Додгоҳи минтақаи Преображенское дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия шоми 11 июн ҳукми ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон Сӯҳроб Ҳайдаров, яке аз 3 нафари боздоштшуда дар ҷараёни амалиёти вижаи СОБР – воҳиди вижаи зудамали пулиси Маскавро содир кард. Матбуоти Русия менависад, Сӯҳроб Ҳайдарови 29-сола боксёри касбист ва барандаи нишони нуқраи қаҳрамонии Осиё дар навъи гуштии самбои муҳорибавӣ (боевое самбо) мебошад.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар пулиси Маскав низ таъйид кард, ки Сӯҳроб Ҳайдаров варзишгари касбист ва гурӯҳи ҷиноие, ки ба ғорати беш аз 20 мошини инкассаторӣ дар якуним соли охир айбдор мешавад, ӯро маҳз ба далели зӯри бозуяш ҷалб кардааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, аз миёни 3 узви ин гурӯҳ, ки рӯзи 10 июн дар натиҷаи таъқиб дар наздикии вокзали роҳи оҳани Павелетскийи шаҳри Маскав дастгир шуданд, Сӯҳроб Ҳайдаров муқовимати аз ҳама фаъолтар нишон дод ва нирӯҳои СОБР маҷбур шуданд, барои боздошти ӯ даст ба силоҳ баранд. Дар натиҷа Сӯҳроб Ҳайдаров аз дасташ тир хӯрд, вале захми ӯ, ба гуфтаи манбаи Озодӣ, сабук аст ва хатаре ба ҳаёташ надорад.
Аммо мақомоти пулиси Русия ин хабарро, ки яке аз нафарони дастгиршуда дар амалиёти рӯзи 10 июн варзишгари касбӣ аз Тоҷикистон аст, ҳанӯз расман тасдиқ ё рад накардаанд. Дафтари матбуоти пулиси Маскав рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, миллият ва шаҳрванди кадом кишвар будани боздоштшудаҳоро шарҳ намедиҳад.
Наздикони Сӯҳроб Ҳайдаров хабари боздошти ӯ бо гумони даст доштан дар ғоратгариҳои ҳанӯз шарҳ надодаанд. Вале дар як навори тарғиботие, ки дар шабакаи Ютюб дар Интернет аз номи Лигаи самбои муҳорибавии Тоҷикистон гузошта шудааст, лаҳзаҳои тамрини ӯ нишон дода мешавад.
Гуфта мешавад,Сӯҳроб Ҳайдаров ибтидо дар Тоҷикистон гуштии самбо машқ мекард, вале баъди кӯчиданаш ба Русия дар оғози солҳои 2000-ум гуштии самборо партофта, ба навъҳои муҳорибавии варзиш, аз ҷумла бокси касбӣ ва самбои муҳорибавӣ рӯ меорад. Ӯ дар самбои муҳорибавӣ барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё ҳам шудааст.
Як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе гуфт, Сӯҳроб Ҳайдаров аксаран аз номи Лигаи самбои муҳорибавии Тоҷикистон баромад мекард ва машқгоҳаш дар толори "Динамит" дар маҳаллаи Калинини Душанбе буд.
Сӯҳроб Ҳайдаров ҳамроҳ бо ду шарикаш - Горепякин С.Г., соли таваллудаш 1978 ва Акуҷба В.В., соли таваллудаш 1982, ки ҳарду расман дар Маскав сабти ном шудаанд, шоми 10 июн дар Маскав дар ҷараёни як амалиёти вижаи пулис дастгир шуданд. Дар ҷараёни таъқиби монанда ба филмҳои Ҳолливуди ин гурӯҳ, ки савори як мошини “ҷип”-и “Мерседес” буданд, 7 мошини раҳгузар ва ду мошини пулис осеб диданд. Худи Сӯҳроб Ҳайдаров ҳангоми боздошт тир хӯрд.
Манбаи Озодӣ дар пулиси Маскав мегӯяд, ин се нафарро маҳз бар асоси парвандае, ки додситонии Голяново рӯзи 19 майи соли ҷорӣ бар асоси банди “б”-и қисми 3-юми моддаи 161-уми Кодекси ҷиноии Русия (ғоратгарӣ ба маблағи бузург) кушодааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия ҳамчун ҷазо аз 6 то 12 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то 1 миллион рублро пешбинӣ мекунад.
Ба бовари мақомоти Русия, аъзои ин гурӯҳ тайи якуним соли фаъолияти ҷиноӣ аз мошинҳои инкассаторӣ 400 миллион рубл, муодили 8 миллион долларро ба яғмо бурдаанд.
Истифодаи зӯри бозуи варзишгарони касбӣ аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ дар паҳнои пасошӯравӣ зиёд мушоҳида мешавад. Вале агар тасдиқ шавад, ки яке аз боздоштшудаҳо варзишгари тоҷик Сӯҳроб Ҳайдаров аст, ин яке аз аввалин мавридҳои бо иттиҳоми ғоратгарӣ дар Русия боздошт шудани як варзишгари номӣ аз Тоҷикистон хоҳад шуд.
Дар шабакаи Интернет навори видеоии яке аз лаҳзаҳои асосии таъқиби аъзои ин гурӯҳ низ нашр шудааст. Ин навор зоҳиран аз як камераи назоратии насбшуда дар он кӯча гирифта шудааст.