Намояндаи ҳизби Сотсиал демократи Тоҷикистон, Шоҳдавлат Шоҳнусайриев рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин изҳорот пас аз як ҷаласаи Шӯрои сиёсии Раёсати олии ҳизб гирифта шуда ва он дар таърихи 31 июл барои пахш омода карда шуд.
Дар ин баёния, ҲСД тасмими ҳукуматро дар заминаи баргузории амалиёти махсуси низомӣ дар Хоруғ “ғайриконститутсионӣ ва ғайрибашарӣ” унвон кардааст.
Шӯрои сиёсии ҲСДТ бо норозигии шадид аз таҳаввулоти ахири Хоруғ таъкид кардааст, ки барои ҳукумати кишвар “як анъанаи баде шудааст, ки масоили дохилиро на бо методҳои маданӣ, балки бо чунин шеваи барбарӣ ҳал кунад”. Ҳизби сиёсӣ бо ин интиқодаш ба рӯйдодҳои Исфара, Кӯлоб, Ғарм, Тавилдара ва Хоруғ ишора кардааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “вазъро, тибқи одат, худи сохторҳои қудратии ҳукумат хароб карда, бо сабаби бесалоҳиятии мақомоти раҳбарикунанда назорати вазъро аз даст медиҳанд ва бо зертобеони худ, “ҳисобу китоб” мекунанд. Манзури ҳизби сиёсӣ ҳодисаи куштори полковники ВУД О.Захарченко, генерал Мирзо Зиёев ва моҷароҳои атрофи М.Аҳмадов будааст.
Шӯрои сиёсии ҲСДТ гуфтааст, ки амалиёти сохторҳои давлатӣ “як ниқори бедалели ҳукумат аз беитоатии бахше аз минтақа ва озодихоҳии сокинонаш” мебошад.
«Аъзои Шӯрои сиёсии ҲСДТ ишора мекунанд, ки амалиёт дар Хоруғ аз заминаи мантиқи ва қонунӣ орӣ буда мақсади аслии он на боздошти муттаҳамини қатли генерал Абдулло Назаров, балки омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 мебошад».
Дар ин баёнияи Шӯрои сиёсии ҲСДТ аз ҳукумати кишвар талаб кардааст, ки ба зудтарин фурсат нерӯҳои қурдатии худро аз вилояти Бадахшон берун кунад.
Ҳизби мухолифи давлат аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ба хонаводаҳое, ки дар фоҷеъаи Хоруғ осеб дидаанд, 100 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ва ба хонаводаҳои қурбониёни ин амалиёт 250 ҳазор сомонӣ пардохт кунад.
Қаблан амалиёти низомии нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғро раҳбарияти Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон низ танқид карда буд. Ҳукумат мегӯяд, ки амалиётии вижаи нирӯҳои қудратии кишвар дар маркази вилояти Бадахшони Кӯҳӣ баъди куштори генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон шурӯъ шуд. Масъулияти ин кушторро мақомот ба дӯши сардори қитъаи марзии Ишкошим, ҷангсолори собиқ ва а нафарони бонуфузи маҳаллӣ Толиб Аёмбеков ва се нафари дигар вогузор кард. Дар ин амалиёт 42 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои силоҳбадаст кушта шуданд.