Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймо як рӯз дер кард (ХАРИТА)


Таблои парвозҳои фурудгоҳи Толмачёво. Шоми 25 июн
Таблои парвозҳои фурудгоҳи Толмачёво. Шоми 25 июн

Яке аз мусофирони парвози Новосибирск – Душанбе шикоят дорад, ки ин парвоз 18 соат ба таъхир афтод, вале "Тоҷик Эйр" мусофиронро аз қабл хабардор накард. Масъули ширкат мегӯяд, ки ин даъво асос надорад.

Парвози Новосибирск – Душанбеи ширкати "Тоҷик Эйр" ба ҷои зӯҳри 25 июн қариб як шабонарӯз дертар – субҳи якшанбе анҷом шуд. Аброр, яке аз мусофирони ин ҳавопаймо ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки касе мусофиронро аз қабл дар бораи ба таъхир афтодани ин парвоз хабардор накард ва ӯ маҷбур шуд, ки беш аз як шабонарӯз дар толори фурудгоҳи Толмачёвои Новосибирск мунтазир бимонад.

Аброр саргардониҳояшро дар фурудгоҳи Толмачёво чунин қисса мекунад: “Ман аз шаҳри Барнаул, ки аз фурудгоҳ қариб 240 километр дур аст, шоми ҷумъа баромадам ва алакай 10 соат пеш аз соати парвоз ба Толмачёво расидам. Инҷо фаҳмидам, ки мо рӯзи шанбе нею якшанбе мепарем. Касе моро пешакӣ хабардор накард. Дар фурудгоҳ низ намояндаи “Тоҷик Эйр”-ро пайдо карда натавонистам. Дар чунин ҳолатҳо бояд мусофиронро бо хӯроки гарм ва ҷои хоб дар меҳмонхона ҳам таъмин кунанд. Вале ман беш аз 30 соат дар фурудгоҳ мондам. Кас дар фурудгоҳ роҳат хоб рафта наметавонад. Гоҳ-гоҳе ғанабам мебурд, вале зуд бедор мешудаму бо талвоса санадҳояму борҳоямро хабар мегирифтам, ки оё ҳама дар ҷояш бошад?”

Novosibirsk International Airport (Tolmachevo) (OVB), Ob', Novosibirskaya oblast', Russia, 633104
Novosibirsk International Airport (Tolmachevo) (OVB), Ob', Novosibirskaya oblast', Russia, 633104

Дар фурудгоҳ ба мусофирони парвози “Тоҷик Эйр” пешниҳод кардаанд, ки шаби 25 июн бо ҳавопаймои ширкати русии “С7” ба Душанбе парвоз кунанд ва сипас пули худро аз “Тоҷик Эйр” пас бирӯёнанд. Аброр мегӯяд, ки бархе аз мусофирон аз ин имкон истифода бурданд, вале: “Ман натавонистам бо ин ширкати русӣ парвоз кунам, чунки борам зиёд буд. “С7” танҳо бори дастиро иҷозат медиҳад. Аз тарафи дигар, канӣ замонат, ки ман пули билетамро аз “Тоҷик Эйр” рӯёнда метавонам?”

Ҳавопаймо як рӯз дер кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим

Аммо Акбар Ҷалилов, намояндаи расмии ширкати “Тоҷик Эйр” дар Новосибирск рӯзи 27 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даъвоҳои ин мусофирро беасос хонд. Ӯ гуфт, ҳамаи мусофиронеро, ки шумораи телефонҳояшонро доштанд, хабардор карданд: “Вақте кас чипта мехарад, бояд шумораи телефони худашро бигузорад, то дар чунин ҳолатҳои форс-мажор ширкат битавонад мусофиронро огоҳ кунад. Шумораи касеро, ки доштем, огоҳ кардем.”

Акбар Ҷалилов далели қариб 20 соат ба таъхир афтодани ибтидо парвози Душанбе - Новосибирск ва табъан парвози Новосибирск – Душанберо ба мушкилоти фаннӣ ва ҳодисаи фавқулоддаи ҳафтаи гузашта, ки ҳавопаймои “Боинг”-и ширкати “Тоҷик Эйр” баъди ҳамагӣ 20 дақиқаи аз фурудгоҳи Душанбе ба қасди Екатеринбург ба парвоз хестанаш маҷбур шуд дубора дар Душанбе ба замин бинишинад рабт дод: “Баъди чунин ҳодиса ширкат бояд тамоми ҳавопаймоҳояшро тафтиш кунад, чунки масъала таъмини амнияти мусофирон аст, ки аз ҳама чиз болотар меистад. Ва табъан вақте як парвоз ба таъхир меафтад, парвозҳои дигар низ ноилоҷ қафо мемонанд. Барои ҳамин ҳавопаймо аз Душанбе ба Новосибирск дер омад.”

Тибқи қоидаҳои умумии парвозҳо, ки вазорати нақлиёти Русия ҳанӯз дар соли 2007 қабул кардааст, ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳҳои ин кишвар бояд дар сурати аз ду соат бештар ба таъхир афтодани парвоз мусофиронро бо нӯшокӣ таъмин кунанд. Сомонаи "Скайсканнер" дар тафсири ин қоидаҳои умумии парвоз менависад, ки агар таъхир беш аз 4 соат шавад, ширкатҳои ҳавопаймоӣ муваззафанд ба мусофирони худро баъди ҳар 6-8 соати таъхир ғизои гарм бидиҳанд. Агар таъхири парвоз шабона аз 6 соат ва дар рӯз аз 8 соат гузарад, мусофиронро бояд бо меҳмонхона ҳам таъмин кунанд.

Мусофирони тоҷик дар Толмачёво
Мусофирони тоҷик дар Толмачёво

Акбар Ҷалилов мегӯяд, “Тоҷик Эйр” ӯҳдадориҳои худро дар назди мусофиронаш иҷро кардааст: “Аз 132 мусофири парвози рӯзи 25 июн, ки ба 26 июн ба таъхир гузошта шуд, аксариятро аз пеш хабардор кардем, ки саргардон нашаванд. Ягон 10-12 нафареро, ки бехабар монданд ва ба фурудгоҳ як рӯз барвақттар омаданд, мо се дафъа хӯроки гарм додем. Мутаассифона, мо ҳанӯз шартнома надорем бо ягон меҳмонхона, вале бо ин вуҷуд, ҳамаи мусофиронамонро дар Новосибирск дар хонаи ёру дӯстон ҷобаҷо кардем, то ки дар фурудгоҳ азоб накашанд. Танҳо ҳамин як нафар монд, ки намедонам, барои чӣ аз ҳама чиз бехабар мондааст? Се дафъа тавассути баландгӯи фурудгоҳ мусофиронро хабардор карданд, ки барои мусофирони “Тоҷик Эйр” хӯроки гарм медиҳанд, биёед. Шояд гӯшӣ дар гӯш ҳушаш ба телефонаш шуда бошад.”

Аммо Аброр мегӯяд, аз ин ба баъд фикр хоҳад кард, ки барои парвозҳо аз хидмати ширкатҳои Тоҷикистон истифода барад ё на: "Модарам 1600 сомонӣ дода, бароям дар Душанбе чипта харид. Вале маълум шуд, ки мо 200 доллар дода, барои худ дарди сар харидаем."

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар паркаш як чархбол ва 35 ҳавопаймо дорад. Бино ба маълумоти расмии нашршуда дар сомонаи ин ширкат, ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” ба 5 шаҳри Русия – Маскав, Петербург, Екатеринбург, Сургут, Новосибирск ва ҳамчунин ба Бишкек, Теҳрон, Деҳли, Урумчӣ ва дар дохили Тоҷикистон ба Хуҷанду Хоруғ парвоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG