Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи кабку саъба - дарси тиҷорати Абӯбакр. ВИДЕО


Дар шаҳри Кӯлоб бо фаро расидани фасли гармо, бозори паррандапарварӣ ҳам гармтар шудааст ва аксари фурӯшандагон ҳам кӯдакон ҳастанд.

Абубакр Ҳошимов аз онҳоест, ки аз 10-солагӣ нигоҳубини паррандаҳоро омӯхтааст ва аз ин ҳисоб то 100 сомонӣ ба даст меорад.

Абубакр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди дарсҳо бештар машғули нигоҳубини кабку саъбаҳояш мешавад, ки бо садои марғуб доранд. Мардум паррандаҳои ӯро барои хона ва ё мағозаҳляшон мехаридаанд.

Агар дар шикор наёфтам, аз бозор бо нархи арзон мехарам ва тарбият мекунам, сурудхон шуд, ба бозор бурда мефурӯшам

“Ҳоло саъбаи шикорӣ дорам, ки суруд мехонад, худаш омада ба қафас медарояд. Агар дар шикор наёфтам, аз бозор бо нархи арзон мехарам ва тарбият мекунам, сурудхон шуд, ба бозор бурда мефурӯшам”, - гуфт, Абубакр.

Ба қавли навраси тоҷик, ҳафтаи гузашта дар бозори паррандаи Кулоб чаҳор саъба фурӯхта ва 100 сомонӣ ба даст овардааст. Ҳар яке аз ин саъбаҳояш 25 сомонӣ қимат доранд.

Абубакр мегӯяд, ки барои паррандафурӯшиаш аз касе сарзаниш нашунидааст ва баръакс аҳсан шунидааст, ки беҳудагардӣ ва ё кори баде намекунад.

Кабк дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад.
Кабк дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад.

Вале на ҳама тарафдори паррандафурӯшии кӯдакон ҳастанд ва мегӯянд, кори онҳо ба табиат зиён меорад, бахусус агар паррандаҳо нодир бошанд. Ба гуфтаи табиатшиносон дар минтақа, шикори ҷонварони нодир метавонанд, сабаби аз байн рафтани онҳо мешавад.

Абдулло Қурбонов, сокини Кулоб ҳам солҳо ба парвариш ва фурӯши парранда машғул аст. Ӯ мегӯяд, дар бозори Кӯлоб мушоҳида кардааст, ки даҳҳо наврас бо фурӯши парранда зиндагиашонро мечархонад.

Ӯ мегӯяд, кӯдакон кори хуб мекунанд, ки ба роҳи баде намераванд ва бо кор пайдо кардани ҳаққи ҳалолро меомӯзанд.

“Магар хуб нест, зеро ҳушу гӯшаш ба молаш мешавад. Дар ёдаш на дуздӣ мезанад, на ҷинояти дигар”, – мегӯяд Абдулло Қурбонов.

Дар Кӯлоб ҳоло дар хона ва ё бахусус мағозаҳо саъба дида мешавад. Ба гуфтаи Абубакр, дар миёни муштариёни сарватмандон ва дӯкондорон зиёданд, ки аксаран саъба суроғ мекунанд. Паррандаи хурде, ки садои дилнишин дорад ва беист месарояд.

Ин аксро як корбари Радиои Озодӣ фиристода ва гуфтааст, ки "кабкбозон" сабаби маҳви ин ҷонварони зебо мешаванд.
Ин аксро як корбари Радиои Озодӣ фиристода ва гуфтааст, ки "кабкбозон" сабаби маҳви ин ҷонварони зебо мешаванд.

Дар бозори паррандапарварии Кулоб, на танҳо саъба, балки кабк ҳам мефурӯшанд ва ҳар ҳафта даҳҳо нафар аз минтақа ба инҷо меоянду парранда мехаранду мефурӯшанд. Кабкҳо вобаста ба андозаву овозу зебоиашон аз 50 то 100 сомонӣ ва ё 600 -700 сомонӣ ҳам арзиш доранд.

Дар дигар шаҳрҳо аз ҷумла шаҳри Сарбанд бозори кабк доир мешавад. Дар инҷо нархи кабкҳои ҷангӣ дар муқоиса бо камбкҳои нағмасаро хеле баланд буда, барои намуна дар бозори Сарбанд аз 500 то 1000 доллар қиммат доранд.

Мақомот умдатан ба ин бозорҳо чашм мепӯшанд, ҳарчанд гоҳ-гоҳе онҳоеро, ки ин паррандаҳоро ба бозор меоранд, ҷарима мебанданд.

Дӯконҳои Кӯлоб аз саъбаҳои зебо пур мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

XS
SM
MD
LG