Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар
Аз блоги "Рӯзи нав"
- Аз интихоботи порлумонӣ, ки ҳамчун вакил вориди Маҷлиси Намояндагон шудед, ҳафт моҳ гузаштааст. Ин фосилаи начадон тӯлоние буд, ки дар фазои сиёсии Тоҷикистон бештар муаррифӣ шавед. Айни замон танқидҳои зиёде нисбат ба Шумо тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ садо доданд. То куҷо таҳаммулпазир ҳастед?
- Бо гуфтаҳои Шумо розӣ ҳастам. Аз замони интихоботи порлумонӣ муддати зиёде нагузаштааст. Мо мувофиқи оинномаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва барномаҳои худ корҳои мушаххас бурда истодаем. Ҳар ҳизби сиёсӣ, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунад, барномаи худро дорад. Ҳақ дорад, дар интихоботи президентӣ иштирок кунад. Ба ин сабаб, номзадии маро дар анҷумани 35-ум пешниҳод карданд. Маъракаҳои пешазинтихоботиро бурда истодаем.
- Як суол ин аст, ки дар баъзе аз хабарҳо омада буд, ки иҷлосияи аввали Маҷлиси Намояндагонро Шумо раисӣ мекунед, аммо ин иттифоқ пеш наомад. Раисикунанда каси дигар шуд, чаро?
- Ин дуруст аст. Ҳатто барномаи иҷлосия дар дасти ман буд. Тайёр будам, ки иҷлосияро раисӣ кунам. Ба далели онки мариз шудам ва сардухтури шуъбаи кардиология иҷоза надод, масъулиятро бо ду дасти адаб ба Абдуҳалим Ғаффоров супурдем. Ӯ ду сол аз ман хурдтар аст. Инро ҳама медонад.
- Дар бораи таблиғоти густарда дар маъракаи интихоботӣ зиёд суҳбат мекунед. Вале дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мардум мегӯянд, ки таблиғоти ҳизбҳо кам аст ва фазои интихоботиро эҳсос намекунанд. Ба ин гуна назарҳо чӣ ҷавоб медиҳед?
- Ҳар ҳизб барнома дорад. Бо роҳҳои худ таблиғот мебарад. Бо сухани Шумо розӣ шудан ва розӣ нашудан ҳам мумкин аст. Барномаҳои мо дар нашрияи “Коммунисти Тоҷикистон” ва дигар варақаҳо ҳаст. Шояд кам мехонанд.
- Шиори асосии интихоботии Шумо дар ҷомеа бояд шахси камбизот ва бесарпаноҳ набояд бошад. Чаро маҳз ҳамин шиорро имрӯз муҳим мешуморед?
- Ин шиори ҳизби мо аст, ҳизби меҳнаткашон. Оҳиста-оҳиста беҳтар шуда истодааст, вале дар Тоҷикистон бояд шахси камбизоат набошад. Ҳамаи барномаҳо барои беҳатар кардани зиндагии мардум аст. Ҳаракат кунем, ки дар ҷомеа ягон шахси камбизоат ва бесарпаноҳ набошад.
- Фикр мекунед, иқдомҳое, ки ҳукумат анҷом медиҳад, кофӣ нестанд?
- Не, кофӣ ҳастанд, аммо дар замони имрӯза ҳамаи ин иҷро нашуда истодааст. Ҳамаи ин ба дараҷаи даркорӣ, ки талаботи барномаҳо ҳаст, иҷро намешавад. Камбудиҳо ҳаст. Пас аз даҳсола мо ба пешравии мукаммал даст ёфтем. Ҷумҳурии мо ҷумҳурии соҳибистилоли ҷавон аст. Ҳамавақат барномаҳо ба таври даркорӣ иҷро намешавад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ, аз ҷиҳати сиёсӣ. Шумо беҳтар дарк мекунед, чун бо расонаҳо шинос ҳастед.
- Як нуктаи хеле муҳим дар барномаи пешазинтихоботии Шумо муҳокимаи умумихалқии қонунҳои муҳим аст. Чаро имрӯз инро ҷиддӣ меҳисобед?
- Қонунҳо бисёранд. Аксари онҳо амалӣ мешаванд. Қисман, аз ҷумла хусусигардонии моликияти давлатӣ, иҷро намешаванд. Корхонаҳое, ки як замон 300-400 ҳазор нафарро бо кор таъмин мекарданд ва маҷбур шудем хусусӣ гардонем, пароканда шудаанд. Аз кор монданд. Аз ҷиҳати амалӣ нашудани баъзе қонунҳо фаъолият намекунанд. Мо дар барномаи худ инро зикр кардем.
- Яъне гуфтан мумкин аст, ки агар Ҳизби коммунист дар интихобот ғалаба кунад, авлавияти бештар ба моликияти давлатӣ хоҳад дод?
- Ғалаба мекунем, ё не, ин аз интихобот вобаста аст, бояд моликияти давлатӣ бартарӣ дошта бошад.
- Дар кадом соҳаҳо?
- Дар ҳама соҳаҳо. Вақте таваҷҷуҳ ба моликияти давлатӣ баланд аст, дигар корҳо пеш мераванд.
- Фикр намекунед, ҳамингуна изҳорот барои онҳое, ки сармояи зиёд ҷамъ кардаанд, ба муқобили Шумо овоз медиҳанд?
- Овоз медиҳанд, ё не, фарқ надорад. Ман ақидаи худро дорам, ба он устувор ҳастам ва дуруст мешуморам.
- Вобаста ба ҳокимияти меҳнаткашон дар шакли шӯроҳо. Мо дар солҳои 90 ин гуна таҷрубаро доштем, вале дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омад...
- Дар интихобот ҳар касе дастболо шавад, ба инобат гирад, мо таклиф кардем. Бартарии ин шӯроҳоро мо дарк мекунем. Касе дастболо шавад, дастгирӣ кунад, барномаро амалӣ кунад. Вагарна...
- Назарсанҷии ғайрирасмӣ гузарондед, ки ба ҷонибдорӣ аз Шумо тақрибан чӣ қадар овоз медиҳанд?
- Интихобот як қонун дорад. Ба утоқ даромада, овоз медиҳанд. Ихтиёри онҳо аст, ки ба кӣ овоз медиҳанд. Мо пайравони худро дорем, ки ба ақидаи мо розиянд. Пас аз интихобот мефаҳмем.
- Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистӣ ба ҳамдигар хеле монандӣ ва наздикӣ доранд. Чӣ фарқ доранд?
- Ҳар ҳизб барнома дорад, тактикаву стратегияи алоҳида дорад. Бале, бо Ҳизби сотсиалистӣ наздикӣ ҳаст. Бисёр ақидаҳои ҳамдигарро гӯш мекунем, хулос мебарорем. Баъзе нақшаҳои мо бо онҳо рост меояд. Дар масъалаи хоҷагии қишлоқ ва некӯаҳволии мардум. Вале ақидаи мо дигар аст.
- Нуктаи ҷолиб дар барномаи пешазинтихоботии Шумо метавонад, ки мардуми зиёдро ҷалб кунад. Яъне, дар муддати ҳафт-даҳ соли наздик бо хонаи шахсӣ таъмин кардани ҳамаи оилаҳо ҳаст. Онро дар замини чӣ мехоҳед амалӣ кунед?
- Фаромӯш накарде бошед, системаи ипотека ҳаст. Сафи ҷавонҳо зиёд шудааст ва Худо зиёдтар шавад. Онҳо оиладор ва фарзанддор мешаванд ва бояд ҷудо зиндагӣ кунанд. Ба онҳо манзил даркор аст. Давлат замин ҷудо кардааст, барои сохтани он ипотека зарур аст, ба муҳлати даҳ-понздаҳ сол қарз диҳанд. Дар назар доштем, додани қарзҳои бонкӣ сабуктар шавад. Фоизи қарзҳои бонкӣ зиёд аст. Кам кардани он аз нақшаҳои мо аст. Бонкҳо назорат карда шаванд, зери назорати давлат бошанд. Шумо ё ман маблағи чандсол ҷамъовардаи худро ба бонк месупорем, вале ҳоло баргардонда наметавонем. Бояд дар зери назорати давлат бошанд.
- Гирифта натавонистани пули худ аз бонкҳо. Чанд сол аст, ки ин масъала вуҷуд дорад. Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ин мавзуъро муҳокима карда будед?
- Накардем. Мо ният дорем. Дар вақти суҳбатҳо бо мардум дар вилоятҳои Суғду Хатлон ин масъала рӯ зад. Барномаҳои мо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Бисёриҳо розӣ шуданд, ки ин мавзуъро дар оянда баррасӣ кунем.
- Ҷонибдорӣ мекунанд?
- Бале, суҳбат мекунанд. Пас аз вохӯриҳо ҷамъ мешаванд, нағз кабул карданд.
- Мегӯянд, раиси Ҳизби коммунист дар ин вохӯриҳо ҳузур дорад, вале аз номи ӯ шахсони боэътимодаш суҳбат мекунанд, чаро?
- Номзад шахси боэътимод дорад. Аввал бояд шахсони боэжътимод гап зананд ва агар суоле ҳаст, ман ҷавоб медиҳам. Ин аз рӯйи қоида аст, аз рӯйи қонун аст.
- Чаро бояд мардум ба Шумо овоз диҳанд?
- Мақсади Шуморо фаҳмидам. Ҳар овоздиҳанда фикри худро дорад. Ба кадом номзади арзандае, ки дар оянда барномаро амалӣ мекунад, раъй медиҳад. Дигар гуфта наметавонам, ки чаро ба коммунистҳо, аграриҳо ва дигарон овоз медиҳанд ё намедиҳанд. Ин ихтиёри интихобкунандаҳо ҳаст.