Беш аз 300 мошини борбару мусофиркашон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеъи Майхӯра, бинобар боришоти зиёди барф дармондаанд. Ронандаҳо мегӯянд, аз соати 11-и шаби 19 январ ба ин тараф мунтазири боз шудани роҳ ҳастанд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳоло кормандонаш машғули боз кардани роҳанд.
Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 20 январ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамин лаҳзаҳо панҷ мошинро аз самти Душанбе ба Хуҷанд иҷозаи убур додем ва ба ҳамин минвол бо навбат мошинҳо ба ҳаракат хоҳанд даромад.”
Оқои Ганҷалзода дар маҳаллаи Майхӯраи ноҳияи Варзоб ҳамроҳи дигар мутахассисони Вазорати нақлиёт қарор дорад ва вазъи роҳҳоро назорат мебарад. Вай афзуд, бо истифода аз Радиои Озодӣ ба ронандагоне, ки ба ин самт ҳаракат мекунанд, ҳушдор медиҳад бидуни омодагии ҷиддӣ, яъне занҷиру дигар васоили зарурӣ, ба роҳ набароянд. Муовини аввали вазири нақлиёт гуфт, дар мавзеи Майхӯра барфи зиёд боридааст ва мошинҳо бидуни занҷиру дигар васоил наметавонанад ҳаракат кунанд.
Аммо Соҳибназар Беков, як ронандаи таксӣ, гуфт, дар "Старекс"-и ӯ занону кӯдакон ҳастанд, ки аз ҳавои сард азият мекашанд. Вай афзуд, аз соати 11-и шаб ба ин тараф бисёр мошинҳо дармондаанд ва пушти сариҳам мунтазири боз шудани роҳ буданд. Аммо ҳайати мутахасисони Вазорати нақлиёт, ки дар маҳаллаи Майхӯра - мавзеи пурбарфтарини шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд қарор доранд, мегӯянд, тамоми талошашон рӯи ин аст, ки роҳ ҳамеша боз бошад.
Нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро, ки маркази Тоҷикистон бо шимоли кишвар мепайвандад, чанд сол пеш ширкати Инноватив Роуд Солюшнз ба уҳда гирифт. Ронандаҳо ҳоло барои убури ин роҳ вобаста ба андоза ва вазни мошини худ ҳаққи роҳ месупоранд.