Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 нафар ҳангоми боздошти як рӯҳонӣ


Бино ба хабарҳо, дар даргирии байни тазоҳургарон ва пулиси Озарбойҷон, дар шаҳраки Нордорон дар канори Боку дастикам 6 нафар кушта шудаанд.

Амалиёти боздошти рӯҳонии маҳаллӣ Толеъ Боғирзода дар шаҳраки Нордорон дар канори пойтахти Озарбойҷон, шаҳри Боку мунҷар ба задухӯрдҳо байни тарафдорони ин рӯҳонӣ ва нирӯҳои пулис шудааст.

Бино ба хабарҳои расида, дар ин задухӯрдҳои рӯзи 26 ноябр дастикам 6 нафар аз ду тараф кушта шудаанд. Дар изҳороти муштараки вазорати умури дохила ва додситонии кулли Озарбойҷон гуфта мешавад, ки 4 тан аз кушташудаҳо “узви гурӯҳи ҷиноӣ” ва ду тани дигар афсарони пулис мебошанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ҳангоми боздошт тарафдорони Боғирзода муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, ки сабаби даст ба оташи ҷавобӣ кушодани маъмурони пулис шуд.

Дар идомаи изҳорот омадааст, мақомот маълумоте ба даст оварданд, ки як гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноӣ таҳти ниқоби мазҳаб мехоҳад бо роҳандозии иғвоҳо, бетартибиҳои оммавӣ ва ҳатто амалҳои террористӣ суботи сиёсиву иҷтимоиро дар Озарбойҷон ба ҳам занад. Амалиёти Нордорон, бино ба ин изҳороти расмӣ, ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳамин гурӯҳи мусаллаҳ созмон дода шуд ва дар ҷараёни он, ба гуфтаи мақомоти Озарбойҷон, теъдоди зиёди силоҳу муҳимот низ мусодира шудааст.

Дар изҳорот Толеъ Боғирзода ва пайравонаш - Элман Агаев, Зулфуқор Микоилов ва Абулфаз Бунятов ба қасди ташкили созмоне бо номи "Иттиҳоди мусулмонон" бо ҳадафи зӯран тағйир додани сохти конститутсионии Озарбойҷон ва таъсиси давлати исломии мабнӣ бар меъёрҳои Шариат айбдор мешаванд. Гуфта мешавад, ки онҳо ба ин мақсад алакай аз ҳисоби тарафдорони худ гурӯҳҳои мусаллаҳ сохта будан ва дар масҷиди Нордорон масъалаи ташкили исёни мардум дар Озарбойҷонро баррасӣ мекарданд.

Бахши озарии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки дар пайи задухӯрдҳои хунин сокинони Нордорон дигарбора дар майдони Имом Ҳусейни ин минтақа ҷамъ мешаванд ва таронаҳои мазҳабӣ мехонанд.

Таҷаммӯи мардум дар майдони Имом Ҳусейн дар Нордорони Боку
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:15 0:00

Пулиси Озарбойҷон мегӯяд, дар робита ба ҳодисаҳои Нордорон 14 нафарро дастгир кардааст.

Қаблан шабакаи телевизионии ANS бо такя ба шоҳидони ҳодиса аз ҳалокати 8 нафар хабар дода буд. Гуфта мешавад, задухӯрди байни нирӯҳои пулис ва тарафдорони Толеъ Боғирзода бо истифода аз автомату норинҷакҳо дар назди масҷид рух додааст.

Хабаргузории озарии Тӯрон гузориш дод, ки пулис рӯзи 26 ноябр амалиёти боздошти Толеъ Боғирзодаро баргузор мекард, вале байни нирӯҳои пулис ва тарафдорони ин рӯҳонӣ даргирӣ рух дод. Бино бар ин манбаъ, ба тарафи нирӯҳои пулис аз байни издиҳом норинҷак ҳаво додаанд.

Дар бораи макони будубоши Толеъ Боғирзода иттилои расмие ҳанӯз нест. Гуфта мешавад, ки ӯ ва чанд тани дигар аз пайравони наздикаш ғолибан дастгир шудаанд.

Толеъ Боғирзода
Толеъ Боғирзода

Толеъ Боғирзода як рӯҳонии ҷавони 31-сола аст, ки дар Қуми Эрон таҳсил кардааст. Боғирзода раҳбари созмони мазҳабие бо номи "Ваҳдати мусалмонон" аст. Боғирзода ибтидо донишгоҳи иқтисодии Озарбойҷонро хатм карда, солҳои 2005 - 2010 дар Қуми Эрон ва солҳои 2010 - 2011 дар Наҷафи Ироқ таҳсили мазҳабӣ кардааст.

Ӯ дар моҳи марти соли 2013 аз сӯи додгоҳи ноҳияи Собунчӣ бо ҷурми нигоҳ доштани маводи мухаддир ба 2 соли зиндон маҳкум шуда, тоза дар моҳи июли соли равон аз маҳбас раҳо ёфта буд.

Илҳом Исмоил, таҳлилгари масоили амниятии Озарбойҷон мегӯяд, албатта, иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир як баҳона буд ва дар асли ӯро барои мавъизаҳои тундравонааш маҳкум карда буданд. Боғирзода бо интиқоди тундаш аз раҳбарони кунунии Озарбойҷон маъруф буд.

Илҳом Исмоил мегӯяд, Толеъ Боғирзода баъди раҳоияш аз зиндон ҳам ором нанишаст ва бахусус дар ин моҳи Муҳаррам, ки Рӯзи Ошӯро - як маросими умдаи мазҳаби шиъа ба ҳамин роҳ рост меояд, хеле фаъол шуд: "Дар даъватҳои охираш Боғирзода хеле ошкоро ба таъсиси низоми шариатӣ дар Озарбойҷон даъват мекард ва сиёсати ҳукумати кунуниро пур аз куфр меномид. Маълум буд, ки мақомот ӯро дер ё зуд дубора хоҳанд гирифт. Инки амалиёти боздошти ин рӯҳонии пуртарафдор дар Нордорон чӣ гуна сурат гирифт, масъалаи дигар аст."

Илҳом Исмоил мегӯяд, мақомоти Озарбойҷон дар солҳои охир мухолифини дунявиро комилан саркӯб кард ва ба ҳошия ронд ва ҳоло дар мисоли Нордорон меваи ҳамон сиёсаташро чашида истодааст: "Ҷои холишуда баъди рондани ҳизбҳои дунявиро кӣ пур кард? Ваҳҳобиёне, ки Арабистони Саудӣ тарбия додааст, ваё рӯҳониёни шиъа, ба мисли Толеъ Боғирзода, ки дар Эрон таълим гирифтаанд. Мақомот имрӯз метавонанд ошӯби тарафдорони Боғирзодаро дар Нордорон хомӯш кунанд, вале ин ҷини ифротгароии мазҳабӣ дар Озарбойҷон алакай аз шиша берун шудааст. Ва имрӯз дар Нордорон ва фардо ба ҳамин сурат дар як гӯшаи дигари кишвар метавонад аз худ дарак бидиҳад. Аз ҷумла бо чунин даргириҳои, мутаассифона, хунин."

​Сомонаи Islamazeri.az хабар дод, ки амалиёти боздошти Боғирзодаро дар соати баргузории намози пешин доир кардаанд, ки ин боиси норозигии намозгузорон шудааст.

Сокинони шаҳраки Нордорон бо мизони баланди эътиқоди мазҳабиашон фарқ мекунанд.

Хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки пулис атрофи бемористони рақами 3 дар шаҳраки Собунчиро печондааст ва касеро ба дарун роҳ намедиҳад.

XS
SM
MD
LG