Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Достиев: СПАД бо силоҳу лавозимоти ҳарбӣ кумак мекунад


А.Достиев: СПАД ба Тоҷикистон бо силоҳу лавозимоти ҳарбӣ кумак мекунад
А.Достиев: СПАД ба Тоҷикистон бо силоҳу лавозимоти ҳарбӣ кумак мекунад
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баъди анҷоми нишасти сарони давлатҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) дар Сочӣ сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев роҷеъ ба тасмими кумаки ин созмон ба Душанбе ва ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия изҳори назар кард.

Озодӣ: Рӯзи 23 сентябр дар Сочӣ ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД баргузор шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш роҷеъ ба таҳдидҳои амниятӣ сухан кард ва гуфт, ки Тоҷикистон ба кумаки ин созмон ниёз дорад. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки баъди тарки марзҳои Тоҷикистон кардани нирӯҳои марзбонии Русия дар соли 2005, Душанбе ҳамеша мегуфт, ки аз ӯҳдаи таъмини пурраи амнияти марзҳояш мебарояд. Оё чунин чархиш дар мавқеъи мақомоти Тоҷикистон, ки дубора ёди солҳои 1990-ум мекунад, аз куҷо маншаъ мегирад?

Достиев: Мо ҳеҷ вақт аз кумаки кишварҳои муштаракулманофеъ, ки сарҳадҳои ҷанубиаш аз байни Тоҷикистону Афғонистон мегузарад, рӯ натофтаем. Доим ин кумакро мо мепурсем, барои он ки ин фақат сарҳади Тоҷикистон нест. Дигар ин ки давлати Тоҷикистон имрӯз қудрат дорад, ки қаламрави худро мустаҳкам ва ҳимоя кунад. Вобаста ба он ки ин танҳо сарҳади мо нест ва баъди баромадани қувваҳои НАТО аз Афғонистон вазъият мустаҳкамтар шудани марзҳоро талаб мекунад, ҳукумати мо мегӯяд, ки “марҳамат, агар хоҳед, аз ҳисоби база мустаҳкам кунед”, вале қаламрави худро мо худамон ҳимоя мекунем. Аз ҷиҳати ҳарбӣ-техникӣ ва техникаи ҳарбӣ мо ба кумак ниёз дорем. Мо ягон намуди силоҳи ҳарбиро истеҳсол намекунем.

Гуфтугӯ бо Абдулмаҷид Достиев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Пас, вақте президенти Русия Владимир Путин дар поёни ин ҷаласа гуфт, ки бо хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 ба кишварҳои узви СПАД зарурати ироаи кумаки фаннию низомӣ ба Тоҷикистон барои таҳкими марзҳояш пеш меояд, ӯ кадом навъи кумакҳоро дар назар дошт?

Достиев: Маслиҳат шуд, ки тибқи пешниҳоди онҳо кумак дар ду марҳила пешниҳод шавад. Дар марҳилаи аввал то охири соли ҷорӣ артиши Тоҷикистонро бо силоҳҳои сабук, силоҳҳои оташфишон таъмин кунанд ва минбаъд, аз соли оянда, бо техникаи зиреҳпӯш, бо танку БТР-у БМП ва бо авиатсия таъмин кунанд. Нағз шуд, ки таклифи президенти мо қабул шуд. Ба ҳеҷ ваҷҳ, оне, ки мегӯянд, ки бо сарҳадбонҳо кумак мекунанд, дар ин бора гап намеравад.

Озодӣ: Яъне манзуратон ҳамон изҳороти Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД аст, ки гуфт, сухан дар бораи бозгашти нирӯҳои русӣ ба сарҳадҳои Тоҷикистон намеравад?

Достиев: Бале, ҳамон аст.


“Равобити Путину Раҳмон ҳеҷ гоҳ коста нашуда буд”

Озодӣ: Мо аз шумо шунида будем, ки дар сафари Сочӣ қарор аст, мулоқоти сарони Русияву Тоҷикистон баргузор шавад. Оё ин мулоқот барпо шуд ва аз тафсилоти он чӣ хабар доред?

Сарони СПАД дар Сочӣ
Сарони СПАД дар Сочӣ
Достиев: Рӯзи 23 сентябр, баъди ҳамаи ин ҷаласаҳо, то поси шаб онҳо бо ҳам буданд. Лекин дар бораи рафти сӯҳбату қарордодҳояшон хабар надорам. Як ба як буданд. Президенти мо меҳмони онҳо буданд.

Озодӣ: Шумо ҳамеша дар сӯҳбат бо Озодӣ набзи равобити миёни раҳбарони ду кишварро бозгӯ мекардед. Ин масъала аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ҳамеша мегӯянд, ки равобити шахсии байни ду раҳбар ба аҳволи шаҳрвандони ин кишвар ва ё муҳоҷиронаш таъсир мегузорад. Эҳсоси шумо дар бораи равобити миёни Путину Раҳмон чӣ гуна аст?

Достиев: Ман хаёл мекунам, ки муносибати раҳбарони ду кишвар ҳеҷ гоҳ коста нашуда буд ва боварӣ дорам, ки намешавад, зеро мо бо ҳамдигар ҳамсояем. Агар ҳамсоягии ду оила ба ҷонаш расонад, якеаш метавонад ҷои зисташро дигар кунад. Дар давлатдорӣ ин кор намешавад. Гуфти русҳо, “мы обречены вместе жить по-соседству». Ин чизро ҷониби Тоҷикистон ва пеш аз ҳама президенти кишвари мо, ҷониби Русия ҳам бисёр хуб медонанд. Баъзе валвалаҳое, ки дар масъалаҳои ҷорӣ дар матбуот пахш мешавад, инҳо асосе надорад.


Муҳоҷирон ва интихобот

Озодӣ: Шумо рӯзи чоршанбе бо ҳайъати Коммиссиюни интихоботи Тоҷикистон шароити ташкили нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар Русияро баррасӣ кардед. Метавонед мушаххастар дар бораи ҷузъиёти сафари онҳо ба мо маълумот диҳед?

Достиев: Масъулияти ташкили овоздиҳии муҳоҷирон ба пуррагӣ дар масъулияти участкаи интихоботие вогузор шудааст, ки дар Русия ташкил мешавад. Ин ҳайъат барои он омадааст, ки баъзе тағйироту иловаҳо, шароити нави бавуҷудомада дар ин ҷабҳа, қонун дар бораи интихоботи президент, дастуруламалҳо ва нусхаи протоколҳоеро, ки овоздиҳиро ҷамъ овардаанд, шарҳ диҳад.

Озодӣ: Зимнан, шумо роҷеъ ба баҳсҳои ахир дар дохили Тоҷикистон атрофи маҳдудияти ҳақи ширкати муҳоҷирон дар раъйдиҳӣ ва манъ шудани ҷамъоварии имзоҳои муҳоҷирон ба тарафдоронии номзадҳои интихоботӣ аз ҷониби Комиссияи интихоботӣ хабар доред. Ин ниҳоди масъули интихоботӣ гуфтааст, ки дар саросари Русия танҳо 24 нуқтаи раъйдиҳӣ боз мешавад, ки аз нигоҳи мухолифони давлат, нокофӣ аст. Мухолифон ин тасмимро хилофи қонуни интихобот меноманд. Ба фикри шумо, чаро тасмим чунин шуд? Оё воқеан ҳам ташкили шароити раъйдиҳӣ барои муҳоҷирон дар саросари Русия душвор аст?

Достиев: Мақоми олии таъминкунандаи иҷрои меъёрҳои қонуни интихоботи президентӣ Комиссияи марказии интихобот аст. Онҳо бояд корро ташкил кунанд, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, қатъи назар аз ҷое ки набошанд, ҳуқуқи конститутсионии худро иҷро кунанд. Яъне қабл аз ҳама эълон кунанд, ки фалон рӯз интихобот аст. Дуюм, шароити овоздиҳиро таъмин кунанд. Ҷои овоздиҳӣ, участкаҳо, ҳавзаҳои интихоботӣ дар берун аз ҷумҳурӣ, масалан, дар
дар интихоботи парлумонии соли 2010
дар интихоботи парлумонии соли 2010
назди сафоратҳоро таъмин кунанд. Касе гуфта наметавонад, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия фаро гирифта наметавонем. Мо ҳанӯз моҳи январ аз созмонҳои ҷамъиятии тоҷикӣ, аз аъзои шӯрои ҷамъиятии назди сафорат дархост карда будем, ки рӯйхати ҳамватанонамонро таҳия кунанд ва аз онҳо пурсанд, ки моҳҳои ноябр дар қаламрави шумо чанд нафар одам мемонад, ки дар интихобот иштирок кунанд. Шаҳрвандони мо, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ҳама дар деҳот ё шаҳрҳо, яъне аз рӯи суроғаи зисти худ сабти ном мешаванд. Ҷои зисти онҳо мушаххас аст. Ва мураккабии кори мо ин аст, ки ҳамватанони мо ҷои кору зиндагии собит надоранд. Аксарияти кулли ҳамватанони мо дар ин ҷо ҷои кори доимӣ надоранд ва ду-се моҳ дар як вилоят, баъдан дар вилояти дигар буда метавонанд. Онҳо дар ин ҷо ҳам дар муҳоҷиратанд. Масъалаи дигар ин аст, ки шурӯъ аз моҳи сентябр, баробари шурӯи сардиҳо, ҳамватанони мо дубора ба ватан бармегарданд.

Озодӣ: Дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ оморҳо гуногунанд. Ба ҳисоби шумо, имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дорои ҳақи раъй ҳастанд, дар Русия чанд нафаранд?

Достиев: Бақайдгирӣ ҷараён дорад ва ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Кор рафта истодааст. Ман як чизи дигарро гуфтаниям, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳуқуқ дорад, ҳам масъулият. Мо аз ҳамаи онҳо хоҳиш мекунем, ки ҷои истиқомати худро ба мо бигӯянд. Бале, вазифаи мо, ҳукумат, ин аст, ки шароити овоздиҳиро ташкил кунем, ва айни замон, масъулияти шаҳрвандон ин аст, ки дар бораи маҳалли зисти худ хабар диҳанд ва биёянду рӯзи интихобот аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода кунанд. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз Русия беш аз 97 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон овоз доданд.

Озодӣ: Пас он 24 нуқтаи раъйдиҳӣ, ки чун маҳалли таҷаммӯъи бештари шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррар шудаанд, кадом шаҳрҳо ҳастанд?

Достиев: Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Краснодар, Тула, Астрахан, Новгород, Карелия, Хабаровск, Благовешенск ва дигар шаҳрҳо. Ҷои овоздиҳӣ дар назди консулгариҳо ва ҳамчунин, бо маблағгузории КМИР, дар маконҳои дигаре ташкил мешавад, ки он рӯз ба иҷора гирифта мешавад. Ба наздикӣ дар сайти сафорат ҳам мо муфассал тамоми маълумотро дар бораи шароити ширкат дар интихобот нашр хоҳем кард.


Қазияи Зайд Саидов

Озодӣ: Ҳанӯз роҷеъ ба мавзӯи дар як қатор ҷиноят муттаҳам шудани соҳибкори маъруф Зайд Саидов ба ҷуз намояндагони Ожонси зиддифасод, ҳеҷ намояндаи дигари давлат изҳори назар накардааст. Ӯро пайваста дар ҷиноятҳои нав муттаҳам мекунанд. Охирин иттиҳом рӯзи 24 сентябр садо дод. Вале худи Зайд Саидов ва ҳам мудофеъонаш мегӯянд, ки иттиҳомот сохта аст. Шумо чун як дипломати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам як шаҳрванд, оё ба одилона ҷараён гирифтани тафтиши ин қазия бовар доред?

Достиев: Мо бо он одам аз моҳи сентябри соли 1994 саломуалейк доштем. Дар гуфтушуниди тоҷикон дар Теҳрон бо ҳам вохӯрда будем. Ин назари ман ҳамчун як шаҳрванд, як тоҷик аст. Дар бораи парвандаҳову нуқсонҳои кораш, ки бо кадом сабаб дастгир шудааст, инро аз органҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд пурсид. Ман ҳам иттилое надорам. Касе, ки имрӯз, аз кадом тараф набошад, агар дар борааш ҳамчун як ҷинояткор гап мезанад, худ ҷинояткор аст. Ҷинояткор будани ин ё он гумонбарро суд муайян мекунад. Ман ба қарори суд эҳтиром дорам.

Озодӣ: Назари шумо чист, то куҷо парвандаи Зайд Саидов метавонад мунсифона, бетарафона ва одилона баррасӣ шавад?

Достиев: Ман боварии кулл дорам, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мувофиқи қонун ва Конститутсия амал мекунанд. Бовар дорам, ки новобаста аз миллату дину мазҳаб ва қашшоқиву дороии он шахс қилро аз хамир ҷудо мекунанд ва қарори дуруст мебароранд. Ман ба ин чиз боварӣ дорам.
XS
SM
MD
LG