Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии тоҷири боздоштшудаи тоҷик дар Урдун


Дилшод Иброҳимов
Дилшод Иброҳимов

Додгоҳи Урдун ҳукми бегуноҳӣ ва озодии тоҷири боздоштшудаи тоҷик Дилшод Иброҳимовро содир кардааст. Иброҳимов рӯзи 1 август дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, чор моҳи пеш ҳангоми сафараш дар шаҳри Аммон боздошт шуда, дар аввал барои узвият дар "Давлати исломӣ" ва "ҷосусӣ" муттаҳам мешуд, вале билохира додгоҳ бегуноҳияшро исбот кардааст.

Дилшод Иброҳимов, ки солҳо боз дар шаҳри Қоҳираи Миср ҳамроҳи зану фарзандонаш зиндагӣ мекунад, гуфт, ки ҳоло ба назди хонаводааш баргаштааст.

"Рӯзи 7 апрел аз тариқи фурудгоҳи Аммон мехостам ба Маскав парвоз кунам. Чунки баъд аз таркиши ҳавопаймои Русия дар Миср равуои мустақими ҳавпаймоҳо байни Маскаву Қоҳира қатъ шуданд ва мо аз тариқи Истамбул, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Урдун ба Маскав парвоз мекардем. Вақте аз маҳҳали транзити фурудгоҳи Аммон мегузаштам, маъмурони амнияти маро бо худ бурда пурсиданд, ки чаро чанд дафъа аз ин масир ба Маскав меравам?” - гуфт ӯ.

Иброҳимов мегӯяд, ҳарчанд шарҳ дод, ки тоҷир аст, ба хотири қатъ шудани парвозҳои мустақим аз Қоҳира ба Маскав аз тариқи Урдун парвоз мекунад, аммо маъмурони амниятӣ ӯро ба як боздоштгоҳи муваққатӣ дар 60-километрии фурудгоҳ бурда ҳабс кардаанд. Ӯ гуфт, "ба назди ман касе намеомад, шарҳ ҳам намедоданд, ки чаро боздошт шудаам. Танҳо пас аз як моҳ як муфаттиш ба назди ман омада гуфт, ки маро ба ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои хориҷӣ муттаҳам медонанд. Ман ин иттиҳомро рад карда ва фаҳмондам, ки танҳо як тоҷир ҳастам. Пас аз чанде боз муфаттиш омада, маро ба узвият ба “Давлати исломӣ” муттаҳам кард."

Ин мусоҳиби мо афзуд, ба эҳтимоли зиёд муфаттишон пас аз ин суҳбатҳо ба бегуноҳ будани ӯ бовар ҳосил карда ва тақрибан як моҳ пеш додгоҳи Урдун дар ғайби ӯ ҳукми бегуноҳӣ ва раҳоияшро содир кардааст. Аммо ӯ мегӯяд, танҳо се рӯзи пеш аз боздошт раҳо шуда ва ба Миср баргаштааст.

Дилшод Иброҳимов гуфт, тӯли чор моҳи дар ҳабс буданаш мақомоти Урдун нагузоштанд, ки вай бо наздиконаш тамос гирифта аз зинда будани хеш дарак диҳад. Танҳо дар як моҳ як бор намояндагони созмони Ҳилоли Аҳмар имкони дидор бо маҳбусонро доштааст ва ҳамин тариқ яке аз мактубҳои навиштаашро ба завҷаи ӯ дар Қоҳира расондааст.

Боздошт ва раҳоии Дилшод Иброҳимов дар марзи Урдун дар ҳолест, ки қаблан хабарҳо дар мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Миср бо гумони ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла “Давлати исломӣ” ба нашр мерасид. Расонаҳои мисрӣ дар бораи боздошти 4 нафар тоҷикистонӣ навишта буданд, ки “бо баҳонаи саёҳат, вале дар асл бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Қоҳира омадаанд.”

Тибқи омори расмӣ, феълан беш аз 1000 сокини кишвар ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" шомил шуда ва дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Дар маҷмӯъ, 146 хонавода аз Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ кӯч баста ва 21 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба сафи ин гурӯҳ пайвастаанд.

Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз омори мақомот дониста гуфтаанд, ки "кор"-и онҳо бо Ироқу Сурия тамом намешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба шумораи афзояндаи ҷангиёни тоҷик дар ин кишварҳо ду соли пеш ба 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG