3,5 км қитъаи роҳи харобшудаи шоҳроҳи Тоҷикистон-Чин бо кӯмаки ширкатҳои туркӣ, эронӣ ва чинӣ барқарор ва боз шудааст. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба радиои Озодӣ хабар дод, ки бо кӯмаки ширкатҳои сохтмонии давлатҳои Туркия, Чин ва Эрон ахиран роҳи мошингарди назди деҳаи Барсем дар канори Хоруғ пурра барқарор шуда, ба истифода дода шудааст. Вай гуфт, қитъаи харобшудаи роҳ, ки 3,5 км дарозӣ дошту дучори хисороти шадид ва сабаби беш аз як моҳ аз ҳаракат мондани мошинҳо шуд, ҳоло дубора фаъол шудааст.
Ин қитъаи роҳ қитаъе аз шоҳроҳи Тоҷикистон-Чин ё Душанбе-Қулма аст, ки тавассути он мошинҳои борбар ба ҳарду самт ҳаракат мекарданд. Оқои Ганҷалзода гуфт, ки роҳ расман рӯзи 24 август боз шуда, ҳаракати мошинҳо аз дирӯз ба ин сӯ аз сар гирифта шудааст. Ҳудудан 150 мошини «Дулан», ки ба кашондани бору муҳимот ихтисос доранд, баъди як моҳи интизорӣ ба Душанбе ва дигар навоҳии атроф расиданд. Вазир гуфт, ҳоло наметавонад дақиқ харҷи барқарории ин қитъаи роҳро бигӯяд. Айни замон вай гуфт, ки ба ҳангоми сӯҳбат бо Озодӣ аз ҳамин роҳ убур мекунад ва ба сифати кори роҳсозон баҳои баланд дод. Вай гуфт, “ҳоло ман худам дар роҳ ҳастам ва роҳ хеле хуб тахту ҳамвор карда шудааст ва мебинам, ки мошинҳои сабукраву сангини борбар озодона аз ҳарду тарафи роҳ ҳаракат мекунанд», гуфт вазири нақлиёт.
Ба иттилои вазири нақлиёт, ҳоло роҳи Хоруғ-Мурғоб низ барқарор шудааст ва дар он ҷо низ ҳаракати мошинҳо бидуни мушкил ҷараён мегирад. Ба гуфтаи ӯ, тибқи як тарҳи ҷудогона, акнун навбати пурра таъмир ва барқарор кардани пулҳову дигар қитъаҳои роҳ дар вилояти Бадахшон расидааст. Мақомот ҳоло бояд боз барои безараргардонии як кӯли сунъие ҳам чора андешанд, ки дар паи рахнашавии соҳилҳои Ғунд дар ҳудуди рустоҳои соҳилии ноҳияи Шуғнон эҷод шуд. Онҳо мегӯянд, дарозии обанбори сунъӣ зиёда аз 3,5 км буда, паҳнои он аз 200 то 700 метр ва чуқуриаш аз 25 то 60 метрро ташкил медиҳад.
Дар паи гармои тафсон ва обшавии пиряхҳои Помир, охири моҳи июли имсол рустоҳои наздисоҳилии ноҳияҳои Шуғнон, Хоруғ, Ванҷу Дарвоз ва баъдан ноҳияи Ғарм дучори селобҳои шадид шуданд. Мақомот гуфтанд, ки дар ин офатҳо даҳҳо манзили сокинони маҳаллӣ хароб шуда, дасти кам 8 нафар ҷони худро аз даст доданд. Тоҷикистон дар як муроҷиаташ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ 100 миллион доллар кӯмак хост. Аз он замон то имрӯз давлатҳои Чин, Қирғизистон, ИМА ва дигар кишварҳои муттафиқи Тоҷикистон кӯмакҳо ирсол карданд.