Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе: Боздошти "полковник аз Тоҷикистон" дар Миср асос надорад


Шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср
Шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср

Мақомоти Тоҷикистон хабари дар Миср бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” боздошт шудани “полковники собиқи артиш аз Тоҷикистон”-ро рад карданд.

Мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, хабаргузориҳо зимни нашри хабари аз сӯи мақомоти Миср бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони тундрави “Давлати исломӣ” дастгир шудани як полковники собиқи артиш аз Тоҷикистон ба ҳангома роҳ додаанд.

Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, " Расонаҳо дар ин қазия ба иштибоҳ роҳ додаанд. Ин хабар дар асл аз соли гузашта ва кӯҳна аст."

Қаблан хабаргузориҳо бо такя ба ду нашрияи мисрӣ - “Ал-Явм- ас-Сабӣ” ва “Ал-Мисрӣ-ал-Явм” хабар доданд, ки мақомоти интизомии Миср як шӯъбаи созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар Миср аз байн бурда, дар дар канори пойтахти Миср, шаҳри Қоҳира, 7 нафар – як шаҳрванди худи Миср ва 6 хориҷӣ, бо шумули як полковник(сарҳанг)-и собиқи артишро, ки гӯё аз Тоҷикистон будааст, дастгир кардаанд. Ҳамчунин дар ин амалиёт як тоҷири арманӣ ва зодагони Беларус, Эрон, Сурия ва Сербия дастгир шудаанд.

Бино ба гузоришҳои нашршуда, аз аъзои ин гурӯҳ компутарҳои дастӣ бо маводи ифротӣ ва наворҳои тамрини ҷангиёни “Давлати исломӣ”, аслиҳа, либоси артиши ва пулиси Миср, маводи электронӣ барои сохтани бомбҳои худсохт ва маблағҳои бузург бо асъори хориҷӣ ва фунти мисрӣ ёфт шудаанд. Додгоҳи минтақаи Ҷиззаи Миср, бино ба хабарҳо, рӯзи 26 октябр ҳукми ҳабси ин 7 нафарро ба муддати 45 рӯз содир кардааст.

Нашрияҳо аз қавли мақомоти Миср менависанд, ки гӯё аъзои ин гурӯҳ муҷтамаи сайёҳӣ дар атрофи аҳромҳо, шаҳраки матбуотие, ки қароргоҳи чандин шабакаи телевизионии моҳвораист, ва ҳам биноҳои додгоҳҳо, вазоратҳо ва иншооти нирӯҳои амниятии Мисрро назорат мекарданд ва зоҳиран қасди анҷоми ҳамлаҳо дар ин кишварро доштанд. Онҳоро ҳоло ба таъсиси созмони террористӣ бо дастури раҳбарони “Давлати исломӣ” ва созмони маҳаллии “Ансор Байт-ал-Мақдис”, ки низ аз муттаҳидони “Давлати исломӣ” шумурда мешавад, айбдор мекунанд.

Мақомоти амниятии Миср аз ин қабл 4 шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 19-уми сентябри соли 2014 дастгир ва баъдан онҳоро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” муттаҳам кардаанд. Расонаҳои мисрӣ навиштанд, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаи саёҳат, вале дар асл бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба ҳайати созмони “Давлати исломӣ”ба Қоҳира омадаанд.”

Яке аз ин ҷавононро аввали ҳамин сол озод карданд ва ӯ ба Тоҷикистон баргашт. Расонаҳои мисрӣ навиштанд, ки ҳангоми ҷустуҷӯи мошини кирокардаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷиза, маҳалли аҳромҳои маъруфи Миср, як корд, либоси низомӣ ва маводи марбут ба созмони “Давлати исломӣ” кашфу мусодира шудааст. Аммо чанд донишҷӯи тоҷике, ки дар Қоҳира таҳсил мекунанд ва аз ин қазия огаҳанд, мегӯянд, ки боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон тасодуфе беш нест.

"Давлати исломӣ" як созмони тундравест, ки соли гузашта бахши аъзаме аз қаламравҳои Ироқу Сурияро тасарруф кард. Ин созмон бо қатлҳои бераҳмонаи мухолифон ва асиронаш ном баровардааст ва иддаои сохтани "хилофат"-и воҳид дар саросари дунёро дорад. Бисёре аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, ин созмонро ба "рӯйхати сиёҳ"-и созмонҳои ифротиву террористӣ шомил кардаанд.

Бино ба оморҳо, беш аз 600 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ин гурӯҳи тундрав пайваста, то имрӯз 150 нафари онҳо дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG