Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон ба хотири шикасти Асад муттаҳид шуданд


Нишасти сарони мухолифини режими Башор Асад дар Доҳа, пойтахти Қатар
Нишасти сарони мухолифини режими Башор Асад дар Доҳа, пойтахти Қатар

Мухолифини ҳукумати Сурия тасмим гирифтаанд, ки бо ҳадафи шикасти режими Башор Асад муттаҳид шаванд.

Ин қарор шоми якшанбе, 11-уми ноябр, баъд аз музокироти тӯлонии мухолифини ҳукумати Сурия дар шаҳри Доҳаи Қатар эълон шуд.

Мухолифини ҳукумати Сурия Муаз ал-Хатиб, як рӯҳонии суннитабори мӯътадилро роҳбари эътилофи нави зидди режими Башор Асад интихоб карданд. Муаз ал-Хатиб дар гузашта имом-хатиби масҷиди маъруфи Уммавиён дар Димашқ буда, моҳи июл аз Сурия фирор кардааст.

Шӯрои миллии Сурия, ки намояндаи муҳими мухолифини режими Асад ба шумор меравад, мувофиқат кардааст, ки ба эътилофи нав шомил шавад. Эътилоф бо пешниҳоди соҳибкори муассир, Риёз Сайф матраҳ шуда, Иёлоти Муттаҳида аз он пуштибонӣ кардааст.

Алӣ Садриддин Баъйунӣ, собиқ раҳбари ҷунбиши Ихвонулмуслимини Сурия, ки дар музокироти Доҳа иштирок дошт, мегӯяд воқеан тамоми гуруҳҳои мухолифини Асад барои решакан сохтани режими ӯ муттаҳид шуда, дар фикри музокирот бо ин режим нестанд. Вазири умури хориҷии Туркия, Аҳмад Довудоғлу, ки дар баъзе бахшҳои ин музокирот ҳузур дошт, мегӯяд, “ин мувофиқат маънои онро дорад, ки мухолифини Сурия аз ин баъд пароканда нестанд.”
Моҳҳои тӯлонӣ сарфи назар аз даъватҳои пайваста мухолифини режими Сурия пароканда буданд.

Зимнан, Ҷорҷ Сабра, раҳбари нави Шӯрои миллии Сурия, аз кам будани кӯмакҳои ҳампаймонҳои ғарбӣ ва арабӣ изҳори норозигӣ кард. Баъд аз анҷоми нишасти Шӯрои миллии Сурия дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, ӯ гуфт, ки “мутаассифона, мо ба ҷуз бархе изҳорот ва пуштибонии андак чизе намегирем, дар ҳоле, ки ҳампаймонҳои Башор Асад барои ӯ чизеро дареғ намедоранд.” Ҷорҷ Сабра, дигарандеши маъруф, ки масеҳист ва дар гузашта аз ақидаҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, рӯзи ҷумъа раҳбари Шӯрои миллии Сурия интихоб шуд ва билофосила ба музокирот бо дигар гурӯҳи ниҳодҳо ба хотири муттаҳидсозии ҳама нерӯҳои мухолифин пардохт.

Раҳбари Шӯрои милли Сурия, афзуд, “мо умедворем, ки дар кишвари мо интихоботи демократӣ баргузор мешавад ва он ба мардуми дорои ақидаҳои гуногуни сиёсиву мазҳабӣ ва ба қишрҳои гуногуни ҷомеа имкон медиҳад то дар интихобот озодона ширкат кунанд ва давлати нави худро бунёд кунанд, давлатеро, ки мардуми Сурия барои он даҳҳо ҳазор қурбонӣ додааст”.

Ба Шӯрои миллии Сурия асосан суриягиҳое шомиланд, ки солҳои гуногун аз кишвар фирор кардаанд. Коршиносон мегӯянд, дар садри ин созмон баргузидани масеҳӣ – посух ба интиқод дар бораи нуфузи ҳарчӣ бештари исломгароҳо дар нерӯҳои мухолифини Сурия аст.

Дар рӯзҳои ахир ҳазорон паноҳҷӯи суриягӣ вориди хоки Туркия шуданд.
Дар рӯзҳои ахир ҳазорон паноҳҷӯи суриягӣ вориди хоки Туркия шуданд.
Нишасти мухолифини Сурия дар Доҳа дар ҳоле баргузор гардид, ки ба иттилои СММ, фақат шабонарӯзи гузашта Сурияро тақрибан 11 ҳазор нафар тарк намуда, асосан дар қаламрави Туркия паноҳ ёфтаанд. Айни ҳол дар Туркия, Лубнон, Ироқ ва кишварҳои шимоли Африқо беш аз 400 ҳазор суриягиҳои аз ҷанг фироркарда ба сар мебаранд.

Ахиран ИМА эълом дошт, ки барои кӯмак ба паноҳандагони суриягӣ 34 миллион доллар ихтисос додааст. Маблағи умумие, ки то имрӯз Вошинтон барои фирориён аз манотиқи ҷангзадаи Сурия ҷудо кардааст, беш аз 165 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии ИМА гуфта шудааст, ки бахши навбати кӯмаки башардӯстона аз либоси гарм ва болопӯшҳо иборат аст, то паноҳандагон аз сардӣ азият накашанд.

Ба иттилои фаъолони суриягӣ, баъд аз шурӯи ошӯби зиддиҳукуматӣ дар кишвар дар моҳи марти соли 2011, беш аз 37 ҳазор нафар – сокинони осоишта, ошӯбгарон ва низомиёну ҷонибдорони ҳукумати Башор Асад ба ҳалокат расиданд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG