Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр аз боздошти гумонбар дар қатли ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино хабар дод ва гуфт, ки ин нафар Умедҷони Амрохон, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб мебошад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Умедҷони Амрохон дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони ин ниҳод, имрӯз, ҷумъаи 13 ноябр боздошт шудааст ва як шарики дигари ӯ дар кофтукоб қарор дорад. Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, "Умедҷони Амрохон, соли таваллудаш 1994, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб буда, ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ, ки айни ҳол дар кофтуков қарор дорад, содир намудааст. Умедҷони Амрохон дар ш. Душанбе муваққатан истиқомат дошта, расман бекор мебошад."
Аммо дар ин хабар исми шарики дуюми гумонбари дастгиршуда далели даст ба қатли кормандони комиссариати низомӣ задани онҳо гуфта намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки "сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян карда мешавад. Нисбати далели мазкур паравндаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад."
Субҳи 7-уми ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд.
Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба дунболи ин ҳодиса рӯзи 9 ноябр барои пайдо кардани ҳамлагарон аз мардум ёрӣ хост ва барои маълумоте, ки қотил ё қотилонро фош мекунад, 10 ҳазор доллар ҷоиза эълон кард.
Ҳамзамон дар торнамои расмии вазорати корҳои дохилӣ як навор аз дурбинҳои назоратии "Шаҳри бехатар" низ нашр шуд, ки гуфта мешуд, ба эҳтимоли зиёд яке аз ҳамлагарон дар он тасвир ёфтааст.
Тафтиши ин ҳодисаро додситонии низомии Тоҷикистон ва додситонии ноҳияи Сино пеш мебаранд.
Навори дурбинҳои "Шаҳри бехатар" аз маҳалли ҳамла ба кормандони комиссариати низомии ноҳияи Синоро инҷо бубинед: