Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирки тоҷик бо атласу камзӯлу салла рӯи саҳна меояд


​Сирки давлатии Тоҷикистон талош дорад симои худро пурра миллӣ кунад ва ин иқдом аз тағйири мусиқии барномаҳо ва сару либоси ҳунармандон шурӯъ шудааст.

Ҳамакнун торбозон, масхарабозону ширинкорон, хуллас аксар ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо либосҳои нақшу нигори миллӣ дошта ва аз матои атлас омодашуда, рӯи саҳна ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Фирӯз Убайдов, роҳбари саҳна ва торбози ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон, ҳоло бо ҷелак ё камзӯли зардӯзишуда ва салла дар баландии 15 метр торбозӣ мекунад. Фирӯз мегӯяд, ҳунарнамоӣ дар баландии беш аз 10 метр бо ин либос барояш аслан мушкил нест: "Ҷелаку ҷома дорам, салла мекунам дар сар. Аввал мисли дигар сиркҳои ҷаҳон либоси аврупоӣ доштем. Ҳоло нақша дорем шурӯъ аз наттоқ ҳама кормандони сирк бо либоси миллӣ вориди саҳна шаванд. Сирки тоҷик бояд бо либоси махсуси худ муаррифӣ шавад.»

Мисли Фирӯз ҳоло духтарони торбози сирк ҳам бо либоси махсуси торбозӣ, вале аз матои атлас омодашуда аксаран ҳунарнамоӣ мекунанд. Фирӯз мегӯяд, тайи чанд соли ахир онҳо ғолибан дар ҷашни Наврӯз бо либосҳои миллӣ баромад мекарданд, аммо масъулини сирк тасмим доранд дигар ин анъана дар ҳама барномаҳои онҳо ҷорӣ шавад ва шурӯъ аз сарпӯш то пояфзоли сиркбозон миллӣ шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки то имрӯз ҳунармандони сирки тоҷик ҳам мисли сиркбозони аксар кишварҳои дигар бо либосҳои хоси саҳнаи сирк ва аврупоӣ, ҳунарнамоӣ мекарданд.

​Худи ҳунармандон ҳам зоҳиран ҷонибдоранд ва мегӯянд, баройи онҳо муҳим либосаи танашон ҳангоми иҷрои ҳаракатҳои мухталиф роҳат бошад. Суннатулло Ҳомидов, ҳунарманди дигари сирк мегӯяд: «Албатта вақте мо тоҷикем, бо либоси миллии худ ҳунарнамоӣ кунем, беҳтар аст. Боз дар ҳоле, ки либоси милии мо хеле зебандаву зебо ҳам ҳаст. Атласи мо, тоқӣ ва ҷелаку ҷомаро мешавад ба шакли хуб омода ва бо он дар cаҳнаи cирк ҳунарнамоӣ кард.»

Бахтиёр Иззатуллоев, саркоргардони Сирки давлатии Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи либосҳои миллишудаи сиркбозон бо дарназардошти фикру андешаи худи ҳунармандонва аз сӯи хайёти махсуси ин муассиса омода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, аввалин бор дар сирки тоҷик соли 2011 торбозон бо либоси миллӣ ва зери навои мусиқии тоҷикӣ ҳунарнамоӣ карданд ва ин аз ҷониби тамошобинон ҳам хуб қабул шуд. Зимнан, дар муқоиса бо сару либос, миллӣ ё ба қавле тоҷикӣ кардани мусиқии барномаи сиркӣ, мушкилтар будааст. Ҳунармандони сирк ғолибан зери оҳангҳои хоси оҳангсозони хориҷӣ ва ё бо истифода аз оҳанги таронаҳои овозхонони кишвар баромад мекунанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳунармандони сирк мегӯянд, барои ҷолибу рангин кардани барномаҳои сиркӣ аслан бояд ҳар сирк дорои оркестр ё гурӯҳи вижаи мусиқанавозони худ бошад ва намоишномаҳо ҳам зери мусиқии зинда пешниҳоди тамошобин шавад. Пешниҳоди ҳамкорӣ бо сирк ва иҷрои зиндаи оҳангу тарона дар барномаҳои сиркиро ҳам на ҳама овозхонон дар кишвар қабул мекардаанд.

Аммо дар робита ба ин тағйирот дар барномаҳои сирки тоҷик, тамошобинон ва дӯстдорони сирк назарҳои мухталиф доранд. Исматулло, як сокини пойтахт мегӯяд: «Ин хуб аст, ки дар либоси cиркбозон ҳам нақшу нигорҳои миллӣ бошад, аммо шахсан барои ман, чун як тамошобин либосу мусиқӣ муҳим нест, муҳим намоишу барномаҳои ҳунармандон аст. Албатта дар фаъолияти сирки тоҷик солҳои ахир як пешравӣ ба назар мерасад, аммо боз ҳам на ба ҳама талаботи як тамошобин ҷавобгӯ аст. Аксаран вақте бо кӯдакон ба сирк меравӣ, барномаҳо ё намоишҳои такрорӣ пешниҳод мешавад.»

Гуфта мешавад, барои рангину ҷолибтар кардани намоишномаҳои сиркӣ, ҳунармандони бояд бештар ҳавасманд шаванд ва ба сафарҳои ҳунарӣ бароянд. Аммо барои иҷрои барнома дар хориҷ аз кишвар 40 - 50 ҳазор доллар лозим будааст.

Таърихи сирки тоҷик аз соли 1969 оғоз гирифта, авҷи шӯҳрати он ба солҳои поёнии даврони Шӯравӣ рост меояд, вале дар авоили солҳои 90 аксари ҳунармандони сирк тарки Тоҷикистон карданд ва барои беш аз як даҳсола сирки тоҷик фалаҷ шуда буд. Ҳоло дар ин муассиса 35 ҳунарманд фаъолият мекунад ва 15 нафари дигар ҳам ҳунарҳои сиркиро меомӯзанд.
XS
SM
MD
LG