Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби 4 истгоҳи барқӣ ва 40 симчӯб дар тундбодҳои Хуҷанд


То шомгоҳи чаҳоршанбеи 27-уми декабр ҳанӯз шабакаи барқии аз тундбод осебдидаи Хуҷанд ва бархе ноҳияҳои қисмати марказии вилояти Суғд, барқарор нашуда ва ба мазилҳои сокинон ва иншооти давлатӣ нерӯи барқ дода нашудааст. Дар ҳоли ҳозир танҳо бархе муассисаҳои иҷтимоӣ, мисли беморхонаҳову марказҳои саломатӣ бо барқ таъмин мебошанд.

Биноба гуфтаи мутахассисон, дар 30-40 соли охир вилояти Суғд барои бори аввал шоҳиди чунин боди тунд ва шамоли сахт будааст.

Шаҳзода Бӯтаева, сухангӯи Ситоди ҳолатҳои вазъи фавқулоддаи вилояти Суғд шоми 27-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асари вазиши боди шадид дар шимоли Тоҷикистон, манзилҳои сокинон ва биноҳои иншоотҳои давлативу иҷтимоӣ, мисли мактабу бемористонҳо осеб дидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз шамоли шадид тақрибан ҳама шаҳру деҳоти минтақа ва бештар шаҳри Хуҷанд зарари молӣ дидаанд. Хушбахтона, дар бораи талафоти ҷонӣ гузорише нест. "Хатҳои барқ ва трансформатору марказҳои барқрасонӣ, бомҳои хонаҳо хароб гардида, дарахтон шикаставу чаппа шудаанд. Ҳоло як комиссия хисороти расидаро ҳисоб ва натиҷагирӣ мекунад",- афзуд ӯ.

Тундбоде, ки соатҳо тақрибан 12-и шаби 26 ба 27 декабр бархост, дар Хуҷанд ба ҳадде сахт буд, ки садои он сокинонро ба бим андохт. Ба мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ, арчаи 16-метрӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд низ аз шиддати бод чаппа шудааст. Аз шиддати шамол тирезаҳои манзилҳои зиёди сокинон пора шуда ва витринаҳои чандин мағозаҳо афтода ва шикастааст.

Ҳамзамон бо ин, имрӯз, чаҳоршанбеи 27-уми декабр дар бархе аз таълимгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла бархе аз факултаҳои донишгоҳҳои ин шаҳр, ки аз вазиши боди сахти шаби гузашта хисорот дидаанд, таътил эълон шудааст. Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар 30-40 соли охир вилояти Суғд барои бори аввал шоҳиди чунин боди тунд ва шамоли сахт будааст.

Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ аз номи ҳукумати Хуҷанд навиштае нашр кард, ки аз соатҳои ба амал омадани офати табиӣ, мақомот чораҳои таъҷилӣ андешида ва ситод ташкил карданд.

Ба гуфтаи ӯ, субҳи 27-уми декабр тамоми сохторҳои коммуналӣ ва сохтмонии шаҳр барои барқарор намудани иншооти харобгардида ҷалб карда шуданд ва то нисфирӯзӣ қисме аз он барқарор гардиданд. Манбаъ афзуд, аз субҳи рӯзи 27-уми декабр дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд коргарон шикастапораҳои масолеҳи сохтмониву дарахтонро ҷамъ оварданд.

Биноба ин манбаъ, тибқи маълумоти муқаддамотӣ, бар асари шамоли сахти шаби 26 ба 27-уми декабри соли равон дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, 4 истгоҳи барқӣ, 40 сутуни барқ, зиёда аз 100 дарахт, боми якчанд манзилҳои баландошёна, иншооти обрасон, ноқилҳои барқӣ, беморхонаву мактабҳо, кӯдакистонҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим хароб шуда, аҳолӣ бе нерӯи барқ ва қисме бидуни оби нӯшокӣ монданд.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз сокинон даъват карданд, дар робита ба ин офати табиӣ "маданияти баланди шаҳрдориро риоя намуда, ба ҳаргуна овозаву дасиса ва гуфтаҳои беасос дода нашаванд ва сабуриро пеша карда, дар бартараф намудани офати табиӣ ҳамдасти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бошанд."

Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисон ба барқарор кардани хатҳои барқ машғуланд ва умедворанд, ки ҳарчӣ зудтар ба манзилҳои сокинон барқ дода шавад.

XS
SM
MD
LG