Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муфти Юганска" ва 5 тан аз шариконаш дар Хуҷанд зиндонӣ шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи Хуҷанд се нафарро ба иттиҳоми пайравӣ аз равияи салафия ва се нафари дигарро барои хабар надодан гунаҳкор донист ва ба ҳабс маҳкум кард. Ҳеҷ кадоме аз онҳо саводи динӣ надошта, тавассути шабакаи ҷаҳонӣ бо ақидаҳои равияи салафӣ ошноӣ пайдо кардаанд ва яке аз онҳо дар шабакаи ҷаҳонӣ ба худ тахаллуси “муфти Юганска” (Муфтии шаҳри Югански Русия)-ро муносиб донистааст.

Муҳиддин Мирзоев, Хайрулло Исмоилов, Ҳасан Ҷабборов бо қарори додгоҳ ба 5 сол зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш сахт ва Наимҷон Тошматов, Шероз Ҷӯраев ва Абдушукур Холиқов ба 6 моҳ дар маҳбаси дорои низоми умумӣ, маҳкум шуданд. Додгоҳ сеи аввалро барои “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” ва дигаронро "барои хабар" ба мақомот, айбдор эълон кард.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон 8 январи соли 2009 бо ҳалномаҳои худ фаъолияти пайравони равияи динии Салафияро “ғайриқонунӣ” номида, дар қаламрави кишвар манъ кард.

Ин ҳукми додгоҳ ҳанӯз нерӯи қонунӣ нагирифта, маҳкумшудагон ҳақ доштаанд бозбинии парванда дар зинаи болоии додгоҳиро талаб кунанд. Як манбаи наздик ба бозбинии парвандаи ин афрод ба шарти ошкор накардани номаш гуфт, ки ба ақидаи равияи салафия гароидани се нафари маҳкумшуда ба ҳабс, ба номи яке аз онҳо -- Муҳиддин Мирзоев рабт мегирад. Ӯ 37-сола, оиладор ва соҳиби се фарзанд аст. Танҳо маълумоти миёна дорад ва устои автомобил аст ва аз пайи ҳамин касб рӯзии хонаводаашро фароҳам мекардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ӯро бародараш, ки дар Арабистони Саъдӣ будубош дорад, тавассути барномаи интернетии “Вотс Ап” тахминан дар соли 2011 ақидаҳои салафиро омӯзондааст. Сипас худи Муҳиддин Мирзоев низ аз соли 2012 ба таблиғи ақидаи ин равияи динӣ мепардозад ва дар масҷид, чойхонаву ошхонаҳо ва варзишгоҳҳо дигаронро барои қабул кардани ақидаи салафия даъват мекунад. Ду ҳамроҳи зиндонишудааш бо даъвати ӯ ақидаҳои салафиро қабул кардаанд.

Се рафиқи онҳо, ки ақидаи салафияро напазируфтав, вале дар масҷид ба тарзи салафӣ адо кардани намозгузории онҳоро медиданд, ҷазои сабуктари 6 моҳи ҳабс гирифтанд. Ихтиёр Шодиев, вакили дифои Хайрулло Исмоилов гуфт, ки зерҳимояаш дар додгоҳ аз кардааш изҳори пушаймонӣ кард. “Ӯ хато будани ин роҳро нафаҳмида, ба он дохил шудааст.” - афзуд вай.

Хайрулло Исмоилов 35-сола буда, маълумоти олӣ дорад ва “муаллими математика” аст. Ӯ се фарзанд доштааст. Вале вакили дифои ӯ мегӯяд, зерҳимояаш аз рӯи ихтисоси дипломии худ боре кор накардааст ва ба таъмиру тармими хонаҳои мардум машғул буд ва аз ин роҳ зиндагии аҳли оилаашро пеш бурд.

Ин 6 нафар аз 26 то 37 сола буда, 2 - 3 фарзанди доранд. Се нафари онҳо маълумоти олӣ доранд ва сеи дигар миёна. Аммо танҳо Наимҷон Тошматов, ки хатмкардаи Донишгоҳ ва соҳиби ихтисоси “технолог - соҳибкор”аст, ба ҳайси соҳибкор фаъолият ва ҷои кори доимӣ доштааст. Дигарон ҷои корӣ доимӣ надошта, муқобили номи онҳо дар парванда “бекор” ва “муваққатан бекор” навишта шудааст.

Додгоҳи Хуҷанд дар моҳи декабр беш аз 10 сокин, ба шумули Абдумалик Саломов, ҷароҳи маъруфи қалбро бо ҷурми пайравӣ аз салафия паси панҷараи зиндон фиристод.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон 8 январи соли 2009 бо ҳалномаҳои худ фаъолияти пайравони равияи динии Салафияро “ғайриқонунӣ” номида, дар қаламрави кишвар манъ кард. Сипас додгоҳ 8 декабри 2014 салафияро “иттиҳоди экстремистӣ” эълон намуд.

XS
SM
MD
LG