Мақомоти НАТО дар Афғонистон мегӯянд, амалиёти муштараки нерӯҳои паймон ва сарбозони афғон бо ҳадафи аз байн бурдани Толибону манобеи молии онҳо аз ҷануб ба шимол ба марзи Тоҷикистон густариш ёфтааст.
Айни замон ба гуфтаи фармондеҳони нерӯҳои ҳавоии НАТО, амалиёти муштарак бо нерӯҳои афғон барои аз байн бурдани сарчашмаҳои молии Толибон идома дорад.
Генерал Ҷеймс Ҳеккер, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии НАТО рӯзи панҷшанбе дар як сӯҳбати видеоӣ аз Вашингтон ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, дар амалиётҳои ахир бо маҳви корхонаҳои тавлиди ҳероини Толибон ба онҳо 30 миллион доллар зарар расонидаанд.
Ҷеймс Ҳеккер афзуд, дар ин амалиёт нерӯҳои махсуси афғон, сарбозони артиш ва нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳам ширкат мекунанд. Ба қавли генерали амрикоӣ, аз оғози амалиётҳо, ки дар ҷануб дар вилояти Ҳилманд шурӯъ шуд, то кунун ба гурӯҳи Толибон ва гурӯҳҳои мафиёӣ ва қочоқбар 200 миллион доллар хисорот ворид кардаанд.
“Ҳаштод то ҳаштоду панҷ дар сади ҳероини ҷаҳон дар Афғонистон тавлид мешавад. Толибон як гурӯҳи ҷиноӣ аст, ки аз ҳисоби маводи мухаддир ба фоида даст меоварад. Аз моҳи ноябри соли 2017, воҳиди 25-уми нерӯҳои Афғонистон, нерӯҳои махсус ва нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар ҳамкории наздик бо нерӯҳои Амрико, Толибонро аз 30 миллион доллар даромади мустақим маҳрум карданд. Онҳо ҳамчунин аз 160 миллион доллари дигаре маҳрум шуданд, ки ба воситаи созмонҳои қочоқбар ба даст меоварданд. Амалиёт на танҳо дар Ҳилманд, балки дар саросари Афғонистон идома меёбад. “
Амалиёти муштараки нерӯҳои афғон ва хориҷӣ бо ҳадафи аз байн бурдани корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир ва маҳви манобеи молии Толибон аз моҳи ноябр шурӯъ шуд ва фақат дар вилояти Ҳилманд, яке аз такягоҳҳои аслии гурӯҳ идома дошт, ки киштзорҳои азими кӯкнор ҳам дорад.
Аз ҷануб ба шимол ба назди марзи Тоҷикистон
Аммо рӯзи сешанбе фармондеҳони НАТО бо нашри баёнияе гуфтанд, ки амалиёти муштаракро ба шимолу шарқи Афғонистон густариш доданд. Ба гуфтаи онҳо, саркӯби гурӯҳҳои террористӣ ва маҳви манобеи даромади Толибон аз ҳадафҳои умдаи амалиёт аст.
Аз ин пештар дар рӯзи сешанбе 6-уми феврал фармондеҳони Амрико гуфтанд, ки “дар давоми 96 соати гузашта дар шимол дар вилояти Бадахшон амалиётҳои ҳавоӣ анҷом доданд, ки ҳадафи он пешгирӣ аз тарҳи ҳаракатҳои террористӣ дар марзҳо бо Чину Тоҷикистон мебошад." Вазорати дифои Афғонистон гуфт, дар амалиёт “шаш террористи хориҷӣ кушта шуданд”.
Ба гуфтаи Шафиқ Ҳамдам, мушовири пешини НАТО дар Афғонистон, баъди Ҳилманд, вилояти Бадахшони ҳаммарз бо Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар Тоҷикистон, дуввумин манбаи бузурги даромади Толибон ва гурӯҳҳои қочоқбар ба ҳисоб меравад.
Шафиқ Ҳамдам ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибон ва гурӯҳҳои қочоқбар қисми бузурги даромади молиашонро аз истихроҷи маъдан ва сангҳои гаронбаҳо ва ҳам фурӯши маводи мухаддир ба даст меоранд.
Дар Бадахшон ҳам кӯкнор кишт мешавад ва даҳҳо корхонаи тавлиди ҳероин фаъол аст.
Ӯ чунин далел овард: “Мухолифони мусаллаҳ (Толибон) дар шимол ба вижа вилояти Бадахшон ду манбаи даромад доранд, ки маводи мухаддир ва манобеи табиӣ аст. Дар Бадахшон ҳам кӯкнор кишт мешавад ва даҳҳо корхонаи тавлиди ҳероин фаъол аст. Дигар ин ки Бадахшон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сарҳад дорад ва қочоқбарон метавонанд, маводи мухаддирро аз ин сарҳад ба минтақа ва аз онҷо ба Аврупо қочоқ кунанд.”
Ба гуфтаи Шафиқ Ҳамдам, пайдо кардан ва маҳви коргоҳҳои истеҳсоли ҳероин дар Бадахшон мушкилтар аст, чун онҳоро барои эмин нигаҳ доштан, дар дохили кӯҳҳо ва ғорҳо сохтаанд.
Изтиробе, ки солҳои дароз Тоҷикистон дорад
Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва бахусус раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтаанд, ки фурӯши ҳероину тарёку афюн, яке аз сарчашмаҳои аслии даромади гурӯҳҳои террористӣ ва Толибон аст. Онҳо аз ҷомеаи байналмилал ва нерӯҳои НАТО дар Афғонистон хостаанд, ки талошро барои маҳви корхонаҳои тавлиди ҳероин ва киштзорҳои кӯкнор бештар кунанд.
Дафъаи ахир ин нигарониро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Ню Йорк такрор кард. Ӯ дар мубоҳиса дар бораи барқарор кардани ҳамкориҳо байни Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, рӯзи 19-уми январ гуфт, “Фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ ба мисли ДОИШ, Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ дар ноҳияҳои шимолии Афғонистон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир мояи нигаронии амиқи мо аст”.
Ӯ дар ин нишаст хост, талошҳо барои муқобила бо қочоқи маводи мухаддир, ки Тоҷикистон дар ҷабҳаи аввали мубориза бо он қарор дорад, бештар карда шавад. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1300 километр аст ва Тоҷикистон яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва фаротар аз он ба ҳисоб меравад.
Соли гузашта мақомоти қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон дар кишвар 4,5 тонна маводи мухаддирро кашфу мусодира кардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2016 1 тонна зиёд аст.