Дар давоми 16 моҳи нооромиҳо дар Сурия ин бузургтарин бохти режими Асад ба шумор меравад.
Телевизиони давлатии Сурия гузориш додааст, ки Довуд Роҷҳа - вазири дифоъ, Осиф Шавкат - муовини вазири дифоъ ва шавҳари хоҳари Башор Асад, Ҳасан Туркоманӣ - раҳбари гурӯҳи бӯҳронҳо ҳангоми инфиҷори бомба дар ҷаласаи аъзои кабина ва раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ кушта шуданд. Ин ҷаласа дар ситоди Амнияти миллии ҳукумат баргузор мешуд. Иброҳим Шаар - вазири корҳои дохила баъдтар дар бемористон аз ҷароҳатҳои бардоштааш ҷон додааст.
Чанд нафари дигар аз аъзои боломақом низ дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти амниятӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, ки дар миёни онҳо Ҳишом Бахтиёр - раиси Хадамоти иттилоъотии Сурия низ ҳаст.
То ҳол масъулияти ин ҳамларо ду гӯрӯҳ бар ӯҳда гирифтаанд. Яке аз онҳо “Ливои ислом” ва дигарӣ “Артиши озоди Сурия” мебошад. Артиши озоди Сурия аз ҳисоби афсарон ва сарбозоне ташкил шудааст, ки аз артиши Сурия ҷудо шудаанд.
Риёд ал Асад - фармондеҳи ин артиш аз Туркия ба хабаргузории Ассошейтед Пресс гуфт, ки нирӯҳои вай дар дохили утоқи ҷаласа бомба гузошта будаанд. Вай афзуд “иншоолоҳ ин оғози сарнагунии режим аст” ва илова кард, ки “акнун навбати Башор Асад расидааст”.
Абдулбасит Сайидо, ки раҳбарии Шӯрои Миллии Сурияро бар ӯҳда дорад, аз Доҳа ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки “ин марҳилаи ниҳоӣ аст. Онҳо ба зудӣ суқут мекунанд. Имрӯз нуқтаи чархиш дар таърихи Сурия мебошад. Ба режим фишори бештар ворид хоҳад шуд ва баъд аз чанд ҳафта ё чанд моҳ онҳо сарнагун мешаванд”.
Баъд аз чанд соати ин ҳодиса генерал Фаҳод Ҷосим ал Фрейҷ - вазири нави дифои Сурия дар телевизиони давлатӣ зоҳир шуд ва гуфт, ки ин “як ҳамлаи ҷиноии террористӣ” будааст.
“Мо ононеро, ки барои Ватан ва истиқлоли он ҷон доданд, шаҳид меҳисобем. Мо таъкид мекунем, ки ин бобмгузориҳои террористӣ артиши моро аз адои хидмати худ барои пайдо кардан ва кӯтоҳ кардани ҳар даст, ки ба амнияти миллату шаҳрвандон дароз мешавад, бознамедорад. Ҷовидону пуршукӯҳ бод ёди қурбониён”.
Дар Вашингтон Кохи Сафед гуфт, ин ҳодиса собит месозад, ки Асад “контролро аз даст медиҳад” ва аз маҳофили байналмиллалӣ хост, ки барои гирифтани қудрат аз дасти вай аз нақшаҳои давраи гузор ҳимоят кунанд.
Кохи Сафед ҳамчунин гуфт, президент Обама дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ин вазъро баррасӣ кардаанд. Дар эъломияе гуфта мешавад, ҳар ду раҳбар роҷеъ ба барканории Башор Асад ваҳдати назар надоштанд, вале ба тавофуқ расидаанд, ки бояд ҳар чӣ зудтар марҳилаи гузори сисёсӣ анҷом бигирад, то аз идомаи ташдиди вазъ ҷилавгирӣ ба амал ояд.
Ба сабаби ин бамгузорӣ Кофӣ Аннон-фиристодаи байналмиллалӣ барои Сурия аз Шӯрои Амнияти СММ хост, ки райдиҳӣ барои қатъномаи таҳримҳои зидди Сурия аз рӯзи чаҳоршанбе ба панҷшанбе гузаронида шавад. Имрӯз дар Шӯрои Амният тарҳи ин қатънома ба райдиҳӣ гузошта мешавад.