Дар панҷумин ҷашнвораи байналмилалии театрии "АРТ-ОРДО", ки ахиран дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, намоишномаи "Иштибоҳ"-и коргардони тоҷик Нозим Меликов сазовори ҷоизаи "Беҳтарин кори коргардонӣ" шуд.
Ин намоишнома аз рӯи асари драматурги фаронсавӣ - Албер Камю дар коргардонии Нозим Меликов таҳия шуда, аз рӯзгори ду зан - модар ва духтаре қисса мекунад, ки бо иштибоҳ писари ҷавони худро ба ҳалокат мерасонанд. Радиои Озодӣ бо коргардони тоҷик Нозим Меликов сӯҳбати ихтисосие анҷом дод ва нахуст сабаби бо намоишномаи драматурги фаронсавӣ Албер Камю ширкат кардан дар ҷашнвораи Бишкекро матраҳ кард?
Нозим Меликов: Аслан ҳар як фестивал талабот ва барномаи худро дорад. Вақте ки мо фаҳмидем, ки дар Бишкек фестивали байналмилалии театрҳои Осиёи Миёна ва Тотористон баргузор мешавад ва аз мо дархост шуд, ки нусхаи намоишномае фиристода шавад, мо нусхаи намоишномаҳои “Шаби дур аз Ватан” аз ашъори Бозор Собир, “Иштибоҳ”-и Албер Камю ва “Рустам ва Сӯҳроб”-и Фирдавсиро равон кардем. Узви доварони ин ҷашнвора маҳз намоишномаи “Иштибоҳ”-ро интихоб карданд. Сабаб ҳам ҷадид будани ин намоишнома буд. Вале паҳлӯи дигари он вазъи иқтисодӣ буд. Чун дар ин намоишнома худуди 8 нафар нақш офарида буданд, масъулони ҷашнвора низ инро ба назар гирифтанд. Вале ин ба намоишномаҳои драматургони тоҷик ягон монеа эҷод намекунад. Чун асарҳои драматургони мо дар саҳнаҳои зиёде дар хориҷ аз кишвар намоиш дода шудаанд.
Радиои Озодӣ: Қиссаи намоишнома низ ҳузнангез аст: “модару духтар иштибоҳан писари худро ба қатл мерасонанд”. Ангезаи рӯ овардан ба ин гуна фоҷиа чӣ аст?
Нозим Меликов: Мавзӯи намоишномаи “Иштибоҳ”-и Алберт Камю муҳоҷиратро дарбар мегирад. Фарзанде аз хонаводаи нодор ба муҳоҷират меравад ва дур аз ватан ба сар мебарад ва баъди 25 сол бармегардад. Модар ва хоҳари ин ҷавон, ки дар шароити пасти иқтисодӣ зиндагӣ мекарданд, бо истифода аз маҳали зисташон, ки сайёҳон аз онҷо дидан мекарданд, меҳмонхонаи муваққат боз мекунанд ва ҳамеша сайёҳони пулдорро ба хона роҳ дода, пас аз ғорати маблағи сайёҳ ӯро ба қатл мерасонданд. Ҳамин тавр рӯзе писари худро, ки ба хона омад, сайёҳ гумон карда ва ба ӯ заҳр додаанд. Дар ин ҷо риоя накардани қонуниятҳои илоҳӣ, башарӣ ва дунявӣ намоиш дода мешавад. Вақте онҳо ин ҳамаро пинҳон аз қонун анҷом медонанд, аммо аз ҷазои Худованд паноҳ набурданд. Натиҷа ҳам ин шуд, ки онҳо писари худро ба қатл расониданд.
Радиои Озодӣ: Яъне метавон гуфт, ки бозтоби ҳаёти имрӯз аст?
Нозим Меликов: Бале, мо аз расонаҳои хабарӣ мебинем, ки ҳазорҳо тан дар муҳоҷират ба сар мебаранд. Шароити зиндагии муҳоҷирон хеле бад аст. Воқеан мавзӯи ин намоишнома, дарди имрӯзи ҷомеаи мову ҷаҳон аст ва шояд бурди мо ҳам дар муваффақ шудани ин намоишнома дар ин буд.
Радиои Озодӣ: Шумо замоне дар театри “Аҳорун” фаъолият мекардед. Аммо пас аз даргузашти равоншод Фаррухи Қосим ин театрро тарк кардед. Чаро?
Нозим Меликов: Як чизро бояд гӯям, ки ҳама чиз абадӣ нест. Инсон як умр ҷавон намемонад. Албатта, инсон мехоҳад, як умр тифли бегуноҳ монад ва ҳамеша дар ҳолатҳои хуб зиндагӣ кунад. Аммо ҳаёт рангорангиҳо дорад. Баъд аз марги Фаррухи Қосим талаботи эҷодие, ки барои мани ҳунарманд лозим буд, дастрас набуд, эҳсос мекардам, ки ба ман фазои эҷодӣ намерасад. Даст задани ман ҳам ба кори коргардонӣ, қонеъ кардани он талаботҳои эҷодӣ ва инсонии ман буд. Ҳарчанд ман миёни Фаррухи Қосим ва дигар коргардонҳои тоҷик сатҳ намегузорам, аммо ман аз дигарҳо чизе гирифта наметавонистам. Идеяҳое, ки дар ман ҷамъ шуда буд ва дар деги андешаҳои ман пухта буданд, хостам ба воситаи кори коргардонӣ онро пиёда созам.
Радиои Озодӣ: Яке аз корҳои беҳтарини коргардонии шумо дар театри тоҷик дар чанд соли ахир, таҳияи намоишномаи “Шабе дур аз Ватан” бар пояи ашъори шоир Бозор Собир буд. Он вақт гуфта мешуд, ки шумо ин асарро ба устоди худ Фаррухи Қосим бахшидед?!.
Ҳолномаи Нозим Меликов
Нозим Меликов 5 ноябри соли 1966 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1991 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро бо тахассуси ҳунарманди театр хатм карда, ҳамзамон то соли 2003 дар театри Аҳорун фаъолият кардааст. Нозим Меликов аз соли 2003 то кунун дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, фаъолят дорад. Аввалин кори ӯ дар ин театр намоишномаи “Шаби бепоёни фохтак” аз рӯи асари драманависи эронӣ - Ҳамидризо Наимӣ буд ва то имрӯз бештар аз 15 намоишномаро рӯи саҳна овардааст, ки аксари онҳо дар ҷашнвораҳои театрӣ соҳиби ҷоиза шуданд. Аммо намоишномаи “Шабе дур аз Ватан” бар пояи ашъори шоири тоҷик - Бозор Собир, коргардон ва ҳунарманди театр Нозим Меликовро миёни ҳаводоронаш бештар маъруф кард. Намоишномаҳояш ин коргардонро аз саҳнаҳои театрии кишвар то ба Осиёву Аврупо бурдааст. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
Нозим Меликов: Бале. Аммо зиёд афсӯс мехӯрам, он замон аллакай устод дигар дар ҳаёт набуданд. Ин ҳам мавзӯи муҳоҷират аст, вале ин муҳоҷир, инсоне буд, ки ба ин дунё меояд. Инсоне, ки таваллуд мешавад, ӯ худ муҳоҷир аст, меҳмони ин дунё аст, ки рӯзе ҳатман меравад. Фаррухи Қосим ҳам як муҳоҷире буд, ки ба ин дунё омад ва нақши худро гузошту рафт. Як муддати дароз азияти маризиро кашид. Аммо заҳмат кашид. Мисли муҳоҷири “Шаби дур аз ватан”, бо ҳама бурдбориҳо, камбудиҳо, азобу эҷодҳо як муҳоҷире буд, ки мисли як шабе буду рафт. Умри инсон ҳамин гуна аст, ки мегузарад, вале бояд коре кард, ки аз он нақше монад.
Радиои Озодӣ: Бо иҷозаи шумо суҳбатро сари тамошобин ва театр идома медиҳем. Баъзе аз бузургони театр мегӯянд, театр рисолаташро гум кардааст. Шумо ба ин гуфта розӣ ҳастед?
Нозим Меликов: Не, гумон намекунам, ки чунин бошад. Чунки ягона моделе, ки инсоният дар тӯли тамаддун то имрӯз кашф кард, ин сохти театр буд. Фақат дар театр рӯҳу равони инсон таҳқиқ мешавад. Ман гумон мекунам, модоме, ки рисолати театр чунин аст, он ҳеҷ гоҳ намемирад.
Радиои Озодӣ: Чӣ бояд кард, то театр соҳиби тамошобин шавад?
Нозим Меликов: Андешаҳо зиёданд. Шояд талабот, талаботи ҳар инсон ба худаш бештар аст. То замоне, ки зарурати ба театр рафтан пайдо нашавад, мо тамошобинро маҷбурӣ ба толори театр ҷалб карда наметавонем. Чи хеле ки дар урфият мегӯянд, то Худованд рафтан ба театро дар дили тамошобин талқин накунад. То талаботи зеҳнии инсонҳо имрӯз ба театр, ки аз хондани китоб, маърифатнокии онҳо пайдо мешавад, ба вуҷуд наояд касеро маҷбур набояд кард.