Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули табобати Шӯҳрати панҷсола ҷамъ шудааст


Шӯҳрат Хоҷаев дар бемористон
Шӯҳрат Хоҷаев дар бемористон

Созмонҳои хайрияи Русия пули лозим барои идомаи табобати Шӯҳрат Хоҷаеви 5-соларо ҷамъ овардаанд. Табобати ин кӯдаки тоҷик дар Маскав то моҳи декабр давом хоҳад кард.

Созмонҳои хайрияи Русия пулеро, ки барои идомаи табобати Шӯҳрат Хоҷаев намерасид, ҷамъ овардаанд. Шӯҳрати 5-сола дар Маркази табобати бемориҳои саратони ба номи Блохин дар минтақаи Каширкаи шаҳри Маскав аз моҳи декабр ба ин тараф аз саратони мушакҳо табобат мегирад.

Наталя Зайтсева, намояндаи сандуқи хайрияи “Голфстрим”, ки барои ҷамъоварии 300 000 рубл, муодили қариб 6000 доллар, пули лозим барои таъмини молии давраи нӯҳуми химиотерапияи ин кӯдаки ранҷур дар сомонааш маъракаи вижаеро ба роҳ андохта буд, рӯзи 20 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҷамъ шудани ин маблағ маъракаи онҳо ба поён расид:

“Мо исми Шӯҳратро аз рӯйхати кӯдакони маризи мӯҳтоҷи кӯмаки оҷил дар сомонаамон гирифтем, чунки рӯзи ҷумъа, 17 июл аз тариқи шабакаи РБК як нафар 50 000 рубл гузарондааст. Ин қариб 4000 рубл бештар аз пулест, ки барои таъмини идомаи табобати ин кӯдак аз Тоҷикистон намерасид.”

Радиои Озодӣ дар бораи ба кумак эҳтиёҷ доштани Шӯҳрат Хоҷаев рӯзи 17 июл гузориш дода буд. Наталя Зайтсева гуфт, азбаски Шӯҳрату волидонаш аз Тоҷикистон барои табобат омада буданд ва суғуртаи тиббии Русияро надоранд, тамоми табобати ӯ пулакӣ анҷом мешуд ва он ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, “табобати саратон харҷи хеле зиёд дорад ва пӯшондани хароҷоташ берун аз тавони як хонавода аст. Хусусан хонаводае ки дар Маскав на манзил дорад ва на ҷои кор.”

Шӯҳрат Хоҷаев ҳамроҳи падару модараш аз Хуҷанд омадааст. Модари ӯ Назокат Хоҷаева рӯзи 20 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Давраи сахташ гузашт ва аз ин ба баъдаш бояд сабуктар шавад. Химиотерапияҳо, ки аз ҳама марҳалаи пурхарҷи табобати Шӯҳрат буд, тамом шуд, вале мо бояд то моҳи декабр инҷо бимонем ва зери назорати духтуронаш боз 7 давраи дигари табобати ӯро, ки асосан барои барқароркунии саломатии ӯ баъди химиотерапия аст, гузаронем.”

Ӯ мегӯяд, пули давраи нӯҳуми химиотерапияи Шӯҳратро сануқи хайрияи “Голфстрим” ҷамъ овард, пули дорувори ӯро, ки низ хеле гарон аст, сандуқи хайрияи “Подари жизнь”-и ҳунарпешаи маъруфи театру синамои Русия Чулпан Хаматова бар дӯш гирифтааст: “Як созмони дигари савобҷӯ пули иҷораи манзили моро, ки ҳар моҳ 35 000 рубл аст,

пардохт кард. Мо наметавонистем фақат як ҳуҷра иҷора бигирем, чунки Шӯҳрат бояд шароити хос дошта бошад ва барои барбод нарафтани натиҷаҳои табобаташ бояд бо атрофиён тамос надошта бошад.”

Созмонҳои хайрия мегӯянд, бо вуҷуди ҷамъ шудани пули давраи нӯҳуми химиотерапияи Шӯҳрат Хоҷаев, хонаводаи ӯ барои идомаи табобаташ боз ҳам ба кӯмак ниёз доранд. Назокат Хоҷаева мегӯяд, онҳо ҳар ҳафта бояд 3 дафъа барои назорат ба Маркази Каширка бираванд ва ҳар дафъа барои такси 2000 рубл сарф мекунанд: “Тибқи тавсияи табибон, Шӯҳрат набояд бо метрову автобус ё дигар навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ равуо кунад. Мо маҷбурем такси бигирем ҳар дафъа ва ин барои мо, ки ҳама дороии доштаамонро аллакай барои таъмини табобати фарзандонамон сарф кардем, хеле сахт аст.

Шавҳарам низ ба далели масъалаи патенту сабти ном коре пайдо карда наметавонад. Ва наметавонад ҳам, чунки рӯзи дароз машғули даводав барои таҳияи санадҳои табобати Шӯҳрат, харидории дорувор ва масъалаҳои дигарест, ки ман, мутаассифона, худам наметавонам анҷом диҳам.” Аммо Шавкат Хоҷаев, падари Шӯҳрат дар посух ба ин суоли Озодӣ, ки оё барои идомаи табобати фарзандашон ба чӣ кӯмаке ниёз доранд, шикастанафсона гуфт: “Ташаккури зиёд, ҳама чиз мерасад. Созмонҳои хайрия кӯмак мекунанд, доруворашро ба ӯҳда гирифтаанд, дигар чизе бештар аз ин ба мо лозим нест.”

Шавкат ва Назокат Хоҷаевҳо, ки аз моҳи декабри соли 2017, инак 8 моҳ боз ҳамроҳ бо ин писари хурдиашон дар Маскав ба сар мебаранд, ду фарзанди калонии худро дар Хуҷанд гузоштаанд. Шӯҳрат гирифтори дараҷаи чоруми саратони рабдомиосаркома (саратони мушакҳо) буда, маризӣ аллакай ба шуши ӯ низ таъсир кардааст. Табибон мегӯянд, дар Тоҷикистон ба ин кӯдак саривақт ташхиси дуруст дода натавонистаанд ва ин боиси чунин бад шудани ҳоли ӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG