Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзандони мансабдорон ба хатти аввал мебароянд


Шоҳрух Саидов дар марказ (акс аз www.fc-istiklol.tj)
Шоҳрух Саидов дар марказ (акс аз www.fc-istiklol.tj)

Дар мавҷҳои баъдии тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон зоҳиран талош хоҳад шуд, то кадрҳои насли нав ваё ба истилоҳ тими Рустами Эмомалӣ ба мадди аввал бароянд.

Рӯзи 18 май, дар маросими ифтитоҳи Рӯзи дави миллӣ дар Душанбе Маликшо Неъматов ҳамчҳунон ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард. Ӯ аз сӯҳбат бо Озодӣ дар мавриди таъиноташ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Олмон худдорӣ кард ва гуфт, “ман ҳанӯз раиси Кумитаи ҷавононам”, вале бовар меравад, ки ӯ рӯзҳои охиринашро дар ин мақом сипарӣ мекунад. Муборизаҳои даргирифта барои мақоми раиси Кумитаи ҷавонон низ аз ҳамин дарак медиҳанд.

Дар маҳофили Тоҷикистон дар бораи ду номзад ба мақоми раиси Кумитаи ҷавонон, ваорзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон сӯҳбат меравад, ки ҳарду аз насли нави зери синни 40 буда, якеаш аз ёрони наздики писари президент ва ҳатто ба гуфтае, ба далели чунин наздикиаш ба Рустами Эмомалӣ “писархонд”-и раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон меравад. Хабаргузории “Тоҷнюс” аз қавли манобеаш ҳанӯз рӯзи 16 май хабар дод ва манобеи Озодӣ низ тасдиқ мекунанд, ки ба ҳайси номзад ба мақоми раиси Кумитаи ҷавонон Шоҳрух Саидов, президенти тими футболи “истиқол”-и Душанбе ва Лочин Файзуллоев, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.
Лочин Файзуллоев ҳангоми интисобаш ба мақоми муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ
Лочин Файзуллоев ҳангоми интисобаш ба мақоми муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ
Зимнан, ҳарду номзад фарзандони мансабдорони дар гузашта ва ҳозир баландпояи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонанд. Шоҳрух Саидов писари раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб ва Лочин Файзуллоев – писари Нусратулло Файзулло, вазири собиқи тандурустии ин кишвар.

Хабарҳо дар бораи баррасии ин ду номзад ба симати раиси Кумитаи ҷавонон дар ҳоле баланд мешавад, ки рӯзи 15 май дар ҷараёни тағйироти кадрӣ дар сохторҳои вазорати хориҷаи Тоҷикистон як силсила “ҷойивазкунӣ”-ҳо ба амал омад. Аз ҷумла Озода Раҳмон – духтари президенти Тоҷикистон, ки муовини вазири хориҷа буд, муовини аввали вазир, Ашраф Гулов, яке аз домодҳои раисиҷумҳур, консули генералии Тоҷикистон дар Русия таъин шуда, сафирони Тоҷикистон дар Мисру Русия Назрулло Назаров ва Абдулмаҷид Достиев бознишаста шуд, ба ҷои онҳо Хисрав Носирӣ аз мақоми раҳбари департаменти кишварҳои Осиё ва Африқои вазорати хориҷа ба сафорат дар Миср ва Имомуддин Сатторов аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Олмон ба симати сафир дар Русия мансуб шуданд.

М.Неъматов: Ман ҳанӯз раиси Кумитаам

Дар лобалои ин тағйироти кадрӣ манобеи Озодӣ хабар доданд, ки раиси Кумитаи ҷавонон Маликшо Неъматов сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин шудааст. Аммо шоми он рӯз дар барномаи “Ахбор”-и телевизиони давлатӣ фармони интисоби ҳамаии нафарони фавқуззикр, ба ҷуз аз Неъматовро қироат карданд. Маликшоҳ Неъматов рӯзи 18 май аз ҳар навъ шарҳи масъалаи интисобаш ба сафорати Тоҷикистон дар Олмон худдорӣ кард, вале ду рӯз пеш ба хабаргузории “Озодагон” гуфта буд: То фармонро набинам, президент даъват накунад ва барори кор нагӯяд, ба ин овозаҳо бовар надорам. Дар ин бора бо мо ягон сӯҳбат нашудааст. Огоҳ низ накардаанд.

Аммо оқои Неъматов эҳтимоли чунин тағйири куллӣ дар карйераашро рад накард ва гуфт, ихтисосам забонҳои Шарқ аст. Дар дастгоҳи президент низ кор кардаам. Академияи хизмати давлатии назди президенти Русияро аз рӯи муносибатҳои байналмиллалӣ хатм кардаам. Дар ин соҳа ба қавле, ки ихтисос дорам. Аммо масъулияти сафириро, ҳар касе, ки роҳбари давлат ба ӯ бовар мекунад, ба ӯҳда мегирад.”
Маликшо Неъматов
Маликшо Неъматов
Ҳам Маликшо Неъматов ва ҳам ҳарду номзад ба мақоми кунунии ӯ - Шоҳрух Саидов ва Лочин Файзуллоев - аз клане намояндагӣ мекунанд, ки зодагони ноҳияи Данғара - зодгоҳи президентро фаро мегирад ва дар ҳоли ҳозхир манбаи асосии такмили кадрҳои ҳукумати Тоҷикистон шудааст. Бино ба ҳисобҳо, сеяки аъзои ҳукумати Тоҷикистонро намояндагони ҳамин ноҳия, аксар хешу табори раисиҷумҳур ташкил медиҳанд. Зодагони Данғара ҳамин тавр, дар сутуҳи дувуми севуми раҳбарии идороти давлатӣ ва ҳам дар арсаи бонкдориву тиҷорати Тоҷикистон низ кайҳо нақши аввалро ба худ ихтисос додаанд.

Насли нав дар талаби ҷойгоҳи баландтар

Зоҳиран ба мақомҳои баланди давлатӣ ва ҳатто ба ҳадди узвияти ҳукумати Тоҷикистон “пухта расидан”-и фарзандони мансабдорони пурнуфуз як тамоюл мешавад. Дар мавҷи ахири тағйироти кадрӣ, ки рӯзи 15 май анҷом шуд ва бузургтарин тағйироти кадрҳо дар вазорати хориҷа тайи ним соли вазири хориҷаи Тоҷикистон шудани Сироҷиддин Аслов ба шумор меравад, низ як мавриди сафир шудани фарзандони мансабдорони баландпоя ва пурнуфузро ба дунбол дошт ва Фарҳод Салим – писари сафири ҳамакнун собиқи Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев – ба ҷои Нуриддин Шамсов, ки аз Вошингтон ба ихтиёри раёсати кадрҳои вазорати хориҷа бармегардад, сафири Душанбе дар Амрико таъин шуд.

Амирҷон Убайдуллоев
Амирҷон Убайдуллоев
Аз он қабл Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари калонии шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раҳбарии департаменти консулии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба вазифаи сардори раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат таъин шуда, дар моҳи феврали соли равон писари дигари шаҳрдори пойтахт Амирҷон Убайдуллоев, ки аз августи соли 2011 дар симати намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул кор мекард, ба Душанбе баргашта, муовини сардори раёсати молияи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон таъин шуд.

Ҳамин тавр, ҳоло дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Австрия ва дар САҲА Исматулло Насриддинов, писари вазири собиқи хоҷагии оби Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов ва дар симати сафири Душанбе дар Туркия Фаррух Шарипов, писари вазири собиқи умури дохила Ҳумдин Шарипов кор мекунанд.

Шонсҳои Саидов ва Файзуллоев

Тарафдорони ҳукумат мегӯянд, омадани кадрҳои ҷавон ба мақомҳои муҳим, аз ҷумла дар сохторҳои дипломатии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби сиёсати ҷавонсозии кадрҳо сурат мегирад ва ба сурати умум, падидаи мусбат аст. Аммо мунтақидон инро ба чолиш кашида, суол мегузоранд, ки пас чаро аз ҳисоби ҷавонон асосан фарзандони мансабдорони бонуфуз ба мансаб таъин мешаванд ва ҷобаҷогузории кадрҳо ҳарчӣ бештар дар "чор дарё"-и хешу табор ва ёрони наздики президент торафт маҳдудтару маҳдудтар мешавад?
"Истиқлол" - тарҳи муштараки Шоҳрух Саидов ва Рустами Эмомалӣ
"Истиқлол" - тарҳи муштараки Шоҳрух Саидов ва Рустами Эмомалӣ
Вале агар Шоҳрух Саидов ба мақоми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон таъин шавад, нахустин мавриди ба ҳукумат пайвастани як нафари марбут ба тими писари раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ хоҳад шуд. Шоҳрух Саидов аз дӯстони наздики ҳанӯз овони хурдии Рустами Эмомалист, ки ба ин далел, ба гуфтаи афроди огоҳ, ҳатто Эмомалӣ Раҳмон ӯро “писархонд” гирифтаву падараш Абдуфаттоҳи Ғоибро ҳам ба худ наздик кардааст. Шоҳрух Саидов дар муҳимтарин тарҳи Рустами Эмомалӣ Раҳмон – таъсиси тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар соли 2007 низ дар паҳлуи ӯ буд ва то ҳол дар мақоми президенти ин бошгоҳ фаъолият мекунад. “Истиқлол” алакай соли 2009 ба лигаи олӣ роҳ ёфт ва дар 5 соли охир 2 дафъа қаҳрамони футбол, 3 дафъа соҳиби Ҷом ва 4 дафъа соҳиби Шоҳҷоми футболи Тоҷикистон шуд. Ҳарчанд мунтақидонаш, бахусус мухлисони “Равшан”-и Кӯлоб – рақиби сарсахти “Истиқлол” мӯътақиданд, ки ин комёбиҳо бо шарофати “тағобозӣ”, бахусус баъди ба мақоми раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон нишастани Рустами Эмомалӣ ба даст омадаанд.

Дар ҳар сурат, қартаи бурди Шоҳрух Саидов дар мубориза барои курсии раиси Кумитаи ҷавонон метавонад пеш аз ҳама наздикиаш бо хонаводаи раисиҷумҳур бошад. Аммо омилҳое, ки метавонанд монеи ба мансаби давлатӣ расидани ӯ ҳадди ақал дар марҳалаи кунунӣ шаванд, ба навиштаи хабаргузории “Тоҷнюс”, яке метавонад пеш аз вақт расонаӣ шудани хабари баррасии номзадиии Шоҳрух Саидов бошад ва дигарӣ – комилан надоштани таҷрибаи кор дар мақомҳои баланди давлатӣ.

​Нуқсе ки ҳоло метавонад ба сӯди номзади дигар Лочин Файзуллоев кор кунад. Писари вазири собиқи тандурустӣ аз замони хатми донишгоҳ ҳамеша дар ниҳодҳои давлатӣ кор кардаву зина ба зина “сабзида”, боло рафтааст. Лочин Файзуллоев дар оғози солҳои 2000-ум дар идораи масъали ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки таҳти раҳбарии мушовири собиқи иқтисодии президент Файзулло Холбобоев вва бо пули Бонки ҷаҳонӣ таъсис шуда буд, кор мекард. Сипас ба Кумитаи ҷавонон гузашт ва ба ҳайси раиси департамент ва баъдан ҳамчун муовини раис асосан риштаи сайёҳат ва ҷаҳонгардиро назорат мекард.

Аммо Лочин Файзуллоев тоза дар моҳи феврали соли 2014 муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъин шуд. Идорае ки назар ба кумитаи ҷавонон имконоти бештар ва дарди сар баракс камтар дорад ва маълум нест, ки оё ӯ то куҷо барои бозгашт ба Кумитаи ҷавонон, ҳатто ба ҳайси раис, алоқа дорад.

Гурзи Дилшод то инҷо намерасад

Дилшод Назаров
Дилшод Назаров
Аз муовинони дигари хушноми Маликшо Неъматов дар Кумитаи ҷавонон гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров ҳам ҳаст, вале нозирони умур имкони ба симати раиси Кумита расидани ӯро аз ҷумла ба далели “номувофиқатӣ”-и ҷуғрофиаш камтар медонанд. Аз тарафи дигар, лоббии варзиш дар сутуҳи давлатии Тоҷикистон чандин сол боз масъалаи дар таркиби Кумитаи ҷавонон мисли як “фарзанди ӯгай” будани варзиш ва ба ин далел ба як сохтори алоҳида ҷудо кардани ин риштаро матраҳ мекунанд. Ва Дилшод Назаров ҳадди аксар, дар сурати қабул шудани ин пешниҳод метавонад ба раҳбарии Кумитаи варзиш умед бандад. Он ҳам дар сурати даст ёфтани варзишгарони тоҷик ба комёбиҳои фавқулоддае дар кӯтоҳмуддат. Як ҳамсӯҳбати мо шӯхиомез гуфт, “гурзи Дилшод барои расидан ба вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон кӯтоҳӣ мекунад. Барои ин мақом фазилатҳои дигар муҳимтаранд, на собиқаи номзад.”

Сарусадоҳо дар бораи номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба бовари нозирони умур, дар солҳои охир талоши гурӯҳҳои мутанаффизи аксаран наздик ба хонаводаи раисиҷумҳур барои ворид кардани нафарони ба ин гурӯҳҳҳо вафодор ба ҳайати ҳукумат торафт шиддат мегирад. Дар ҳоли ҳозир, аз ин гурӯҳҳои пурнуфуз, ки аз ҷумла Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси президент, хонаводаи Соҳибовҳо, ки ду нафараш - Муҳаммадзоҳир ва додарзодаи ӯ Шамсулло - домодҳои Эмомалӣ Раҳмонанд, ва Ҷамолиддин Нуралиев – муовини аввали вазири молия ва домоди дигари президентро фаро мегирад, дар ҳукумт чандин вазиру муовини вазир намояндагӣ мекунанд.

Рустами Эмомалӣ, ки ҳамагӣ 26 сол дорад ва дар ҳамин ноябри соли 2013 раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд, тоза ба ин муборизаҳо мепайвандад. Вале исми раиси ояндаи Кумитаи ҷавонон маълум хоҳад кард, ки писари ҷавони президент дар ин набардҳои кадрӣ то куҷо тавонистааст бар ин хешу табораш, ки бо ин вуҷуд гурӯҳҳои ба ҳам рақиб шудаанд ва нисбат ба Рустами Эмомалӣ дар ин бозиҳо хеле “борондида”-анд, дастболо шавад.
XS
SM
MD
LG