Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руҳониён дар театр. Тамошои "Обу оташ" ба муллоҳои тоҷик ҳатмӣ шуд


Мақомоти умури дин дар Тоҷикистон имому имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро ба тамошои ҳатмии як намоишнома ба театр ҷалб мекунанд. Бо дастури Кумитаи дини Тоҷикистон, руҳониён муаззаф шудаанд, ки намоишномаи тозаэҷоди “Обу оташ”-ро бубинанд.

Дар баъзе аз лаҳзаҳо, замоне ки нафаре аз қаҳрамонони намоишнома даст ба хилофкорӣ мезад, аз толор нидоҳои “астағфируллоҳ” ва “наузубиллоҳ” баланд мешуд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, руҳониён махсус барои тамошои “Обу оташ” ба театр ҷалб мешаванд. “Нахуст имом-хатибони масҷидҳои Ҳисору Турсунзода дар театри ноҳияи Шаҳринав ҷамъ шуда, ин намоишномаро тамошо карданд”, - афзуд ӯ.

Қабл аз ин, кулли кормандони Кумитаи дин ҳам дар театри драмавии ба номи Лоҳутӣ лар шаҳри Душанбе намоишро тамошо кардаанд. Мақомоти Кумитаи дин мегӯянд, дар фурсатҳои наздик имом-хатибони масҷидҳои дигар шаҳру ноҳияҳоро низ ба тамошои ин намоиш ба театрҳо ҷалб мекунанд.

Афшини Муқим
Афшини Муқим

Намоишномаи “Обу оташ”-и Мансур Суруш як драмаи иҷтимоӣ аст, ки нахустнамоиши он моҳи феврали имсол дар театри ба номи Лоҳутӣ сурат гирифт. Ин драмаро ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Шералӣ Абдулқайсов ба саҳна гузоштааст. Ба гуфтаи таҳиягарон, намоиш дар бораи зарурати ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи дунявӣ қисса мекунад ва хурофоти диниро мавриди мазаммат қарор медиҳад.

Яке аз қаҳрамонҳои намоиш зани журналистест, ки барои хушбахтиву озодии занон мубориза мебарад, аммо дар ин роҳ ба мушкилу монеаҳо дучор мешавад. Нақши зани журналистро дар ин намоишнома Саодат Азизова, ҳунарманди театри Лоҳутӣ бозидааст.

"Обу оташ"-ро Мансур Суруш, журналист ва нависандаи тоҷик, таҳия кардааст
"Обу оташ"-ро Мансур Суруш, журналист ва нависандаи тоҷик, таҳия кардааст

Яке аз иштирокдорони намоишнома, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, дар баъзе аз лаҳзаҳои ҳассос, замоне ки нафаре аз қаҳрамонони намоишнома даст ба хилофкорӣ мезад, аз толор нидоҳои “астағфируллоҳ” ва “наузубиллоҳ”-и тамошбинон баланд мешуд.

Дар намоишномаи “Обу оташ” ҳунармандон Носир Ҳасанов, Муҳаммадҷон Шодиев, Саодат Азизова, Зулхумор Иброҳимова, Асалбек Назриев, Ортиқ Қодиров, Бобоҷон Ҳасанов, Муҳаммадӣ Мирзовлиев ва Сония Наврӯзова нақш офариданд. Мусиқиҳои ин намоишномаро Далер Назаров овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик офаридааст.

Аз ин пеш, баҳори соли гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дастур дода буд, ки ҳар кадом милисаи тоҷик ҳадди ақал дар як моҳ як бора ба театр равад. Ин дастур баъди он содир шуд, ки Раҳимзода ҳамроҳи як ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба тамошои намоишномаи "Чархи гардон"-и Нур Табаров ба театри Лоҳутӣ рафта буд.

XS
SM
MD
LG