Ба ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон пас аз каме коҳиш қурби сомонӣ дар баробари доллар боло рафт ва рӯзи 12-уми январ дар нуқтаи 5.3307 сомонӣ барои як доллар қарор гирифт, ҳарчанд дар табодулаи нақдӣ як доллар ба 5,6230 сомонӣ баробар аст. Табодулаи нақдӣ ҳамагӣ 4 дарсади ҳамаи тиҷорати асъорро ташкил медиҳад, вале намоёнтарин шохиси вазъи сомонист.
Уфт ва хези андаки сомонӣ як навъ такрори қурби рубл буд, ки пас аз афтодан дар савдои рӯзи 8 январ дар муқобили доллар ва евро каме «ҷон гирифт». Ба ақидаи коршиносони «Новая газета», мудохилаи Бонки Марказии Русия ба як беҳбуди нисбии рубл сабаб шуд, вале гумон аст, ин абзор дар пасманзари бӯҳрони молӣ ва афтодани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ барои дарозмуддат натиҷа диҳад. Таҳлилгарони Goldman Sachs Group Inc. ва Вloomberg пешбинӣ мекунанд, ки нархи нафт боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт ва дар нимаи аввали соли 2015 дар атрофи 40 доллар барои як бушка ё баррел хоҳад монд.
Хамурости қурби рублро дар Тоҷикистон сомонӣ такрор кард. Бино бар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, дар рӯзи 8-уми январ як доллар дар саррофиҳои Душанбе 5,6230 сомонӣ буд. Ба ақидаи коршиносони хабаргузории CA-News “5.6” як “нуқтаи психологӣ”-и сомонӣ буд, ки сипарӣ шуд ва пешгӯиҳо ин аст, ки ба зудӣ нуқтаи равонии дигари “5.7” низ паси сар хоҳад гашт.
Аммо директори Департаменти танзими асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон Мирзомуддин Мавлонов мегӯяд, камузиёдшавии қурби сомонӣ дар ҳафтаи аввали январ бештар ба равандҳои мавсимӣ бастагӣ дошта, наметавонад баёнгари вазъ бошад: “Ин омил ҳар сол ҳаст ва имсол ҳам ҷой дорад ва ба воридоту содироти маблағҳои асъорӣ ба ва аз Тоҷикистон рабт дорад.”
Ҳамзамон, ҷаноби Мавлонов таъсири вазъи рубли русиро низ омили муҳим шуморид ва гуфт, Русия аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст ва биноан қурби рубл ва коҳиши нархи нафт ба вазъи он низ таъсир хоҳад дошт. Вале ӯ бовар дорад, қурби сомонӣ дар ҳоли ҳозир устувор ва ҳама гуна тағйир дар он аз нигоҳи молиявӣ “мӯътадил” ба шумор меравад.
Қурби сомонӣ дар баробари доллар, бино бар ҷамъбандии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта 11 дарсадро ташкил додааст. Аз ҷумла барои як доллар дар моҳи марти соли гузашта ҳамагӣ 4,9600 сомонӣ дода мешуд, ҳоло 5.3307 сомонӣ. Ба гуфтаи Мирзомуддин Мавлонов, соли гузашта барои сомонӣ соли сахте буд, вале Бонки миллии Тоҷикистон тавонист аз заъфи назарраси сомонӣ пешгирӣ кунад. Вай мегӯяд: “Дар шароити вазнини соли гузашта, вақте ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба кишвар аз ҳаҷми содирот ба маротиб бештар буд ва умуман соли кам шудани воридоти асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, он 11 дарсад коҳиши қурб қобили қабул аст, зеро нисбат ба дигар асъори минтақа, ҳамсояҳои мо ва шарикони тиҷоратии мо ин шохис хеле камтар аст. Ва коҳишу афзоиши қурб ба ҳама асъори ҷаҳон хос аст.”
Блогнависи тоҷик Абдуманнон Шералиев охири соли гузашта пешгӯӣ карда буд, 1 доллар дар аввалҳои баҳори соли 2015 ба 7 ва дар тирамоҳ ба 10 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Вай менависад: “Бӯҳроне, ки дар Русия оғоз шудааст, зарбае сахттар аз худи Русияро ба Тоҷикистон хоҳад зад. Зеро иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди Русия ва сомонӣ ба рубл сахт пайванд аст. Ва иқтисоди русҳо қудрати муқовимат ба бӯҳронро дораду мо тахминан иқтисод ҳам надорем.”
Ҷаноби Шералиев ба коҳиши шадиди пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳам бар пояи камшавии қурби рубл ва ҳам бекории муҳоҷирону коҳиши шумораи онҳо бар асари сиёсати “патенту шиносномаҳои хориҷӣ”, кам шудани воридот ва боло рафтани таваррум, муфлисшавии тоҷирон ва паст рафтани даромад аз пардохтҳои гумрукӣ ишора мекунад ва мегӯяд, “фоҷиаи рубл иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳам хоҳад шикаст.” Бархе аз коршиносони дигар низ ба ҳамин назаранд. Аз ҷумла Саймиддин Дӯстов мегӯяд, вазъ дар соли равон фалокатомез шуда метавонад.
Директори Департаменти танзими асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон Мирзомуддин Мавлонов низ душвор шудани вазъро аз эҳтимол дур намедонад, вале мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба пешомадҳои душвор омодагӣ гирифтааст. Вай мегӯяд: “Тамоми имкониятҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон доранд, истифода мешаванд. Пеш аз ҳама мо дар моҳи декабр меъёри бозтамвилро баланд кардем, яъне меъёри қарзҳоеро, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ дода метавонад. Дар баробари ин мо меъёри захираҳои ҳатмии пасандозҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҷалбшудаеро, ки бояд онҳо дар Бонки миллӣ гузоранд, тағйир додем. Яъне по пули миллӣ онро паст кардем, то ки ташкилотҳои қарзӣ бештар ҳавасманди ҷалби пасандозҳо бо пули миллӣ шаванд ва худи аҳолӣ низ бештар бо пули миллӣ пасандоз кунад.”
Ҷаноби Мавлонов меафзояд, Бонки миллӣ ҳамчунин дар бозори амалиёти озод фурӯши қоғазҳои қиматнокро ба роҳ монд, ки дар моҳи декабр натиҷаи мусбати худро нишон дод.
Зоҳиран, инҳо низ такрори чораҳое ҳастанд, ки Бонки марказии Русия барои ҳифзи қурби рубл ба роҳ мондааст ва таъсири онҳо дарозмуддат буда наметавонад. Русия ҳоло дар пайи гуногунсозӣ ва модернизатсияи иқтисод аст ва ба тавлидоти дохилӣ тамаркуз мекунад. Рӯшан нест, ин барнома то куҷо дар Тоҷикистон такроршаванда аст. Он ҳам дар ҳоле ки бартарии куллии импорт бар экспорт боқӣ монда, тавлидот ба андозаи пули муҳоҷирон наҷотбахши иқтисодиёт нест.