Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норак - шаҳри маъруфе, ки ба он автобус намеравад. ВИДЕО


Маркази Норак
Маркази Норак

Шаҳри Норак, яке аз маконҳои дидании Тоҷикистон зоҳиран ва яке аз камтарин шаҳрҳои кишвар аст, ки ба он автобуси мусофирбар намеравад.

Агар касе нерӯгоҳу обанбори бузургтарини Тоҷикистонро дидан мехоҳад, бояд таксӣ бигирад. Аз Душанбе то Норак фақат таксӣ меравад ва роҳкиро ҳам 20 сомонӣ аст, ки на ҳама онро метавонанд бипардозанд.

Басбӣ Холова, сокини Норак, бояд фақат бо таксӣ ба Душанбе биравад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бо таксӣ меравем хеле гарон аст. Нархро аз 20 сомонӣ кам намекунанд ва зӯри мо ба он намерасад."

Писари Моҳраҷаб Муҳиддинова, сокини дигари Норак мехоҳад, дар яке аз донишгоҳҳои Душанберо таҳсил идома диҳад. Модараш метарсад, ки фарзандаш наметавонад, ӯро зуд-зуд хабар гирад.

Моҳраҷаб Муҳиддинов меафзояд: "Мехоҳем, дар ҳаминҷо як нақлиёти арзонтар диҳанд, ки бачаҳои мо арзонтар рафта биёянд.”

Норак - шаҳри маъруфе, ки автобус надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

Сокинон ба ҳасрат замонеро ба ёд меоранд, ки байни Норак ва Душанбе автобус мерафту меомад. Онҳо замони шӯравии собиқро ба ёд меоранд. Сулаймон Пӯлодов, сокини шаҳр мегӯяд: Дар солҳои шӯравии собиқ, автобусҳои Икарус буд, ки бо як сӯму чанд тин рафта меомадӣ. Ҳозир нақб аст, 70 километр роҳ кӯтоҳтар шудааст, вале боз ҳам 20-40 сомонӣ мепардозед барои рафтан ба Душанбе. Ин бисёр қиммат аст.”

Аз Норак то Душанбе 70 километр роҳ аст. Агар автобусҳо дар ин роҳ ҳаракат кунанд, харҷи роҳи мардуми ниёзманд камтар мешавад. “Asian Express” яке аз ширкатҳои мусофирбари дохилӣ гуфтааст, нақшаи боз кардани хатсайри Душанбе-Норакро дорад, аммо маълум нест, кай.

То он вақт ҳазорон мусофири норакӣ ва сайёҳон маҷбуранд пули зиёдтар пардозанду ба ин шаҳри маъруф бираванд.

XS
SM
MD
LG