Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба тақдири азал созам чӣ чора? Худкушии Наврӯзи 19-сола дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як ҷавони ҳамагӣ 19-сола аз ноҳияи Ховалинг худро дар вилояти Ленинград ба дор овехтааст. Дар як моҳи охир ин алакай сеюмин мавриди худкушии муҳоҷирони тоҷик танҳо дар ин гӯшаи Русия аст.

Дар мусофирӣ дилам шуд пора-пора,

Ба тақдири азал созам чӣ чора?

Ин пора аз дубайтиест, ки Наврӯз Саидалиеви 19-сола дар саҳифааш дар шабакаи “Одноклассники” гузоштааст. Охирин сабти Наврӯзи ҷавонмарг дар ин саҳифа...

Аммо охирин паёми Наврӯз ба ин дунё шояд номаи пешазмаргии ӯст, ки ба гуфтаи пулиси Русия, ӯ ба забони тоҷикӣ навиштааст ва ҳоло онҳо дар ҷустуҷӯи тарҷумонанд, то мӯҳтавои ин номаро ба тафтишот тарҷума кунад. Шояд ин нома иллати дар чунин синни ҷавон даст ба ҷони худ задани ин муҳоҷирбачаи тоҷикро рӯшан кунад...

Наврӯз Саидалиеви 19-сола, ки дар сохтмони бинои 22-қабатаи истиқоматии “Гринландия” дар маҳаллаи “Новий свет”, воқеъ дар гулгашти Воронтсови шаҳраки Мурино дар минтақаи Гатчинои вилояти Ленинград кор мекард, рӯзи 5 май дар ҷангалзоре дар наздикии маҳалли кораш худро дар дарахт ба дор кашидааст.

Назар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ин ҷавоне, ки худро овехт, Наврӯз Ҳафизович Саидалиев, соли таваллудаш 1997, зодаи рустои Шерхони ҷамоати Ҷонбахи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон будааст. Ҳоло ҷанозаи ӯ дар сардхонаи бемористони Гатчино қарор дорад. Дар ин бемористон табибони тоҷик ҳам кор мекунанд ва ҳоло онҳо ба наздикони Наврӯз муроқибат мекунанд. Ҳоло мо дар пайи таҳияи асноди лозим ҳастем, то ҷанозаи ин ҷавони тоҷикро бо ҳавопаймо ба Душанбе интиқол диҳем.”

Назар Мирзода гуфт, ҷамъияти тоҷикони шаҳри Петербургу вилояти Ленинград хадамаи вижаи гӯручӯби муҳоҷирони фавтидаро доранд, ки худ мурдаро мешӯянду кафан ва тобут мекунанд ва намози ҷанозаашро ҳам мехонанд. Вале ба гуфтаи ӯ, як мушкил дар роҳи интиқоли ҷанозаи Наврӯз Саидалиев дар ҳоли ҳозир ин аст, ки бародари ӯ, ки бояд ҷасадро то Тоҷикистон ҳамроҳӣ кунад, танҳо шиносномаи дохилии Тоҷикистонро дорад: “Ман ҳамин ҳоло роҳии фурудгоҳи Пулково ҳастам, то мудири фурудгоҳ ин мавзӯъро ҳал кунем ва бо иловаи ягон санад аз номи консулгарӣ ба бародари марҳум иҷозаи парвоз то Душанберо бидиҳанд. Агар масъала ҳал шавад, шояд алакай фардо, 7 май ҷанозаи Наврӯзро бифиристем.”

Сохтмони маҷтамаи истиқоматии "Гринландия" - маҳалли кори Наврӯз Саидалиев
Сохтмони маҷтамаи истиқоматии "Гринландия" - маҳалли кори Наврӯз Саидалиев

Вале Илҳом Саидалиев, бародари Наврӯз дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, фиристодани ҷанозаи бародараш аз як тараф, ба далели ҳанӯз идома доштани тафтишот ва аз тарафи дигар, ба даледи шурӯъи рӯзҳои таътилоти Иди Ғалаба, ки 9 май таҷлил мешавад, метавонад тӯл бикашад.

Илҳом Саидалиев, ки худаш низ ҳамагӣ 23 сол дорад, мегӯяд, ки ҳам ӯву ҳам Наврӯз барои бори аввал ба муҳоҷирати корӣ ба Русия омада буданд: “Ман ягон ду сол боз инҷоям, вале Наврӯз – ягон 7-8 моҳ пеш омада буд. Рӯзи 5 май, якҷо кор мекардем, ки якбора ғайб зад. Вақте ба кофтан даромадем, ҷасадашро аз як дараӣхт дар ҷангали назди корхона пайдо кардем. Намедонам, чаро даст ба ҷони худ зад Наврӯз?”

Илҳом Саидалиев мегӯяд, бародараш дар ҷои кор мушкил надошт, маошашро сари вақт мегирифт ва бо ҳамкорон низ моҷарое надошт, ки битавонад сабаби худкушии ӯ шавад: “Ин алакай дувумин фоҷиа дар оилаи мост. Як ҳафта пеш аз Ховалинг хабари марги хоҳари 17-солаамон Сайёра расид. Намедонам, шояд ғаму ғуссаи марги Сайёра буд, ки Наврӯз бо худ чунин кард...”

Наврӯз Саидалиев дар як моҳи охир ин алакай севумин муҳоҷири тоҷик аст, ки дар шаҳри Петербургу вилояти Ленинград худкушӣ мекунанд. Шаби 26 апрел Мӯҳриддин Аминови 31-сола аз рустои Зерободи ноҳияи Айнии вилояти Суғд худро дар ҳаммоми манзили иҷорааш дар кӯчаи Энгелси Петербург ба дор кашид.

Як моҳ пеш аз ин Ҳусейн Саидов, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе худро дар Петербург овехт. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, Ҳусейн Саидов аз бонк қарздор буд ва азбаски “натавонистааст қарзи бонкро баргардонад, худро ба дор овехтааст.”

Назар Мирзода
Назар Мирзода

Назар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург низ афзудани бори фишори иқтисодиро як сабаби умдаи мавридҳои афзояндаи худкушии муҳоҷирони тоҷик дар Русия мешуморад: “Муҳоҷирони бечора бо фоизи баланд аз бонкҳо қарз мегиранд, ки як бало карда, худро то Русия бирасонанд. Инҷо меоянду пули патенту азоби ҷустуҷӯи ҷои кор аз гиребонашон мегирад. Ин ҳама фишори равонӣ боис мешавад, ки бархеи онҳо даст ба ҷони худ бизананд.”

Равоншиносон мегӯянд, кам шудани даромади муҳоҷирон ба далели бӯҳрони иқтисодии Русия, маҳрум шудани ин тоифа аз ҷои кор, таъқиби мақомот, бархӯрди бегонабадбинонаи аҳолии маҳаллӣ, маъюсусиву ноумедӣ аз барор нагирифтани корашон дар мусофират ва болои ин ҳама, азоби дурӣ аз Ватан ва наздикон муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро дар ғурбат дар як шароити нисбат ба солҳои қабл боз ҳам осебпазиртар қарор додааст. Дар чунин шароити ба сурати умум тоқатфарсо, афзудани мавридҳои худкушӣ дар миёни муҳоҷирон, бахусус дар миёни онҳое, ки иродаи қавӣ ва тавони тоб овардан ба мушкилоти рӯзафзуни кору рӯзгорро надоранд, ба ақидаи равоншиносон, як амри мунтазира аст.

Бино ба оморҳо, ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф тарки дунё мекунанд. Бархе бар иллати маризӣ, бархе – ба иллати фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор ё дар садамаҳои нақлиётӣ, бархе – дар натиҷаи ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро. Вале бархе аз мардикорони тоҷик дар ғурбат, мисли Наврӯз Саидалиеви ҷавонмарг, бо роҳи худкушӣ ва андохтани риштаи дор ба гардани худ ба зиндагиашону ҳама мушкилоти зиндагиашон нуқтаи таммат мегузоранд.

XS
SM
MD
LG