Бозии байнулмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Беларус бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби бузурги 5:0 анҷом ёфт. Ин бозӣ рӯзи 20-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.
Нимаи аввали дидор бе гол хотима ёфт. Нимаи дуюми бозӣ пурра бо бартарии футболбозони Беларус сурат гирифт ва онҳо ба дарвозаи тими миллии Тоҷикистон панҷ голи беҷавоб заданд. Ду голро Виталий Лисакович ба самар расонд. Трофим Мелниченко, Евгений Яблонский ва Артём Консевой якголӣ заданд.
Дарвозаи тими миллии Тоҷикистонро Олег Баклов, легионер аз бошгоҳи "Уфа"-и Русия, ҳимоя кард ва панҷ гол сар дод.
Дарвозабони асосии тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов бинобар ҷароҳат бардоштанаш дар ҳайати дастаи хеш, “Ростов”-и Русия, дар бозиҳои мунтахаби кишвар муқобили тимҳои яккачини Беларус ва Тимори Шарқӣ иштирок намекунад.
Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Беларусро ҳайати доварон аз Узбекистон ҳакамӣ кард. Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Рустам Лутфуллин довари марказӣ буд.
Ин бозии дуюми дӯстонаи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Беларус ба шумор мерафт. Дар бозии аввал низ беларусҳо соли 2014 дар шаҳри Минск бо ҳисоби бузурги 6:1 пирӯз шуда буданд.
Бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус дар Душанбе барои тими миллии Тоҷикистон зери раҳбарии Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, марҳилаи омодагӣ ба нахустин бозии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ буд, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад.
Мунтахаби Беларус бошад, бо роҳбарии Карлос Алос Феррери испанӣ, ки аз моҳи августи соли 2023 вазифаи сармураббии дастаро ба зимма дорад, ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 омодагӣ мебинад.
Футболбозони беларус дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Юнон ва Шотландия рақобат мекунанд. Аввалин бозии мунтахаби Беларус 5-уми сентябри соли равон дар меҳмонӣ бо тими миллии Юнон доир мегардад.
Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA мунтахаби Беларус бо 1226,31 имтиёз дар ҷойи 98-ум ва Тоҷикистон бо 1203,08 имтиёз дар зинаи 104-ум қарор доранд.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон – Беларус – 0:5
Голҳо: 0:1 — В.Лисакович (64), 0:2 — Мелниченко (73), 0:3 — Яблонский (84), 0:4 — В.Лисакович (86), 0:5 — Консевой (90+1).
Тоҷикистон: Олег Баклов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Аҳтам Назаров (капитан, Табрез Исломов, 73), Манучеҳр Сафаров (Содиқҷон Қурбонов, 78), Амирбек Ҷӯрабоев, Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 63), Алишер Ҷалилов (Манучеҳр Ҷалилов, 63), Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 46).
Беларус: Павлюченко, Пигас, Пархоменко, Забелин, Пришепа (Печенин, 73), Бочеров, Демченко (Яблонский, 73), Зинович (Консевой, 46), Громико (капитан) (Эбонг, 61), Барковский (Мелниченко, 61), Шуманский (В.Лисакович, 61).
Корти зард: Зинович (21), Шуманский (54), В.Лисакович (75).
Сардовар: Рустам Лутфуллин (Узбекистон).
20-уми март. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 6300 тамошобин.