Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шонздаҳ сол бе Искандари Хатлонӣ. АКСУ ВИДЕО


Акси Искандари Хатлонӣ
Акси Искандари Хатлонӣ

Баъди 16 соли қатли шоир ва рӯзноманигори тоҷик Искандари Хатлонӣ, зодрӯзаш дар хонаи волидонаш хоксорона бо ҷамъи хонавода таҷлил карда шуд. Хонаводаи Искандари Хатлонӣ мегӯянд, агар умр вафо мекард, имрӯз ӯ ба синни 63 қадам мемонд.

Модари Искандари Хатлонӣ мегӯяд, зодрӯзи писараш ҳар сол 12 октябр дар ҳалқаи хонавода таҷлил мешавад.

Аммо Искандари Хатлонӣ рӯзи 21 сентябри соли 2000 дар манзилаш дар Маскав ба қатл расонда шуд. То кунун омилони қатли шоири тозагӯ ва хабарнигоре хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би-би-сӣ гузориш медод, пайдо ва муҷозот нашудааст.

Ниҳолбӣ Носирова
Ниҳолбӣ Носирова

Ниҳолбӣ Носирова, модари Искандари Хатлонӣ, рӯзи 12 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш бори охир ба зодгоҳ ҳамроҳи ҳамсараш соли 1999 омода буд, аммо баъди як сол хабари шумро ба онҳо расонданд. Ӯ мегӯяд, то ду соли пеш бовар надошт, ки фарзандаш кушта шудааст. "Соли 1999 ба хона омад. Чанд моҳ истод ва деворҳои гирду атрофи онро маҳкам кард ва баъдан боз ба Маскав баргашт. Баъди як соли рафтанаш моҳи сентябри соли 2000 ба мо хабари шумро расонданд. Аммо бовар намекардам. Аз писарам як духтар Анӯша боқи мондааст ва ӯ дар Маскав аст ва баъди фавти падар дигар ӯро низ надидам", - гуфт Ниҳолбӣ Носирова.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Модари Искандари Хатлонӣ: "Хуршеди ховар ояд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст, ки 12 октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе давом дод.

Аммо меҳру муҳаббат ба фарҳангу адаб ва шеъру шоирӣ, ӯро ба Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав овард ва ин амр таҳаввулоте дар ҳаёти минбаъдаи ӯ ворид кард. Нахустин шеърҳои вай ҳанӯз дар айёми мактаби миёна дар охири даҳаи 1960 ва аввалҳои даҳаи 1970 дар матбуоти шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Тоҷикистон чоп шудааст.

Аксҳои бештар аз ҷавониҳои Искандари Хатлонӣ:

Ниҳолбӣ Носирова дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки Идихӯҷа Саидов – падари Искандари Хатлонӣ – баъди фавти писараш бештар шеърҳои ӯро қироат ва ҳамеша китобҳои ӯро мутолиа мекард. Хонум Носирова гуфт, шавҳараш аз мутолиаи бисёр қувваи биноии чашмашро аз даст дод ва соли 2010 аз олам рафт.

"... Хуршеди ховар ояд,

Як села кафтар ояд,

Нури ду чашми модар,

Искандар аз дар ояд."

Ҳавлии модари Искандари Хатлонӣ
Ҳавлии модари Искандари Хатлонӣ

Ин пораи шеъриест, ки 16 сол боз модари Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигори тоҷик замзама мекунад. Модар мегӯяд, замоне ки ин шеърро мехонад, дар пеши чашмаш чунин менамояд, ки фарзандаш дарро мекӯбаду ба назди ӯ меояд. Модари 81-солаи Искандари Хатлонӣ гуфт, писараш бо ӯ ва дигар аҳли хонавода ҳамеша бо шеър сӯҳбат мекард ва мактубҳояш низ шеъргуна иншо мешуданд. Барои мисол, модараш чунин сатрҳоро ба хотир овард:

"Бачам боша, ай ҳолакум бохабарай,

Аммо чӣ кунум, ки дар шаҳри дигарай.

Ин чор мисраъ буд, ду мисраашро фаромӯш кардам. Дар хизмат буд ва инро момааш мегуфт, ки навишта равон кун. Дар хат навиштам, ки ин байти бибии Сафармоҳат аст, Искандарҷон. Дар ҷавоби ҳамин шеър ба момааш навишт:

Эй момаи ҷон баракати хонаи мо,

Савту ғазалу суруду афсонаи мо,

Дар хонаи мо давлати бисёр туӣ, ту,

Як донаи мо, донаи дурдонаи мо."

Ниҳолбӣ Носирова
Ниҳолбӣ Носирова

Ниҳолбӣ Носирова, модари Искандари Хатлонӣ шоир ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик мегӯяд, зодрӯзи писараш ҳар сол ба таърихи 12 октябр дар ҳалқаи хонавода таҷлил мешавад ва гаҳ-гоҳе дӯстонаш ба суроғи ӯ меоянд ва аз ҳолаш мепурсанд. Бештари касоне, ки Искандари Хатлониро медонанд, мегӯянд, вай шахси пуркоре будааст. Зеро ба гуфтаи ин ашхос, Хатлонӣ аз нахустин тоҷике дар Маскав будааст, ки сайти хусусии хешро дар шабакаи ҷаҳонии Интернет боз кард. Ҳамчунин, ба ибтикори шахсии Искандари Хатлонӣ маҷаллаи форсии «Мужда» дар Русия интишор гардид, ки нахустин расона бо ҳуруфӣ арабиасос буд.

Аз сӯи дигар бо он ки саҳми Искандар дар таҳия ва тарҷумаи осори шоирону нависандагони тоҷик дар Маскав муҳим дониста мешавад, ҳамзамон баргузории маҳфилҳо ва шабнишиниҳои адибони тоҷик бо ташаббусси вай сурат гирифтааст. Бахусус, маҳфили ёдбуди шодравон Лоиқ Шералӣ - шоири саршиноси тоҷик дар Маскав дар 11 августи соли 2000 охирин иқдоми Искандари Хатлонӣ қабл аз маргаш буд.

Искандари Хатлонӣ
Искандари Хатлонӣ

Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмӯаи шеърӣ, назири «Парвоз» (1981), «Шукуфа» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1988) ва «Кушоиш» рӯи чоп омадааст. Аммо Искандар шеърҳои дигаре низ гуфтааст, ки то ба ҳол дар як маҷмӯа гирдоварӣ нашудаанд. Алишер Идизода, бародари Искандар, ду сол пеш маҷмӯаи нав, ки ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия карда ва дар нашриёти «Адиб» чоп намуд.

XS
SM
MD
LG