Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Насими "бесаробон"-ро ба модараш баргардонд


Мақомоти пулиси Маскав Насим Раҳмонови чордаҳсола, зодаи шаҳри Конибодомро, ки 28 декабр ҳамчун кӯдаки "бесаробон" ба зӯр аз модараш ҷудо карда буд, шоми 30 декабр баргардондааст.

Мақомоти пулиси Русия шоми 30 декабр ноболиғи тоҷик аз шаҳри Конибодом - Насим Раҳмоновро ба модараш баргардондаанд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, дар ин бора 31 декабр ба Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки ин навраси чордаҳсолаи тоҷик се рӯз қабл ба далели надоштани шаҳодатномаи таваллуд аз модараш ҷудо ва ҳамчун кӯдаки "бесаробон" ба шуъбаи пулис бурда шудааст.

"Азбаски Насим Раҳмонов бо худ шиносномаи хориҷӣ дошт ва дар он ному насаби волидонаш нишон дода намешавад, ӯро ҳамчун "бесаробон" ба шуъбаи пулиси нохияи Даниловскии Маскав бурдаанд. Ин қазия шоми 30 декабр бо мусоидати сафорат, намояндагии хадамоти муҳоҷират ва дахолати бевоситаи Павел Астахов - ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия ҳалли худро ёфт," – гуфт Эгамзод.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ки барои исботи хешу табории Насим Раҳмонов бо модараш Гулчеҳра Орифова шаҳодатномаи таваллуди аввалӣ дарёфт ва нусхаи он ба кормандони пулис пешниҳод шудааст.

Павел Астахов, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия
Павел Астахов, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия

Павел Астахов, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия, низ дар саҳифаи Твиттер ва Инстаграми худ бо хушҳолӣ навиштааст, ки Насим Раҳмонов соли 2016-ро ҳамроҳи модараш дар хона пешвоз хоҳад гирифт. Ӯ дар идома амалкарди пулиси Маскавро барои ҷудо кардани Насим аз модараш беасос хондааст. Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, дар бораи он ки оё Владимир Путин аз чунин қазияҳо огоҳӣ дорад ё не, гуфтааст, "Павел Астахов ҳамарӯза аз чунин қазияҳо президентро огоҳ мекунад ва ӯ дар ҷараёни ҳамагуна ҳодисаҳост."

Хабари аз модараш ҷудо кардани як ноболиғи тоҷик аз сӯи пулиси Маскав дар ду рӯзи гузашта баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по кард. ​Олга Николаенко, раиси Маркази мутобиқшавии кӯдакони гурезаҳо ва муҳоҷирон дар Русия, аз нахустин нафароне буд, ки дар борааи аз модараш ҷудо шудани навраси чордаҳсолаи тоҷик дар саҳифаи “Фейсбук”-аш хабар дод. Ӯ навишт, ки ​"ин ҳодиса дар ҷараёни амалиёти “Бесаробон” ва дар чорчӯби мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ анҷом шудааст."

Аммо ба таври иҷборӣ аз падару модар ҷудо кардани фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳодисаи нав нест. Шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо баҳонаи

нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар Рустам Назаров ва Зарина Юнусова, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо писари панҷмоҳаашон Умаралӣ Назаров боздошт карданд. Сипас, пулис Умаралии 5-моҳаро аз волидайнаш ҷудо карда ва падару модари ӯро дар утоқи бозпурсӣ муддати 5 соат нигаҳ доштааст.

Меҳринисо Назарова, бибии Умаралӣ, баъдан ба телевизионҳои Русия гуфта буд, ки барои набераи 5-моҳааш шир оварда, аммо пулис ширро ба кӯдак надодааст. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ набераи ӯро аз идораи пулис бурдааст, вале ӯро нагузоштанд, ки набераашро ҳамроҳӣ кунад. Оилаи Назаровҳо рӯзи дигар хабари шуми марги набераашонро аз масъулони бемористон дарёфт карданд.

Гулбаҳор Муродова, раҳбари созмони ғайридавлатии “Муҳоҷират” дар вилояти Хатлони Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодисаи аз модар зӯран ҷудо кардани кӯдакон миёни занҳое низ рух медиҳад, ки ба ҳангоми рухсатии меҳнатӣ ба аёдати пайвандон ба Тоҷикистон омода ва баъдан ба далели мушкил дар аснодашон ба Русия баргашта наметавонанд. Ӯ ба унвони мисол аз зане бо номи Қурбонгул ном бурд, ки соли гузашта 3 фарзанди хурдсолашро дар Маскав назди шавҳараш гузошта ба Тоҷикистон омада буд ва ҳангоми бозгашт ба Маскав дар фурудгоҳ ба вай гуфтаанд, ки расман ихроҷ шуда ва дар муддати 5 соли оянда ҳаққи вуруд ба Русияро надорад.

Гулбаҳор Муродова мегӯяд, ки ба далели гарон будани қимати билети ҳавопаймо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия наметавонанд ба ҳангоми сафари кӯтоҳмуддат ба ватан фарзандони худро биёранд. Дар сурати ошкор шудани мушкил дар аснодашон, аз бозгашт ба назди фарзандон дар Русия маҳрум мемонанд.

Ҳар сол бино ба иттилои расмӣ то як ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ ба Русия мераванд. Агар дар гузашта дар ин корвон фақат мардон буданд, ҳоло ба саффи онҳо зану фарзандони кӯчакашон низ ҳамроҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG