Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи Фарҳоду Моҳрӯ. Худкушии ду ошиқи ноком дар Навзамин


Ноҳияи Ҷиликӯл. Акс аз бойгонӣ
Ноҳияи Ҷиликӯл. Акс аз бойгонӣ

Фарҳод ба духтари амакаш Моҳрӯ дил баст. Вақте волидон монеи издивоҷи онҳо шуданд, ин ду дилдода худро аз ҷарии баланд партофтанд. Моҳрӯ ҷон бохт, вале Фарҳоди ӯ зинда монд.

Ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯли собиқ) дар вилояти Хатлонро дар чанд рӯзи охир қазияи худкушии ду дилдодаи ҷавон сахттакон дод.

Фарҳод Рустамов, сокини 20-солаи рустои Пахтакори ҷамоати Навзамини ноҳияи Дӯстӣ, субҳи барвақти 7 июн ҳамроҳ бо амакдухтари 16-солааш Моҳрӯ Рустамова, ки дар ҳамсоядеҳаи Умед ба сар мебурд, худро аз як ҷарии баланд партофтанд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин қиссаро «оқибати сабукандешию бесабрӣ ва ба эҳсосоти зиёд дода шудан» хонда, навиштааст, дар ноҳияи Дӯстӣ «ду ҷавони дилдода сабру таҳаммулро пеша накарда, даст ба худкушӣ заданд.» Бино ба гузориши сомонаи расмии ин вазорат, «7-уми июни соли 2016, тахминан соати 07:30-дақиқа, ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ ва духтари 16-солаи сокини ҳамин ноҳия, аз сабаби оне, ки волидайнашон барои оила барпо намудани онҳо бо сабаби ҳанӯз ноболиғ будани духтар розӣ нашудаанд, бо мақсади худкушӣ ба болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи мазкур баромада, ҳардуяшон даст ба даст карда, худашонро ба ҷарии баландиаш тахминан 100-метр партофтаанд.»

Дар натиҷа, духтари ноболиғ дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст, вале ҷавони дилдодааш бо вуҷуди ҷароҳатҳои сангин зинда мондааст.

Ҷамшед Убайдуллоев, раиси ҷамоати Навгилем рӯзи 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Фарҳод Рустамов дар беморхонаи Қароболои пойхт таҳти табобат қарор дошта, алакай ба ҳуш омадааст: «Ҷароҳатҳои зиёд бардоштааст, вале ҳамин ҳоло занег заданд, ки вазъаш хуб шудааст. Аммо духтари амаки ӯро, ки баъди афтодан аз он баландӣ дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд, алакай ба хок супурдем. Як қиссаи ошиқии поёнаш бисёр талх шуд ишқи ин ду ҷавон.»

Ҷамшед Убайдуллоев мегӯяд, падари Фарҳод дар Русия муҳоҷир аст, вале падари духтар солмандтар буда, дар рустои Умед бо фарзандонаш ба сар мебурд: « Ӯро як писараш дар Русия кор мекард. Худи Фарҳод ҳанӯз ягон ҷо кор намекард.Ӯ зодаи соли 1996 буд. Духтаре ки қурбони ишқи ӯ шуд, соли 2000-ум ба дунё омада буд. Ҳамагӣ 16 сол дошт, ки ҷавонмарг шуд.»

Ба гуфтаи раиси ҷамоат, Фарҳод Рустамов ба духтари амакаш дил бастааст, вале волидони ҳам ӯ ва ҳам духтар чандон розӣ набудаанд. Аз тарафи дигар, дар Тоҷикистон ахиран ба Кодекси оила тағйироте илова шуд, ки издивоҷи хешутабориро манъ мекунад. Ин тағйирот, ки моҳи декабр аз сӯи парлумон тасвиб ва моҳи март аз тарафи раисиҷумҳур имзо шуд, ҳанӯз пурра ба иҷро надаромадааст, вале мақомоти маҳаллӣ аз ҳоло ба ҷуфтҳое, ки хешу таборанд, иҷозати ақди никоҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG