Даргириҳои шадид миёни курдҳои ҳаводори ҳукумати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия ва як гурӯҳ исломгарои мусаллаҳи мухолифи ин режим рӯзи ҷумъа, 18-уми январ, дар марз бо Туркия рӯй дод. Аз моҳи ноябри соли гузашта мухолифони мусаллаҳи Башор Асад контроли гузаргоҳе дар шимолу шарқи Сурияро дар даст доранд ва озодана миёни Сурияву Туркия рафтуомад мекунанд.
Як сокини маҳаллӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, "даргириҳо шомгоҳи панҷшанбе ва рӯзи ҷумъа пас аз он шиддат гирифт, ки афроди мусаллаҳи курд барои муқобила бо муҳоҷимон пуштибонӣ дарёфт карданд. Аз замоне ки мухолифони низом вориди минтақа шуданд, ин минтақа шоҳиди хушунат аст."
Ӯ афзудааст, "афроди мусаллаҳ аз аъзои Ҷабҳаи нусрат ҳастанд, ки Амрико ба хотири иртиботаш бо созмони Ал-Қоида онро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор додааст." Аз замони оғози танишҳо дар Сурия, дар 22 моҳи гузашта, курдҳо талош карданд, худро аз бӯҳрон нигоҳ доранд, бо вуҷуди ин ки аз сӯи мухолифони Сурия муттаҳам ба ҳамкорӣ бо низоми Башор Асад мешаванд. Нерӯҳои давлатии Сурия ҳам бидуни ҳеҷ муқовимате аз минтақаи курднишин хориҷ шуданд.
Нерӯҳои вобаста ба Ҳизби иттиҳоди Курдистон, ки шохаи Ҳизби коргарони Курдистон дар Сурия аст, борҳо бо мухолифони мусаллаҳи ин кишвар вориди даргирӣ шудааст. Бархе фаъолони курд бими онро доранд, ки давлати Туркия, ки аз мухолифон дар Сурия пуштибонӣ мекунад, дар таниши худ бо курдҳо ба гурӯҳҳои ҷиҳодӣ рӯй овардааст.