Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр": То 5 январ парвозҳо комилан боздошта мешаванд. ВИДЕО


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ширкати миллии ҳавоии "Тоҷик Эйр" гуфт, ки муваққатан парвози ҳавопаймоҳо ба бархе самтҳоро бозмедорад. Дар ин бора субҳи 2-юми январ хадамоти матбуоти ин ширкат бо нашри як изҳорот, хабар дод.

Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст, ки "ширкати ҳавоӣ маҷбур шудааст бо далелҳои тиҷоратӣ ба ҷадвали парвозҳояш дар моҳи январи соли 2019 тағйирот ворид кунад".

Охири соли 2018 президенти Тоҷикистон дар як ҷаласаи ҳукумат аз кори ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" интиқод намуд ва амр дод, ки фаъолияти онро бисанҷанд.

Ширкат тавассути матбуот ва ҳам колл-сентри худ ин хабарро ба мусофиронаш расонидааст. "Мо тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи парвозҳо барқарор шаванд"-, омадааст дар изҳороти матбуотии "Тоҷик Эйр".

​Ширкати ҳавоӣ инчунин аз расонаҳои хабарӣ ва ҳам блогнависҳо даъват кардааст, ки "воҳима ва ширкатро ба анҷоми амалҳои ғайри қобили иҷро даъват накунанд".

Новосибирк, Екатеринбург, Сургут... парвозҳо боздошта шуд

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» рӯзи 2 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои ин ширкат то 5 январ боздошта мешаванд. То ин таърих «ягон парвоз ба ягон ҷо анҷом намешавад», гуфт ӯ.

Ба иттилои Хайруллоев, ба ин тартиб, «ҳафтаи ҷорӣ парвозҳои Хуҷанд, Санкт-Петербург, Теҳрон, Деҳлӣ намешаванд». Ӯ гуфт, ки ин парвозҳо ҳафтае як бор анҷом мешуд ва феълан маълум нест, ки оё ҳафтаи оянда ин парвозҳо анҷом мешаванд ё на.

Ӯ гуфт: «Ҳоло кор карда истодаем, нақшаҳоро мувофиқа мекунем, сохторҳои дохили ширкат ва раҳбарият ҳамаро мувофиқа мекунанд ва баъдан шуморо дар ҷараён мегузоранд”.

Айни замон, Азиз Хайруллоев гуфт, ки аз рӯи нақшаи онҳо, парвозҳо ба самти Маскав рӯзҳои 6, 11 ва 12 январ анҷом мешаванд. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он ки бархе хонандаҳои вебсайти Озодӣ мегӯянд, ки СМС дарёфт кардаанд, ки рӯзи 6 январ парвози онҳо аз Маскав ба Душанбе анҷом намешавад, Хайруллоев изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки бар асоси нақшаҳои имрӯзаашон ин парвоз баргузор хоҳад шуд.

"Тоҷик Эйр": То 5 январ парвозҳо комилан боздошта мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Ширкати “Тоҷик Эйр” дар маҷмӯъ ба 11 шаҳри хориҷ аз Тоҷикистон ва ду шаҳр дар ҳудуди кишвар парвозҳо анҷом медиҳад. Инҳо: Маскав, Пекин, Теҳрон, Деҳлӣ, Алмаато, Бишкек, Урумчи, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, Хуҷанд ва Хоруғ мебошад. Аксари ин парвозҳо ҳафтае як бор анҷом мешаванд. Парвозҳо ба Маскав ҳамарӯза анҷом мешуд ва моҳе пеш ба нақша гирифта буд, ки ба самти Хуҷанд ҳам ҳамарӯза парвоз кунад. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки сарнавишти парвозҳои онҳо ба Маскав чӣ мешавад, гуфт: “Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки парвозҳои мо мунтазам анҷом шаванд ва ба нақша гирифтем, ки баъди 6-уми январ парвозҳо ба Маскав аз сар гирифта шаванд”.

“Ҳафтаи аналитикӣ барои “Тоҷик Эйр”

Азиз Хайруллоев гуфт, ки сабаби тасмими боздошта шудани бархе парвозҳо дар моҳи январ “далелҳои тиҷоратӣ” дорад. Ба гуфтаи ӯ, “бисёрии рейсҳо нерентабелный (бидуни фоидаи молӣ) ҳастанд. Мо ҳоло аз назар мегузаронем, ки кадом рейсҳоро ҳамарӯза монем, кадомашон назар ба фоида харҷи бештар доранд. Умуман, дар аввали сол барои мо як ҳафтаи аналитикӣ аст. Мо бояд як нақшае бисозем, ки бар асоси он фоида бинем”.

То куҷо ин тасмим ба интиқоди президент аз кори ширкат рабт дорад, ки охири моҳи ноябр садо дод? Азиз Хайруллоев гуфт, ки санҷишу таҳлили кори ширкат «ба хотири пешрафти кор» ба роҳ монда шудааст, то ки «кор фоида биёрад». Дар паи интиқоди президент аз кори ширкати ҳавоӣ, Оҷонсии зидди коррупсия супориш гирифт, ки харҷу хароҷоти ин сохтор мавриди санҷиш қарор дода шавад. Президент дар интиқоди худ ба мавзӯи хариди ҳавопаймои бузурги "Боинг 767-332" дахл карда аз оҷонсии зидди коррупсия хоста буд, ки иддаоҳо дар бораи "гаронтар аз қимати аслиаш сабт шудани ҳавопаймо дар санадҳо"-ро таҳқиқ кунад. Азиз Хайруллоев ба Радиои Озодӣ дар ин замина гуфт, «мо корҳои агентии зидди коррупсияро шарҳ дода наметавонем, зеро ки фаъолияти онҳо, санҷишҳои онҳо давом дорад». Ӯ афзуд, ки ширкат ба кори худ идома медиҳад.

Азиз Хайруллоев гуфт, ки анҷоми зудтари марҳилаи санҷишу таҳлили самтҳои фоидаовари парвозҳо ба манфиати худи ширкат мебошад, чунки ҳар рӯзи таваққуф дар парвозҳо бар зарари худи онҳо мебошад.

Интиқоди президент аз ширкати "Тоҷик Эйр"

Ширкати "Тоҷик Эйр" дар ҳоле аз қатъи муваққати парвозҳо дар бархе аз хатсайрҳо хабар дод, ки авохири соли 2018 президенти Тоҷикистон дар як ҷаласаи ҳукумат аз кори ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" интиқод намуд ва амр дод, ки фаъолияти ширкатро бисанҷанд. Дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 29-уми ноябр раиси ҷумҳур ба се мушкили ширкат ишора кардааст.

Хайрулло Раҳимов, раиси "Тоҷик Эйр".
Хайрулло Раҳимов, раиси "Тоҷик Эйр".

Дар ин ҷаласа Хайрулло Раҳимов, раиси "Тоҷик эйр" ҳузур доштааст ва ба гуфтаи ду фарди огоҳ аз мавзӯъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат дар бораи фаъолияти ширкат ба мавзӯи хариди ҳавопаймои бузурги "Боинг 767-332" дахл кардааст, ки бузургтарин ҳавопаймои мусофирбар дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд, номашон ифшо шавад, Эмомалӣ Раҳмон иддаоҳо дар бораи "гаронтар аз қимати аслиаш сабт шудани ҳавопаймо дар санадҳо"-ро дар миён гузоштааст. Раиси ҷумҳур аз Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хостааст, иддаҳо дар ин бораро таҳқиқ кунанд, ки то куҷо асос доранд.

Эродҳои дигари раиси ҷумҳур ҳамчунин пардохт нашудани музди кори семоҳаи кормандони ширкат ва саривақт напардохтани ҳаққи истифодаи фурудгоҳ ва пули ширкати таъминоти сӯзишворӣ будааст.

Интиқод аз фаъолияти "Тоҷик-эйр" баъди бештар аз як моҳи тасдиқи Барномаи махсуси дастгирии давлатии "Тоҷик-Эйр” барои солҳои 2018-2023 сурат гирифта буд.

Бар асоси барнома, бояд қисмате аз саҳмияҳои "Тоҷик-эйр"-ро хусусӣ кунанд ва 21 ҳавопаймои кӯҳнаи онро, ки аксаран ҳавопаймоҳои русии Антонов ва мероси замони шӯравӣ ҳастанд, бифурӯшанд.

Шикоятҳо аз таъхири парвозҳои "Тоҷик Эйр"

Азбаски ширкати таъминоти сӯзишвории Тоҷкистон ҳудуди як сол боз ба "Тоҷик эйр» ба сабаби қарзҳои зиёдаш сӯзишворӣ намефурӯшад, ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" дар хориҷи кишвар маводи сӯхт мегиранд ва ин ҳолат зуд-зуд боиси таъхир дар парвози ҳавопаймоҳо мешавад.

Ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон аксар вақт барои таъхир дар парвози ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин сифати хидматрасонӣ дар матбуот танқид мешавад.

"Тоҷик эйр" шояд ягон ширкати давлатӣ аст, ки ҳар ду сол раисаш иваз мешавад. Дар 10 соли гузашта, дар ин ширкат 5 раҳбари нав таъйин кардаанд, вале вазъи он зиёд тағйир наёфтааст ва шикоят аз хадамоти он кам намешавад.

Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" дар маҷмӯъ 10 ҳавопаймои мусофирбар доранд. Ҳамзамон, ба Тоҷикистон ҳудуди 15 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвоз анҷом медиҳанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG