Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази тестӣ: "Тағо" имсол аз имтиҳон нагузашт


Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон

Маркази миллии тестӣ, ба бовари бисёриҳо, доманаи фасод дар маъракаи дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистонро хеле коҳиш дод, вале мегӯянд, дарёи фасод баъд аз дохил шудан ба мактабҳои олӣ ҳамчунон пуртуғён боқӣ мемонад.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи зане парванда боз кард, ки барои чанд “хидмат”, аз ҷумла, барои дохил кардани як довталаб ба донишгоҳи тиббӣ ...85 ҳазор доллар(!!!) пора гирифтааст.

Бахтиёр Юсуфов, сарвариРаёсати ҷилавгирӣ аз фасод дар ин ниҳод, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тавзеҳ кард, ки Раъно Раҷабова, сокини рустои Кампирқалъаи ноҳияи Рӯдакӣ, бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ (“қаллобӣ”) гумонбар мешавад. 85 ҳазор доллар, ба гуфтаи Бахтиёр Юсуфов, “подош”-и чанд “хидмат”-и Раъно Раҷабова, аз ҷумла барои дохил кардани фарзанди шаҳрванд Қобилова ба донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон будааст. Дар ҳоле, ки ӯ, ба гуфтаи Юсуфов, “фақат миёнарав буд, на устоди донишгоҳи тиббӣ ва на корманди он.”

Мусоҳиби мо тавзеҳ кард, ки ин парванда марбут ба аъмоли Раъно Раҷабова дар ду соли пеш аст. Аммо дар “мавсими имсола” то ҳол танҳо ду нафар ба “шаст”-и Оҷонсии зиддифасод афтодаанд: корманди филиали Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Маскав дар шаҳри Душанбе Лӯъбат Нодирова ахиран дар ҳоле боздошт шуд, ки аз шаҳрванди Тоҷикистон Баҳриддинова 1500 доллар ришват мегирифт. Аз ин пеш устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Гулчеҳра Холиқова дар ҳоли дарёфти 11 ҳазор доллар пора барои дохил кардани довталаб Исоев ба Донишгоҳи тиббӣ аз хешованди ӯ сокини ноҳияи Зафаробод Баротова дастгир шуда буд.

Бахтиёр Юсуфов тайид кард, ки то ҳол алайҳи кормандони Маркази миллии тестӣ парвандае, аз ҷумла, дар ришвату фасод, боз нашудааст, аммо маҳз ҳамин рӯзҳо даст ба фасод задани масъулини Марказ ва устодони донишгоҳҳоро баъид намехонад, зеро онҳо масъулияти тақсими ҷойҳо дар донишгоҳҳои бонуфузро бар ӯҳда доранд ва шояд аз дарёфти “ширинкома” маҳрум намонанд.

Донишгоҳи Кӯлоб
Донишгоҳи Кӯлоб

Яке аз “схема”-ҳои ришватситонии онҳо ба масъулини мубориза бо фасод маълум аст. Бахтиёр Юсуфов мегӯяд: “Бигирем, барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ 5 ҳазор довталабанд ва аммо донишгоҳ фақат 1200 нафарро қабул мекунад. Теъдоди довталабоне, ки холҳои заруриро гирифтаанд, назар ба нақша хело бештар аст. Ва акнун масъулини Маркази миллии тестӣ тасмим мегиранд, ки кадомашонро дохил кунем ва кадомашонро не... Яъне, ҷиноятҳои марбут ба ришватситонӣ дар ҳамин самт сурат мегиранд, баъзеҳоро барои “хидматҳояшон” қабул мекунанд...”

Ба хотири ҷилавгирӣ аз ин ҷиноят, ба гуфтаи масъули Оҷонсии мубориза бо фасод, пайваста рейдҳо баргузор карда мешаванд.

Алиакбар Абдуллоев, масъули Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасоди Тоҷикистон ҳам мегӯяд, далелҳои фасод дар Маркази миллии тестӣ ошкор нашудаанд, вале дар зеҳни мардум ҳанӯз ҳам ақидае боқист, ки бо пул ҳама корро метавон ҳал кард. Бархе аз устодони донишгоҳҳо ва афроди миёнарав ҳам аз соддагии мардуме истифода мебаранд, ки мутмаинанд бо вуҷуди ташкили Маркази милли тестӣ роҳҳои зиёди ба донишгоҳҳо дохил кардани фарзандонашон мавҷуданд.

“Мардуме, ки саводи кофӣ надоранд, мегӯянд, ки фалон муаллим дар фалон донишкада аст, ба ӯ мисли солҳои пешин “як чиз-ним чиз” медиҳанду умедвор мешаванд, ки фарзандашон донишҷӯ мешавад...” –мегӯяд Алиакбар Абдуллоев.

Дар ҳамин ҳол, Муҳибуллоҳ Қурбон, адиб ва хабарнигори мустақили тоҷик, мутмаин аст, ки таъсиси Маркази миллии тестӣ воқеъан ҳам метавонад падидаи номатлуб – вуруд ба донишгоҳ тавассути “тағобозӣ” ва аз тариқи пардохти ришватро аз байн бубарад. Ӯ мегӯяд, ахиран дар ноҳияи Исфара бо муаллиме вохӯрд, ки аз 30 шогирдаш фақат як нафар ба омӯзишгоҳ ва боқимонда ҳама ба мактабҳои олӣ, аз ҷумла 9 нафарашон ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шуданд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, фақат таъсиси Маркази миллии тестӣ метавонад фасод дар роҳи вуруд ба мактабҳои олиро аз беху бун барканад.

Ӯ меафзояд: “Якумаш, он дар як ҷой марказонида шудааст, дуввумаш, имконияти ришват додан ва ришват гирифтан хело маҳдуд аст. Агар солҳои пеш аз сад нафар довталаб тахминан 70 нафар бо пардохти ришват ба донишгоҳҳо дохил мешуданд, ҳоло баръакс, аз назари ман ва аз сӯҳбат бо онҳое, ки ба ин мавзӯъ сару кор доштанд, маълум шуд, ки тақрибан 90 дар сад аз рӯи дониши худашон дохил шудаанд”. Ба даҳ дар сади боқимонда, ба гуфтаи Муҳибулло Қурбон, аз ҷумла, онҳое шомиланд, ки тавассути квота ҳаққи нишастан дар курсии донишҷӯиро пайдо кардаанд.

Донишгоҳи Хоруғ
Донишгоҳи Хоруғ

Алишер Бахтиёров, як сокини шаҳри Хоруғ, ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба шаффофу одилона будани имтиҳонҳо дар Маркази милли тестӣ бовар ҳосил кард, зеро духтараш Дилоро баъд аз хатми литсейи Оғохон якбора ба ду донишгоҳ – Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва як донишгоҳи иқтисодии Бишкек - ҳуҷҷҷат супурд ва донишҷӯ шуд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш бисёр мешунид, ки барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ камаш 20 ҳазор доллар зарур аст ва аз ин рӯ ба донишҷӯ шудани духтараш ҳеҷ бовар надошт: “Духтарам тестҳоро супурд ва рӯзи 15 август ба мо СМС фиристода хабар доданд, ки ӯ гузаштааст. Мо барои дохилшавӣ ягон тин надодем.” Зимнан, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки имтиҳон дар Маркази миллӣ агар фасодро комилан аз байн набурда бошад ҳам, маблағи ришват барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои бонуфуз, аз ҷумла, ба донишгоҳи тиббиро сахт коҳиш додааст.

Қудратулло, як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ба мо гуфт, ки як миёнарав барои ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудани духтараш аз ӯ ҳамагӣ панҷ ҳазор доллар хостааст, дар ҳоле, ки соле пеш “билети студентӣ” дар ин донишгоҳ даҳҳо ҳазор доллар қиммат дошт.

...Алишер Бахтиёров гуфт, ки дар лаҳзаи ахир духтараш тасмим гирифт, ки таҳсилро на дар шаҳри Душанбе, балки дар Бишкек идома диҳад, зеро мутмаин нест, ки дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ тавонад бидуни пардохти маблағ баҳои хубу аъло бигирад. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд як охурчаи порахӯрӣ дар донишгоҳҳо каму беш баста шудааст, мавзӯи аз тариқи ришват баҳо гирифтани донишҷӯён ҳамоно ҳалношуда боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG