Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиноси тоҷик: Аз интихоботҳои Қирғизистон бояд ибрат гирифт


Қодиршоҳи Мурувват
Қодиршоҳи Мурувват

Таҳлилгари тоҷики муқими Бишкек Қодиршоҳи Мурувват мегӯяд, интихоботҳои Қирғизистон, аз ҷумла интихоботи имрӯзаи парлумонаш метавонад намунаи ибрат барои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.

Қирғизистон рӯзи 4 октябр интихоботи парлумонӣ дорад Интихоботи 120 курсии Жогорку Кенеш на дар ҳавзаҳои инфиродӣ, балки аз тариқи рӯйхатҳои ҳизбӣ сурат мегирад ва барои дарёфти ин курсиҳо беш аз 2000 номзад аз 14 ҳизби сиёсӣ вориди корзор шудаанд.

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар арафаи интихоботи рӯзи 4 октябр аз кишвараш тавсиф кард, ки дар маъалаи демократия аз кишварҳои ҳамсояаш пеш гузаштааст. Ӯ боз ҳам интихоботи рӯзи 4 октябрро имтиҳони ҷиддие барои демократияи навболи Қирғизистон номид ва гуфт, интихоботи феълӣ бояд одилонатарин интихобот дар таърихи кишвар шавад.

Қодиршоҳи Мурувват, аз фаъолони Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва сардабари нашрияи тоҷикии "Паёми Алатоо" беш аз 20 сол боз дар Бишкек ба сар мебарад. Қодиршоҳи Мурувват, ки ҷараёни ҳамаи интихоботҳои Қирғизистонро дар ин муддат пайгирӣ кардааст, рӯзи 4 октяибр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, интихоботҳои Қирғизистон чанд нуктае доранд, ки онҳоро дар муқоиса бо айни маъракаҳо дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барозанда мекунад.

Қодиршоҳи Мурувват: Дар интихоботи парлумонии Қирғизистон 14 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунанд ва як моҳи корзори таблиғотӣ нишон дод, ки ин маърака бо чанд вижагиаш демократӣ будани худро намоиш медиҳад. Яке ин аст, ки барои аввалин бор интихобкунандагон танҳо баъди нишон додани асноди биометрӣ метавонанд ба сандуқи раъй роҳ пайдо кунанд. Ин, ба қавли масъулин, имкони тақаллуб дар интихоботро хеле камтар мекунад.

Радиои Озодӣ: Рақобат эҳсос мешавад байни ҳизбҳо дар ин интихобот?

Қодиршоҳи Мурувват: Албатта, чунки 14 ҳизб вориди корзор шудаанд ва ҳар кадом барномаи худро ба мардум пешниҳод кардааст. Вале аз миёни ин 14 ҳизб 4 ило 5 ҳизб пешсаф ба назар мерасанд. Назари маҳофил низ ин аст, ки азбаски ҳукумати ин кишварро ҳизб эътилофи ҳоким дар Жогорку Кенеш ташкил медиҳад, ба парлумон роҳ ёфтани ҳизбҳои зиёд кори ҳукумати ояндаро мушкил хоҳад кард ва беҳтар аст, агар танҳо 3 ё 4 ҳизб роҳ биёбад.

Радиои Озодӣ: Шонси кадом ҳизбҳо бештар аст, ба назари Шумо?

Қодиршоҳи Мурувват: Аз ҷараёни рақобатҳои интихоботӣ ва сӯҳбатҳои мардум ба назар мерасад, ки мардум бештар ба ҳизби сотсиал-демократи марбут ба раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев таваҷҷӯҳ доранд. Ҳамчунин ҳизби Ота-Макони Умарбек Текебоев ва ҳизби Республика- Ота-Ҷурти Умарбек Бобанов пешсаф ва фаъолтар ба назар мерасиданд. Ба назари ағлаб, ҳамин се ҳизб шанси бештари пешсафӣ дар интихоботи Қирғизистонро доранд.

Радиои Озодӣ: Президент Отамбоев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе номзадҳо ва ҳизбҳо талош доранд, то овози мардумро бо арақу бо пул бихаранд.

Қодиршоҳи Мурувват: Бале, тавре мо дар интихоботҳои қаблӣ мушоҳида мекардем, чунин талошҳо буданд, ки зиёфатҳо меоростанд ва ба мардум машруб ҳам медоданд. Вале ин бор, ба назари ман, албатта, ин корҳо камтар ба назар расид ва ин дафъа намояндагони аҳзоб бо мардум бештар дар варзишгоҳҳои бузург сӯҳбат мекарданд ва зиёфаторориҳо камтар ба чашм мехӯрд. Албатта, мо инро наметавонем пурра истисно кунем, вале дар муқоиса бо интихоботҳои гузашта ин навбат чунин корҳо камтар ба мушоҳида мерасид.

Радиои Озодӣ: Мушорикати тоҷикҳои Қирғизистон дар ин маърака чигуна аст? Оё номзадҳои тоҷик ҳам ҳастанд?

Тоҷикони Учқӯрғон
Тоҷикони Учқӯрғон

Қодиршоҳи Мурувват: Бале, дар ин интихобот тоҷикон ҳам сабти ном шудаанд, чунки тибқи қонуни интихоботи Қирғизистон, ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар рӯйхати номзадҳояшон намояндагони ақшору ақвоми мухталифро фаро бигиранд.Аз ин хотир, ҳизбҳо ҳам ҷиҳати ҷалби номзадҳои тоҷиктабор талош карданд. Аз ҷумла дар рӯйхати ҳизби сотсиал-демократ таҳти рақами 32 Саидолим Ҷӯраев , як сокини тоҷиктабори шаҳри Қизилкия қарор дорад ва имкони роҳ ёфтани ӯ ба парлумон зиёд аст. Ҳамчунин Равшанбек Собиров, раиси Анҷумани тоҷикони Қирғизистон аз ҳизби Озодӣ ҳамчун номзад таҳти рақами 6 муаррифӣ шудааст. Умеди тоҷикон ин аст, ки ҳади ақал як вакили тоҷик дар парлумони ояндаи Қирғизистон хоҳанд дошт.

Радиои Озодӣ: Оё метавон интихоботи Қирғизистонро як намунаи ибрат барои кишварҳои минтақа унвон кард?

Қодиршоҳи Мурувват: Албатта. Чанд нуктае ҳаст, ки интихоботи парлумонӣ ва дар кулл интихоботҳои Қирғизистонро дар миёни ҳам кишварҳои минтақа ва ҳам Шӯравии собиқ барозанда месозад. Як нуктаи аслӣ муҳити рақобати озод дар ин корзор аст. Чизи дигар ҳузури нозирони ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳои интихоботист ва ин нозирон ҳақ доранд, ки ҷараёни овоздиҳиро аз аввалд то охир назорат бурда, дар шумориши оро низ ширкат бикунанд. Мисли ин ҷанбаҳои зиёде мавҷуд аст, ки интихоботҳои Қирғизистонро метавонанд то ҷое ба унвони интихоботи демократӣ ва шаффоф муаррифӣ кунанд. Албатта, наметавон исрор кард, ки 100 фоиз шаффоф ва 100 фоиз демократист, вале боз ҳам ҳукумат ва ҷомиаи шаҳрвандии Қирғизистон талоши зиёдеро ба харҷ доданд ва метавон гуфт, ки натиҷаҳои ин интихобот то ҳадде саломату дуруст ба даст меоянд.

XS
SM
MD
LG