Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Сванидзе: Кремлин миллатгароҳоро ҳадафмандона мешӯронад


Узви Палатаи ҷамъиятии Русия Николай Сванидзе, ки ахиран сиёсати миллии Кремлинро интиқод кард, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бо шӯронидани миллатгароҳо алайҳи муҳоҷирон Кремлин ҷони худро халос мекунад.

Николай Сванидзе, рӯзноманигор ва донишманди маъруфи рус дар ҷаласаи ахири Шӯрои масоили байнимиллӣ, таҳти раҳбарии президент Владимир Путин, сиёсати миллии ҳукумати Русия ва муносибати Кремлин ба афзоиши бегонаситезӣ дар ҷамъияти ин кишварро шадидан танқид кард. Ин нишаст рӯзи 22 октябр таҳти раҳбарии Владимир Путин ва бо ширкати раҳбарони созмонҳои миллӣ, ҳукуматҳои минтақавии Русия дар шаҳри Уфа баргузор шуд. Сванидзе дар изҳороташ аз ҳодисаҳои Бирюлево ёдовар шуд ва гуфт, ки ҳоло дар кишвар ҳамлаҳои танзимшуда бар зидди муҳоҷирон шурӯъ шудааст. Бо эътиқоди ӯ, масъала на дар муҳоҷирон, балки дар муносибати ҷомеа ба намояндагони миллатҳои мухталиф дар кишвар ва набуди фарҳанги ҳамзистиву эҳтироми баробар ба намояндагони миллату мазҳабҳои мухталиф аст. Ин сӯҳбатҳои Сванидзе ҳоло аз пурбинандатарин наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ буда, бахши умдаи корбарони Интернет аз ӯ пуштибонӣ кардаанд.




Озодӣ: Суханронии шумо дар ин ҷаласа бисёр таъсирбахш буд, зеро шумо масъалаеро ошкоро ба рӯи президент кашидед, ки маъмулан дар сатҳи фаъолони ҳуқуқи башар ва матбуот матраҳ аст, вале намояндагони давлат онро нодида мегиранд. Бигӯед, ки вокуниш ё посухи Путин ба ин гуфтаҳои шумо чӣ буд?

Сванидзе: Путин ҳеҷ посухе надод. Вай ба ман имкони сухан кардан дод ва ман назарамро баён кардам. Вай маро бо таваҷҷӯҳи тамом гӯш кард ва суханро ба дигарҳо дод.

Озодӣ: Интизор доред, ки ҳарфи шумо шунида шавад? Оё он чиро ки шумо дарк мекунед, Путин ҳам дарк мекунад?

Сванидзе: Путин ҳама чизро мефаҳмад ва ӯ, ба шарофати мақоме, ки дорад, як шахси хеле огоҳ аст. Масъала дар ин аст, ки ӯ чиро муҳимтар меҳисобад? Ҳоло раҳбарияти кишвар, пеш аз ҳама президент Путин дар як ҳолати ногувор ҳастанд. Аз як сӯ, онҳо хуб дарк мекунанд, ки миллатгароҳо, тундравҳои ашаддӣ, нозиҳо барои кишвар хеле хатарноканд. Кишвар аз дасти онҳо хароб мешавад. Русия як давлати сермиллату сермазҳаб аст. Сангандозӣ дар як хонаи шишагӣ хеле хатарнок аст. Ва ҳукумат инро хеле хуб мефаҳмад. Аз сӯи дигар, онҳо метарсанд, ки муносибати худро бо миллатгароҳо хароб кунанд, чунки эҳсосоти миллатгароӣ дар кишвар хеле баланд аст ва онҳо метарсанд, ки раъйи интихобкунандаҳои зиёди худро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ, онҳо бо миллатгароҳо муомила мекунанд. Ва ниҳоят, масъалаи сеюм ин аст, ки решаҳои миллатгароӣ дар ҷомеаи Русия хеле амиқ аст. Ин эҳсосот аз масоили иҷтимоӣ маншаъ мегирад. Ҷавонҳо аз вазъи иҷтимоии худ розӣ нестанд. Раҳбарони миллатгароҳо масъаларо ба самти низоъҳои байниқавмӣ равона мекунанд ва бадбинии миллиро тақвият медиҳанд. Дар ниҳоят, ҷаҳли ин ҷавонҳо зидди ҳукумат нигаронида мешавад. Аз ҳамин хотир, ҳукумат дар пеши интихоб қарор дорад, ки ҷаҳли ин ҷавонҳои нодору камсаводу бадхашмро зидди ҳукумат равона кунад, ё зидди муҳоҷирони беҳуқуқ? Ҳукумат ҳам, ба хотири ҳифзи ҷонаш, ин ҷаҳлро ба сӯи муҳоҷирон равона мекунад. Аз ҳамин хотир, онҳо ҳама чизро хеле хуб дарк мекунанд, масъала дар интихоби онҳо аст.

Озодӣ: Вале дар талоши ҳифзи ҷонаш, дар асл ҳукумат ояндаи ин давлатро зери суол мегузорад.

Сванидзе: Бале, яъне дар фикри манфиатҳои тактикӣ шуда, ҳукумат мушкилотро аз худ дур мекунад, масъала ҳалношуда мемонад, вале айни замон, барои оянда мушкилоти хеле сангини стратегӣ эҷод мекунад. Онҳо ба ин фикранд, ки мушкилот пеш ояд ҳам, дар оянда мешавад, на имрӯз. Инсон як хислат дорад, ки бештар дар фикри масъалаҳои рӯзмаррааш шуда, фардову пасфардояшро фикр намекунад.

Озодӣ: Моҳе пеш маркази насарсанҷии «Левада» гуфт, ки дар Русия эҳсоси бегонаситезӣ хеле боло рафтааст ва 80 дар сади ҷомеаи кишвар ба андозаи муайян аз ин ақидаҳо тарафдорӣ мекунанд. Аксарият дар пурсиш гуфтаанд, ки аз сокинони Қафқозу Чин эҳсоси хатар мекунанд. Дар чунин шароити воқеан ҳам хатарнок, ба фикри шумо, муҳоҷирон бояд ба кадом самт равона шаванд? Муҳоҷирони кишварҳои собиқ шӯравӣ, масалан шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ночорӣ, аз бекории шадид ба Русия рафтаанд ва дар ватанашон ба ин наздикиҳо кор фароҳам нахоҳад шуд, дар чунин шароити мудҳиш бояд чӣ кор кунанд?

Сванидзе:
Таҳлилҳои сиёсиву иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар оянда вазъ хеле бад мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ё Ӯзбакистон бояд тавре рафтор кунанд, ки амнияташон ҳадди аксар таъмин шавад. Вақте онҳо Русияро тарк мекунанд, ман намехоҳам ба онҳо дурӯғ бигуям, ки «бимонед, вазъ беҳтар мешавад». Ин ҷо давлат бояд тасмим бигирад. Нависанда Антон Чехов гуфта буд, ки «магаси ба пиёла афтодаро пуф карда, чойро нӯшидан мегиранд». Давлати мо ҳам ҳоло айнан ҳамин гуна рафтор мекунад – мушкилотро аз пеши назараш «пуф» карда, онро ҳал кардан намехоҳад. Ман ва ҳамкоронам, рӯзноманигорону фаъолони ҳуқуқи башар кӯшиш мекунем, ки ин масъалаҳоро ба ҳукумат бифаҳмонем, вале касе нест, ки ин ҳарфҳоро шунавад. Ин ҷо масъала дар иродаву интихоби сиёсӣ аст, ки бояд аз он истифода шавад.

Озодӣ: Вақте дар бораи иродаи сиёсӣ мегӯем, ба назари бисёриҳо, ки аз таҳаввулоти ахир тавассути телевизион огаҳ мешаванд, чунин менамояд, ки мушкили аслӣ бо лидерон ё раҳбарони ҷараёнҳои бегонаситезӣ аст. Бисёриҳо дар Тоҷикистон ҳам фикр мекунанд, ки агар Путин ирода кунаду шахсиятҳои мисли Жириновскийро аз ҳақи сӯҳбат бо матбуот ва телевизион, шиорпароканӣ, қабули қарорҳо дур кунад, шиддати масъала хеле кам мешавад. Барои ом, ҷавонҳои бесаводу бадҷаҳле, ки гуфтед, Жириновскию Онишенко қаҳрамонанд, аз пушти онҳо баланд мешаванд.

Сванидзе: Бале, дар миёни мардуми оддӣ онҳо маъруфият доранд. Вале бояд гуфт, ки ба тарафдории Жириновский чандон одами зиёд овоз намедиҳад. Шахсияти Жириновский аз назари он ҷолиб аст, ки ӯ бо рафтори худ ба самтгириҳои ҳукумат ишора мекунад. Ӯ як боднома (флюгер) аст. Жириновский ҳеҷ гоҳ чизеро, ки ба раҳбарияти аввал ғайри қобили қабул бошад, намегӯяд. Тамоми корҳои ӯ ё Онишенко барои раҳбарияти аввали кишвар писанд аст.

Озодӣ: Бо ёдоварӣ аз мавзӯи сӯҳбатамон – нишасти Шӯрои масоили байналмилалӣ. Оё дар атрофи Путин шахсиятҳои бедорандеш ва ошкоргӯ, ки битавонанд масоили муҳим ва дардноки ҷамъияти ин кишварро бо ӯ матраҳ кунанд, зиёданд?

Сванидзе: Он ҷо одамони гуногун ҳастанд, вале масъала дар ин ки бо гузашти вақт, шумори онҳо камтар мешавад. То рафт, бо набуди тағйироту дигаргунӣ дар ҳукумат, устухони ҳукумат ҳам сахт мешавад. Ва ин чиз на танҳо марбут ба Русия аст, дар дигар кишварҳо ҳам инро дидан мумкин аст. Устухон, ки сахт шуд, ҳақиқатро ҳам камтару таърифу тавсифро бештар шунидан мехоҳанд.
XS
SM
MD
LG