Додгоҳи олии Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), рӯҳонии шинохта ва воизи маъруф дар авоили солҳои 90-умро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Як манбаи наздик ба парванда дар Додгоҳи олӣ рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи ниҳоии Саид Қиёмиддини Ғозӣ ҳудуди 10 рӯз қабл дар Боздоштоҳи муваққати рақами яки Душанбе паси дарҳои баста баргузор шуд.
"Вақте бармегашт, ҳамроҳаш боқимондаи ҳамон маблағ (беш аз 10 ҳазор доллар) ва ҳамчунин ду телефони ҳамроҳ ва як компютер дошт ва ин ҳама мусодира шуда, ба ҳисоби давлат гузаронида шудаанд."
Ба гуфтаи манбаъ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ", айбдор дониста шудааст.
Вакили дифоъ Зафар Расулов, ки аз сӯи мақомот барои ҳимоят аз ҳуқуқи Саид Қиёмиддини Ғозӣ таъйин шуда буд, рӯзи 31-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз оғоз то анҷоми мурофиаҳои додгоҳӣ, парвандаи зерҳимояаш махфӣ буд ва аз ин рӯ оид ба ҷузъиёти он шарҳ дода наметавонад.
Ҳанӯз маълум нест, Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба ин иттиҳомот эътироф кардааст ё не. Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонии тоҷик бидуни ширкати наздикони ӯ доир шудааст. Ва низ маълум нест, наздикони Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз болои ин ҳукм шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд, ё на.
Саид Қиёмиддин Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва дар як шароити мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ин рӯҳонии 66-сола ҳамакнун давраи ҷазояшро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард.
Дӯстони хонаводаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ мегӯянд, ки пас аз содир шудани ҳукм, ӯ ҳоло аз боздоштгоҳи рақами аввал ба боздоштгоҳи Вазорати адлия интиқол дода шудааст.
Ба гуфтаи онҳо, Саид Қиёмиддини Ғозӣ вақте барои табобат ба Эрон рафта буд, пайвандонаш як манзили ӯро фурӯхта, барояш пул фиристода буданд. "Вақте бармегашт, ҳамроҳаш боқимондаи ҳамон маблағ (беш аз 10 ҳазор доллар) ва ҳамчунин ду телефони ҳамроҳ ва як компютер дошт ва ин ҳама мусодира шуда, ба ҳисоби давлат гузаронида шудаанд",-гуфтанд онҳо.
Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки аз ҷузъиёти иттиҳоми эълоншуда алайҳи ӯ хабар надоранд. Ба гуфтаи наздиконаш, Қиёмиддин Ғозиев моҳи ноябри соли гузашта, замоне, ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби нерӯҳои амниятии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Эълони ҳукми ин рӯҳонӣ дар ҳолест, ки рӯзи 12-уми май президент Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқоташ бо аҳли ҷомеаи кишвар зимни интиқод аз ҲНИТ ва иттиҳоми ин ки пайравии ҳизби мамнӯъ аз мазҳаби шиа гаравидаанд, ба қазияи Саид Қиёмиддини Ғозӣ ҳам ҷудогона муроҷиат кард.
Ӯ аз минбари маҷлис гуфт: "Ба ном генерал Қиёмиддин, мулло Қиёмиддини Ғозималик, яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум дастгир карда шуд. Ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст".
Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони Шаҳидон – тарафдорони нерӯҳои исломӣ ва демократӣ буд ва ӯро бо унвони ғайрирасмии “генерали мардумӣ” ҳам доданд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.
Бо имзои Созишномаи сулҳ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.
Дар тахминан 15 соли охир ӯ бештар дар хориҷи Тоҷикистон, эҳтимолан дар Русияву Эрон зиста, гардонандаи як вебсайт ба забони тоҷикӣ ҳам буд, ки дар масоили динӣ матолиб нашр мекард. Ба иттилои дигар, ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург тиҷорате ҳам роҳандозӣ карда буд.