Рӯзи 30-уми май дари чанде аз коргоҳҳои оҳангудозии чинӣ дар маҳаллаи “Якум Советский” баста буд. Дар ин коргоҳҳо, ки дар дохили як корхонаи бузурге ҷойгир буданд ва хӯлаҳои оҳанин, ё арматура истеҳсол мекарданд, нишоне аз дастгоҳҳои оҳангудозӣ дида намешуд. Дар баъзе аз гӯшаҳои ҳавлии ин корхона ба ҷои истеҳсоли арматура, сокинон ба сохтани дару панҷараҳои оҳанин машғуланд. Сокинони маҳалла гуфтанд, баъди шикоятҳои зиёди онҳо, ду моҳ мешавад, аз ин корхона дуди ғализи сиёҳ намебарояд.
Сафӣ Давлатбибӣ, сокини кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз дуди ғализи корхонаи назди манзилашон бисёр азият мекашиданд ва умедворанд, барои ҳамеша аз он дуд халос шудаанд. Ӯ афзуд: “Азобе, ки аз дуди ҳамин завод муддати 8-9 сол кашидем, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ надида будем. Як дуде буд, ки тамоми ҷиҳози хонаамонро ифлос намуда, худамонро бемор кард, аз таъсири дуди корхона ба бемориҳои роҳи нафас, меъда гирифтор шудем. Ҳамеша сиёҳоба мепартофтем ва вақти муроҷиат ба беморхона табибон мегуфтанд, дуд ба шумо зарар кардааст.”
Сафӣ Давлатбибӣ мехоҳад, соҳибони корхона ба онҳо барои ин зиён ҷуброн бипарзоданд. Сафӣ Давлатбибӣ ягона сокине нест, ки аз қатъи кори коргоҳҳои оҳангудозӣ хушҳол шудааст, чунин афрод аз маҳаллаҳои атроф зиёданд. Дуди корхонаҳои оҳангудозӣ на танҳо сокинон, балки раёсати беморхонаи марказии шаҳри Душанберо низ нигарон карда буд. Раҳбарияти беморхонаи марказии Душанбе, ки ҳудудан 25-30 метр дуртар аз коргоҳҳои оҳангудозии чинӣ дар маҳаллаи "Якум Советский" ҷойгир аст, дуди корхонаро бар зарари беморон арзёбӣ мекарданд.
Аз Душанбе ба Рӯдакӣ бурданд
Дар корхонаи истеҳсоли арматура, воқеъ дар маҳаллаи "Якум Советский" чанд коргаре, ки замони фаъол будани корхона кор мекардаанд, гуфтанд, бо бастани корхона, чиниҳо технологияи кӯҳнаи худро ба корхонаҳои оҳангудозӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд. Як корманди собиқи корхона гуфт, “шикоятҳо аз дуди сиёҳ зиёд буд, дигар дар ин ҷо арматура истеҳсол намешавад, ҳоло мо дарҳои оҳанин соз мекунем. Баъзе аз кормандон ин ҷо оҳан қабул карда, об карда ба бамаҳаллаи “Политехником”, ки он ҷо низ корхонаи арматура аст, интиқол медиҳанд”.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар пай шикояти зиёди сокинон аз кори корхонаҳои истеҳсоли арматура, ки бо нақзи меъёрҳои экологӣ фаъолият мебурданд, кори бархе аз онҳоро манъ кард ва ба баъзеи дигар дастур дода шуд, технологияи кӯҳнаи худро иваз намоянд. Дар корхонаи дигари истеҳсоли арматура дар маҳаллаи "Политехникум" гуфтанд, онҳо дигар бо технологияи кӯҳна кор намекунанд. Ба қавли онҳо, аз Чин технологияҳои нав овардаанд ва ба зудӣ корро бо ин технология ба роҳ мемонанд.
Масъулини корхонаҳои тавлиди хӯлаҳо ё арматура, ки сокинону экологҳо аз фаъолияташон шикоят доштанд, аз сӯҳбат худдорӣ намуданд. Масъулини чинӣ ҳам, ки сармоягузори корхонаҳо мебошанд, ҳозир нашуданд, шикояти сокинон ва вазъи корхонаҳоро шарҳ диҳанд. Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе гуфтанд, аз 24 корхонаи оҳангудозӣ дар пойтахт, ҳоло ҳамагӣ 4 адад боқӣ мондааст.
"Амр додем, ки ислоҳ шаванд"
Саидаҳмад Акрампур, сармутаххасиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ далели манъи фаъолияти корхонаҳоро кор бо технологияи кӯҳнаву нақзи меъёрҳои экологӣ ва ба рақобати бозор тоб наовардан, арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки ба раҳбарияти 4 корхонаи оҳангудозӣ дастур доданд, ки дар сурате фаъолияташонро идома медиҳанд, ки технологияи нав ворид намуда, бо назардошти меъёрҳои қонунгузории ҳифзи муҳити зист кор мекунанд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Ҳоло технологияи худро навсозӣ доранд. Ба онҳо амр дода шудааст ва раҳбарони корхонаҳо ваъда доданд, ки дигар бо технологияи кӯҳна кор накарда, дар зудттарин фурсат технологияи нав ворид месозанд.”
Нигарониҳо аз кори корхонаҳои чинӣ дар ҳолест, ки масъулони корхонаҳо мегӯянд, саҳмашон дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ назаррас аст. Дар бозорҳои Тоҷикистон арматураи истеҳсоли корхонаҳои чинӣ нисбат ба арматураи дигар кишварҳо арзон аст.
Дар гузашта кори корхонаҳои арматурсозии пойтахт бо технология кӯҳнаи Чин ва бо нақзи оддитарин меъёрҳои экологӣ борҳо мавриди интиқоди экологҳо гардида буд.
Коршиносон мегӯянд, роҳандозии истеҳсолот ва таъмини мардум бо ҷойи кор бидуни нақзи меъёрҳои экологӣ бояд сурат гирад.