Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон ба "Зелло" чӣ мегуфтанд?


Додситонии вилояти Хатлон алайҳи 6 тоҷири маҳаллӣ ба иттиҳоми барангехтани кинаву адоват парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Додситонии вилояти Хатлон нисбат ба 6 тоҷири маҳаллӣ бо иттиҳоми танқиди ҳукумат аз тариқи шабакаи радиои интернетии "Зелло" ва барангехтани кинаву адоват айб эълон кардааст. Ба гуфтаи мақомот, ин афрод гӯё зери раҳбарии Фарҳод Ҳайитов, сокини 36-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар бозори марказии ин ноҳия ба тиҷорат машғул будааст, аз тариқи як шабакаи радиои интернетӣ зидди ҳукумати кунунӣ ташвиқот мебурдаанд.Тавре аз додситонии вилояти Хатлон рӯзи 1 апрел ба Озодӣ хабар доданд, Фарҳод Ҳайитов ҳамроҳ бо Некрӯз Ҷумъаев, Фарҳод Меликов, Сафаралӣ Саидбеков, Ҷасур Рашидов ва Маҳмадкарим Алиев дар аввали моҳи феврал пас аз он боздошт шуданд, ки имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Ҷомиро дар миёни омма ба муҳокима кашида, ӯро таҳқир кардаанд.

Баъдан, тафтишот маълум кардааст, ки Фарҳод Ҳайитов бо ҳамроҳонаш фурсатҳои холии худро дар радиои интернетии "Зелло" гузаронида, аз мардум даъват мекардаанд, то зидди ҳукумати қонунӣ бархезанд.

Ҳоло ин ҷавонон бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 307, нишонаи 1, қисми 2 (даъвати оммавии фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз шабакаи интернет) ва моддаи 307, нишонаи 3 (ташкили иттиҳоди экстремистӣ такроран ва ё бо истифодаи мақоми хизматӣ) айбдор мешаванд.

"Тафтишот маълум кард, ки инҳо миёни худ тариқи барномаи Вотсап наворҳоро миёни ҳам ирсол намуда, баъдан онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой кардаанд. Баъдан, дар шабакаи радиои "Зелло" ҳукуматро танқид карда, аз дигарон даъват мекардаанд, то ба қонунҳои ҷорӣ итоат накунанд. Дар маҳалли корашон низ атрофиёнро ба чунин корҳо ташвиқ мекарданд. Даҳҳо шоҳид нисбаташон шоҳидӣ дода, инчунин сабти сӯҳбату наворҳои нашркардаашон ҳамчун далел ҷамъ оварда шуд," - гуфт ҳамсӯҳбати мо аз додситонӣ.

Аммо Шералӣ Ҳайитов, бародари Фарҳод Ҳайитов, аз тоҷири боздоштшуда "як қурбонӣ" ном бурд. Ӯ рӯзи 1 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "бародарам дар бозор телефони мобил ва флешка мефурӯхт ва баъзан вақт дар ивази пул ба сокинон истифода аз интернетро фароҳам меовард. Касе аз ин интернету дастгоҳи ӯ истифода бурдааст ва ҳоло чормағз болои сари ӯ мешиканад."

Шералӣ гуфт, ки Фарҳод Ҳайитов як кӯдак дорад ва аз замони боздошташ то кунун бо вай сӯҳбат накардаанд. "Даъвои дигар дар бораи ин ки гӯё дар баҳс бо мулло ӯро таҳқир кардааст, низ аз нигоҳи мо нодуруст аст. Дар ҳоле ки ӯ чанд муддат боз намоз намехонд ва аслан дар чунин баҳсҳо даъво намекард. Баръакс, бо ҳамон мулло саломуалейк дошт ва аз замони боздошташ ин рӯҳонӣ аз мо мегурезад."

Эълони айб нисбат ба тоҷирон бо чунин ҷурм дар Тоҷикистон бори аввал нест.

Коршиносон мегӯянд, гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ ва ифротӣ талош мекунанд, то пеш аз ҳама тоҷиронро ба тарафи худ ҷалб кунанд. ​Ҷаҳонгир Шоев, устоди таърихи ислом дар яке аз мактабҳои вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ифротикунонии сокинон дар Тоҷикистон аз тоҷирон оғоз шудааст.

Ӯ мегӯяд: "Як тоҷиреро мешинохтам, ки аз Туркия мол ворид мекард. Соли 2007 якбора ӯ мазҳабӣ шуд ва кам-кам дар ӯ ақидаҳои ифротӣ пайдо шуд. Онҳое, ки молу маҳсулоташро мефурӯхтанд, занҳояш ҳиҷоб ба бар карданд ва мардҳояш риш гузоштанд. Соли 2014 мақомот ӯро боздошт кард. Аз мушоҳидаҳое, ки ман кардам ба ин натиҷа расидам, ки ақидаҳои ифротӣ аввал дар бозорҳои мо пайдо шуд. Гурӯҳҳои ташвиқгар тоҷиронро нахуст ба дом афтонданд, зеро медонистанд, ки як нафари пулдор ҳатман даҳ нафаре дорад, ки ба ҳарфаш гӯш кунад. Бозорҳои мо ҷои тарғиби ифротгароӣ шуд ва мутаассифона, ин то ҳол ҳам мушоҳида мешавад.

Тоҷикистон ифротгароиро хатари ҷиддӣ ба амнияти худ медонад. Ҳар сол даҳҳо нафар дар Тоҷикистон бо гумони ифротгароӣ боздошт ва зиндонӣ мешаванд. Дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон наздик ба 100 нафар бо иттиҳоми салафигароӣ боздошт шудаанд. Ин боздоштҳо дар ҳоле бештар мешаванд, ки тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат меварзанд. Мақомот бар ин назаранд, ки онҳо дар пайи таблиғи гурӯҳҳои ифротӣ ба ин роҳ рафтаанд.

XS
SM
MD
LG