Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти бонкдори тоҷик дар боздоштгоҳ


Маҳмадулло Мирзоев, муовини раиси бонки муфлисшудаи «Тоҷпромбонк» дар боздоштгоҳи муввақати шаҳри Душанбе даргузаштааст.

Писараш Абубакр Мирзоев, рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ даргузашти падарашро тасдиқ кард, аммо дар ин бора бештар суҳбат кардан нахост. Муштариёни бонк, ки се сол боз амонатҳои худро аз бозпас гирифта наметавонанд, мегӯянд, Мирзоев аз моҳи феврали 2019 дар боздошт қарор дошт.

Мирзоев дар маҳаллаи Меҳрободи шаҳри Душанбе (собиқ Калинин) зиндагӣ мекардааст ва чанде аз ҳамсояҳояш гуфтанд, Мирзоев аввали моҳи август дар боздошгоҳ фавтидааст ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.

Абдуқодир Мансуров, раиси маҳаллаи Меҳробод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи дафни Мирзоев берун аз шаҳр буд ва бо шунидани хабари даргузашт, фардо ба хонаи ӯ омада фотеҳа хондааст. Дар Вазорати адлия, ки боздоштгоҳҳо тобеи он ҳастанд, хабари марги бонкдори тоҷикро шарҳ надоданд. Дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорат гуфтанд, ки телефонӣ ба касе маълумот намедиҳанд ва муроҷиат бояд расмӣ бошад.

Маҳмадулло Мирзоевро тақрибан 8 моҳ пеш бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир карда, ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Як фарде, ки бо Маҳмадулло Мирзоев муомилаи пулӣ доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз аҳли хонаводаи ӯ шунидааст, ки Мирзоев ба бемории қанд мубтало буд. Пештар аз дастгир кардани Мирзоев, раиси "Тоҷпромбонк" Ҷамшед Зиёев низ соли 2018 бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд.

Мақомот Зиёевро ба "азхудкунӣ ё исрофкорӣ", "сохтакорӣ" ва "сӯиистифодаи ваколат" муттаҳам мекунанд, аммо назари худи ӯ дар робита ба ин иттиҳомот маълум нест. Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе моҳи июн ба баррасии парвандаи ӯ шурӯъ кард.

"Тоҷпромбонк", ки яке аз бонкҳои начандон бузурги Тоҷикистон буд, соли 2017 дар айни бӯҳрони бонкӣ муфлис шуд. Дар ҳоли ҳозир аз муштариёнаш 56 миллион сомонӣ ва аз Вазорати молия ва Бонки миллӣ беш аз 100 миллион сомонӣ қарздор аст.

Дар чаҳор соли гузашта чаҳор бонки Тоҷикистон ба буҳрон дучор омаданд ва "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" дар ин миён варшикаста шуданд. Ду сол пас аз муфлис эълон шудани «Тоҷпромбонк» як муштарии бонк, ки дар ҳамсоягии Мирзоев зиндагӣ мекард, худкушӣ кард. Хайриддин Қодирови 50-сола сокини кӯчаи Гулафшони маҳаллаи Меҳробод баъд аз онки 100 ҳазор доллар амонати худро аз бонк гирифта натавонист, худро овехт.

XS
SM
MD
LG