахолати давлат ба умури бонкҳо ба вазъи молии чанд бонк осеби ҷиддӣ ворид карда ва ин монеи ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ бо бонкҳои маҳаллӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дахолати давлат ба сиёсати бонкҳо боис шуд, ки яке аз калонтарин бонкҳои кишвар, “Агроинвестбонк” дар вартаи муфлисшавӣ қарор бигирад. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, чанд моҳ пеш гуфта буд, ки давлат барои наҷоти «Агроинвестбонк» 200 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда, қисме аз саҳмияҳои ин бонкро харидааст ва ҳамакнун саҳми ҳукумат дар ин бонк то 51 дарсад мерасад.

Ба дунболи он ки хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон аз ширкатҳои фючерӣ наздики 500 миллион доллар қарздор шуданд, давлат шеваи сармоягузории пахтакоронро дигар кард. Ҳукумати Тоҷикистон пардохти ин қарзҳоро бар уҳдаи худ гирифта, ба бонкҳои тиҷорӣ аз соли 2007 ба ин сӯ 41 миллион доллар ҷудо кардааст, то онҳо хоҷагиҳои деҳқониро сармоягузорӣ кунанд.

Бонкҳои тиҷоратӣ таҳти фишори ҳукумат ба хоҷагиҳои бе ин ҳам қарздори деҳқонӣ кредит доданд, вале ин хоҷагиҳо дар баргардонидани вом боз ба мушкил дучор шуданд

Маратҷон Вафоев, муовини раиси «Агроинветсбонк» мегӯяд, бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон имкони додани қарзҳои имтиёзнокро махсусан дар муддати тӯлонӣ надоранд: «Ба андешаи шахсии ман, дар кишвари мо барои сармоягузорӣ кардани барномаҳори давлатӣ ташкилоти махсуси қарздиҳӣ зарур аст. Барои он ки ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон бинобар набуди рейтинги байналмилалии эътибори молӣ имкони ҷалби «пулҳои дароз»-ро аз хориҷ надоранд. Бино бар ин, ба назари мо, ин мушкил танҳо замоне ҳал мешавад, ки як ташкилоти махсусии қарздиҳӣ таъсис ёбад, ки танҳо ба сармоягузории барномаҳои давлатӣ машғул мешавад . Аммо ҳоло ин чиз нест ва фишор болои ташкилотҳои қарздиҳӣ ҷой хоҳад дошт.»

Ҳоло дар Тоҷикистон 16 бонки маҳалливу хориҷӣ фаъолият мекунанд. Сармояи умумии ин бонкҳо дар ҳоли ҳозир беш аз 6 миллиард сомонӣ гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG