Ба гуфтаи масъулони давлати Тоҷикистон, таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия боиси рукуди иқтисоди ин кишвар шуд, ки дар натиҷа пули интиқолии муҳоҷирон ҳам ба Тоҷикистон коҳиш ёфт. Аз ин рӯ, бо кам шудани даромади хонаводаҳо, қобилияти харидорӣ низ коста шуд боиси кам шудани молу маҳсулоти воридотӣ ва пардохтҳои гумурукӣ гардид. Ба таъкиди масъулин, занҷираи таъсирҳои манфии буҳрон идома карда билохира боиси кам шудани даромадҳои будҷа гардид.
Бо назардошти коҳиш ёфтани даромадҳои будҷа Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки бинобар вазъи ногувори буҷа, боло бурдани маоши кормандони давлатӣ то муддати номуайян мавқуф гузошта шудааст. Вай афзуд: “Тавре огоҳ ҳастед, вазъи молиявии кишвар имсол ба зиёдшавии маошҳо мусоидат накард. Зиёдшавии музди маошҳо ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд.”
Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ дар паёми солонаи худ ба парлумон ваъда кард, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони буҷавиро афзоиш хоҳад дод. Ӯ гуфта буд, аз ҷумла, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ - 15 фоиз, маориф - 20 фоиз, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат - 25 фоиз ва ҳадди ақал ва ниҳоии нафақа то 20 фоиз боло бурда мешавад. Музди ҳадди ақалли маош аз 250 то 400 сомониро ташкил хоҳад дод."
Эмомалӣ Раҳмон он замон гуфта буд, ки барои амалӣ кардани ин иқдом аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад. Аммо ҳоло бинобар маълумоти охири вазири молия, дар нӯҳ моҳи аввали соли равон 391,9 миллион сомонӣ камтар аз нақша ба буҷа пул ворид шудааст. Ин аст, ки ба таъкиди вазири молия, бо як дастури хеш вазорат хароҷоти нозарури будҷаро коҳиш дод.
Қурбониён афзуд, вазорати молия саромоягузории иншооти давлатии сохтмонаш шурӯъношударо мавқуф гузошта, аз ҳисоби будҷа харидорӣ намудани мошинҳои хидматӣ барои мансабдорон, мебел ва дигар таҷҳизоти гаронбаҳоро манъ карданд.
Таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон дар пайи дучори рукуд шудани иқтисоди Русия ва уфти бесобиқа қурби рубл расид. Бо ворид шудани иқтисоди Русия ба марҳалаи рукуд, бисёре аз муҳоҷирон ҷои кори худро аз даст доданд ва қисми дигар аз ҳаққи вуруд маҳруманд, ки дар натиҷа ҳаҷми интиқолҳои пулии муҳоҷирон ба ватан то 32 дарсад коҳиш ёфт.
Коҳиши даромади хонаводаҳо ба “сард шудани” савдо дар бозорҳо мунҷар шуд ва ҳамин тариқ таъсири ин буҳрон то болотарин сатҳ ба будҷаи кишвар таъсир кард. Кишвар дар нимсолаи аввали соли равон ба беш аз 2 миллиард доллар мол ворид кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 562 миллион доллар камтар аст. Камшавии воридот дар навбати худ боиси коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ шуд ва ин яке аз сабабҳои иҷро нашудани қисмати даромади будҷа дониста мешавад.
Аммо на ҳамаи вакилони парлумонро посухҳои мансабдорон қонеъ кард ва бархе аз онҳо ба нодурустии таҳияи қонуни будҷет ишора карданд. Рустам Қудратов, вакили мардумӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкили аслии иҷро нашудани қисмати даромади будҷа, дар нокомил будани худи нақшаи қабулшудаи будҷет аст.
Вай афзуд: “Ҳоло гузориш доданд, ки ба будҷаи кишвар 391 миллион сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид шудааст. Ин ҷо савол ба миён меояд, ки чаро дар вақти ба нақшагирии будҷа паёмадҳои буҳронро ба инобат нагирифтанд. Ин усулҳое, ки мо ҳоло барои ба нақшагирии будҷет ба инобат мегирем, куҳна шудаанд.”
Дар идомаи суҳбат ин вакили мардумӣ ба мансабдорони давлатӣ тавсия дод, ки ҳангоми таҳияи будҷа мутахассисони варзидаро ҷалб кунанд, ки ҳама гуна паёмадҳои ногувори буҳронро ба будҷаи давлат пешбинӣ кунанд ва танҳо бо назардошти ин омилҳо, будҷаи соли ояндаро ба нақша бигиранд.
Мувофиқи қонуни будҷаи Тоҷикистон дар соли 2015 дар нуҳ моҳ 11 миллиарду 230 миллион сомонӣ маблағ ворид мешуд. Аммо бинобар таъсирҳои манфии буҳрони иқтисодӣ ба будҷа 10 миллиарду 800 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 391 миллион сомонӣ, ҳудуди 60 миллион доллар камтар аст.