Имрӯз, гоҳе ки вазъи муҳоҷирони тоҷикро мебинем, метавон аз таърихи гурезаҳои ҷанг ёдовар шуд. Ё ҳамоно дар он сӯи Омӯ афроде ҳастанд, ки омодаанд, бо силоҳ ба Тоҷикистон ҳамла кунанд. Номи тоҷикон акнун на танҳо ҳаммаънои муҳоҷир, балки ифротӣ ва террорист шудааст.
Мухолифон аз таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ мегӯянд ва шиори инқилоб мепартоянд. Пас, оё дар кишвар сулҳе ҳаст? Вазъи имрӯз ва ёди имзо шудани созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар фасли нави подкасти “Ганҷи шойгон”.