Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони баъзе аз гӯшаҳои Душанбе аз оби ошомиданӣ маҳруманд


Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе 12-уми май шикоят карданд, ки ду рӯз боз аз оби ошомиданӣ маҳрум ҳастанд.

Мақомот рӯзи 10-уми май дар бораи поин рафтани фишори об хабар доданд.

Корхонаи "Обу корези Душанбе" дар саҳифааш дар Фейсбук сабабро “боридани боронҳои шадид дар ноҳияи Варзоб ва баланд гардидани тирагии об” гуфт, вале дар бораи қатъи он ба хонаҳои мардум хабаре надод.

Дар пайи боронҳои шадиди рӯзҳои охир сатҳи оби дарёву рӯдҳо баланд шуда, дар бисёре аз ҷойҳо, аз ҷумла Душанбе сел ба роҳу манзили сокинон зарар расондааст.

Дар ду рӯзи набудани оби ошомиданӣ дар хонаҳои мардум арзиши об дар фурӯшгоҳҳои Душанбе боло рафтааст. Агар пештар як зарфи панҷлитрии об 5 сомонӣ буд, ҳоло 8 сомонист.

XS
SM
MD
LG