Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳои конститутсионии Қирғизистон: Як қадам ба пеш, як қадам ба қафо


Эътирози зидди тағйироти конститутсионӣ дар Қирғизистон
Эътирози зидди тағйироти конститутсионӣ дар Қирғизистон

Гурӯҳҳои мухолифи тағйироти констутсионӣ дар Қирғизистон аз мардуми ин кишвар даъват доранд, ки дар қурултой ё ҳамоиши сартосарии эътирозӣ иштирок кунанд. Таърихи 17 сентябр аз ҷониби гурӯҳҳои мухолифи тағйироти конститутсионӣ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва эҳтимолан, рӯзи баргузории ин ҳамоиш дигар шавад. Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯянд, ки баррасиҳои ҷамъиятии тарҳи тағйироти конститутсионӣ анҷом шуда, шакли ниҳоии ин санад ҳафтаи ҷорӣ ба парлумон ворид мешавад.

Баҳси атрофи тайғири Қонуни асосии Қирғизистон то рафт тунд мешавад. Ташаббускори тағйироти конститутсионӣ президент Алмосбек Отамбоев ва тарафдоронаш зарурати ин амалро дар тақвияти ҳукумати парлумониву президентӣ арзёбӣ мекунанд. Мухолифон – собиқ муттафиқони президент ва аъзои пешини ҳукумати муваққатии Қирғизистон ба раҳбарии Роза Отунбоева ин пешниҳодро хилоф бо тафовуқоти қаблӣ ва кӯшиши тақвияти қудрати Отамбоев мебинанд. Онҳо бовар доранд, ки баъди анҷоми мӯҳлати президентии Отамбоев дар соли оянда, ӯ мехоҳад ба ҳайси нахуствазири кишвар дар қудрат бимонад. Мухолифон президент Отамбоевро дар кӯшиши ғасби қудрат муттаҳам мекунанд.

Конститутсияи амалкунанаи Қирғизистон соли 2010 баъди сарнагунии Қурмонбек Боқиев ва бо сари қудрат омадани ҳукумати муваққатии таҳти раҳбарии Роза Отунбоева қабул шуд. Як шарт ин буд, ки сарқонун то соли 2020 амал мекунад ва то он замон ҳеҷ кас ё ниҳоди давлатӣ ҳақ надорад онро тағйир диҳад.

Гулгаакӣ Мамасолиева, як масъули иттиҳодияи ҷамъиятии “Интербилим” мегӯяд, иддаоҳои мақомот дар бораи аз назари ҷомеа ва гурӯҳҳои сиёсӣ гузаштани тарҳи нави конститутсия аз ҳақиқат дур аст. Тобистон – мӯҳлате, ки ба иддаои мақомот ин баррасиҳо ҷараён доштааст, бисёр қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҳукумат ҳам машғули корҳои мавсимиву истироҳат буданд ва шояд шумори хеле ками аъзои ҷомеа бо ин тағйирот ошно шудаанд.

Ба мушоҳидаи хабарнигорони бахши қирғизии радиои Озодӣ дар Бишкек, дар миёни ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар фаъолон ягонагии комили назар мавҷуд нест ва ҳамин масъала ҳам монеи даъвати сартосарии мардум ба эътирозҳои зидди тарҳи конститутсия шудааст.

Айданбек Аҳмадуулу, шореҳи бахши Қирғизии радиои Озодӣ гуфт, талоши ҳукумат ин аст, ки баъди интихоботи соли 2017, Отамбоев ба ҳайси нахуствазир дар қудрат бимонад ва ба фарқ аз нақши ларзону бесуботи нахуствазирони дигар дар 6 соли охир, мавқеи ӯ собиту мустаҳкам бошад. Тағйироти дигари конститутсионӣ марбут ба талаби истеъфои нахуствазир ва ҳукумат аст. Тарҳи пешниҳод ин аст, ки танҳо дар сурати мухолифати аз се ду ҳисса, на нисфи аъзои ҳукумат нахуствазир аз курсии худ маҳрум мешаванд. “Ин чиз амалан истеъфои нахуствазирро мушкил ва қудрати Отамбоевро тақвият медиҳад”, гуфт Аҳмадуулу.

Ин дар ҳолест, ки ба мушоҳидаи ҷомеашиносон, шонси пирӯзии ҳизби Сотсиал-демократ дар интихобот хеле зиёд ва ин ҳизб ҳам такя ба президенти амалкунанда Отамбоев мекунад.

Суханронии президент дар ҷашни истиқлолияти Қирғизистон
Суханронии президент дар ҷашни истиқлолияти Қирғизистон

Вале дар курсии президентӣ Отамбоев худро ба ҳайси як раҳбари баҳсбарангез ба намоиш гузошт, мегӯяд ин шореҳ. Дар баробари ҳамла ба сиёсатмадорон ва раҳбарони хориҷии дигар, равобити ӯ дар дохил ҳам бо рақибони сиёсиву муттафиқонаш яксон нест. Охирин моҷарои ошкорои ӯ бо муттафиқони собиқаш дар рӯзи таҷлили 25-умин солгарди истиқолияти Қирғизистон рӯзи 31 август маҳз ба баҳсҳои тағйири конститутсия марбут шуд. Дар суханронии тунди президент ва ҳамла ба мухолифони тағйироти конститутсионӣ, ки гоҳо бо таҳқири ошкорои рақибон ҷараён гирифт, Роза Отунбоева намоишкорона саҳни маҷлисро тарк кард. Ин ҳодиса боиси интиқоди шадид аз рафтори "ғайрисиёсии" президент шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG